kamarДодгоҳи шаҳри Хуҷанд парвандаи маъмурӣ алайҳи Қамари Аҳрор – хабарнигори маҳаллии Оҷонси иттилооти “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ”-ро ба далели комил набуданаш баргардондааст.

Ин парванда дар заминаи шикояти Зафар Суфиев, муовини сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд, боз шуда, дар он Қамари Аҳрор “барои итоат накардан ба амри пулис” муттаҳам мешуд


Вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, маводи пешниҳодкардаи Шуъбаи умури дохилӣ ба додгоҳ барои муайян кардани гунаҳкории нафари таҳти ҳимояташ кофӣ набудаанд. “Чунин амали додрас дар асоси дархости мо сурат гирифт. Бо маводи парвандаи маъмурӣ шинос шуда, муайян кардам, ки ҳангоми тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳаққи Қамари Аҳрор поймол гардидааст. Ба хабарнигор нусхаи қарор дар бораи оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва протоколи онро надода, ӯро бо маводи парванда низ ошно накардаанд”,-афзуд ӯ.

Хонум Воҳидова дар идома гуфт, онҳо рӯзи душанбеи 18 август бо навиштани ариза аз додгоҳ қатъи парвандаи маъмурӣ алайҳи Қамари Аҳрорро хоҳанд хост. Зеро, ба гуфтаи ӯ, “айбномаи мақомоти умури дохилии Хуҷанд алайҳи хабарнигори тоҷик бидуни асос буда, баръакс, онҳо ба иҷрои фаъолияти касбии Қамари Аҳрор монеъ шудаанд”.

Қамари Аҳрор шоми 6 августи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулиси шаҳри Хуҷанд боздошт шуда, баъд аз навиштани як баёнот озод гардид. Аҳрор он замон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ӯ дар ҳоле боздошт гардид, ки ҷараёни мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти ҷоизаи ба номи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ --Исмоил Ҳамзаалиев дар Хуҷандро наворбардорӣ мекард. 

Қамари Аҳрор яке аз хабарнигорони фаъол дар минтақаи шимоли Тоҷикистон аст, ки дар гузашта дар Радиои Озодӣ, Радиои Имрӯз ва нашрияи “Фараж” ҳам кор кардааст. Тайи як соли охир ӯ ба ҳайси хабарнигори Оҷонси иттилоотии Тоҷнюз ва ҳафтаномаи Нигоҳ дар Хуҷанд кор мекунад.

ozodagon. com

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер