rajabМараимов Раҷабалӣ Мирзоевич, ки бо номи Раҷаби Мирзо маълуму машҳур аст,  10 августи соли 1973 дар хоҷагии ба номи Ленин (ҳоло ба номи Рўдакӣ)-и ноҳияи Восеъ дида ба олам кушодааст.  Мактаби миёнаи рақами 7 ноҳияро бо медали нуқра хатм кардааст.

Журналисти маъруф  Сафват Бурҳонов мегӯяд дар хонадоне, ки Раҷаб ба воя расидааст, бояд ин гуна шахсияте камол меёфт. “Бо амри тақдир ва дӯстӣ хонаводаи Раҷабро мешиносам. Падари азизашро мешинохтам. Ёдашон ба хайр! Модаре дорад, ки саропо меҳр. Ҳама хонаводааш аз хурд то бузург нури меҳр мепошанд. Вақте одам дар чунин муҳити солими пур аз меҳр зиндагӣ мекунад, ҳич сахту сусти зиндагӣ барояш таъсиргузор намешавад”.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1997 баъди анҷоми таҳсил дар факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  аз нашрияи «Сурўш» оғоз намуда, баъдан дар нашрияҳои   «Восточный экспресс» (солҳои  1998 -1999) ба сифати хабарнигор, «Ҷумҳурият» (солҳои 1999 -2002, хабарнигор, мухбири махсус ва мудири шўъба), директори Маркази хабарии «Чархи гардун» (2002-2003), нашрияи «Нерўи сухан» (соли 2003, мудири шўъбаи итиллоот ва сиёсат) кор кардааст.

Муассиси ҳафтаномаи “Рӯзи нав” аст, ки каме бештар аз як сол, аз 7 августи соли 2003 то 25 августи соли 2004  ба нашр расид. Дар замони худ аз камтарин нашрияҳои кишвар буд, ки мушкил ва дарди мардумро хеле урёну бепарда мегуфт, парда аз асрор мекушод ва хеле аз масоили муҳимро матраҳ намуд, ки кам касон ҷуръат доштанд онро ба саҳифаи газета кашанд.

Бо фишори мақомот чопхонаҳои Тоҷикистон аз интишори он даст кашиданд. Муассисонаш талош карданд дар хориҷ онро ба чоп расонанд ва  њатто моҳи ноябри соли 2004  як шумораи онро дар Бишкек интишор доданд. Вале ҳини интиқолаш ба пойтахт дар фурудгоҳи Душанбе мусодира шуд.

Раҷаби Мирзо мегӯяд то кунун санаде дар даст надорад, ки “Рӯзи нав” баста шуда бошад, балки чопи он ба иллатҳои гуногун мутаваққиф шудааст, чун рӯзномаро танҳо дар се ҳолат: қарори муассис, ҳукми суд ё аз нав ташкил додани он метавон баста эълон кунад.

Профессор Иброҳим Усмонов “Рӯзи нав”- ро ягона рӯзномаи миллии замони истиқлол номида буд. Дар он журналистони хирфавие ба мисли Хуршеди Атовулло, Фахриддини Холбек, Барот Юсуфӣ, Мавлуда Султонзодаи Абдулло, Ҳабиби Фаридун, Султони Ҳамад кор кардаанд. Журналистони баъдан шинохташуда Носирҷон Маъмурзода, Камол Саидов, Умаралии Сафаралӣ, Каюмарси Ато аз мактаби “Рузи нав” қалами истеъдод сабз кардаанд

Зарфи бештар аз як соли чопи “Рӯзи нав” Раҷаби Мирзо  ду маротиба, моҳи январи соли 2004 дар Хуҷанд ва 29 июли соли 2004 дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтаву шадидан латукӯб шуда буд.  Вале бо гузашти 10 сол мақомот омилони ин ду ҳамларо шиносоӣ накарданд ва ҷиноят нокушода монд. Раҷаб мегӯяд ин ду ҳамлаҳо иртибот ба «қазияи Ғаффор Мирзоев» доштанд, ки бори аввал замони барканории генерал аз фармондењии  Гвардияи президентӣ ва бори дигар замони боздошти ӯ дар Агентии назорати маводи нашъаовар сурат гирифт. Ба дигар маънӣ ҳамлаварон бар ин гумон буданд, ки Раҷаби Мирзо аз наздикони генерали саркаш аст.

Баъди “Рӯзи нав” Раҷаби Мирзо муддате (солҳои 2008-2009) сармуҳаррири радиои “Имрӯз” ва соли 2010 сардабири  рўзномаи ҳаррўзаи Тоҷикистони мустақил - «Имрўз-news» буд. Ва ду соли дигар устоди Донишгоҳи миллӣ буд ва ба донишҷӯёни факултаи журналистика  дарси  «Журналистикаи сиёсӣ» гуфт.

Моҳи октябри соли  2011 Маркази таҳқиқоти сотсиологии «Бозтоб» -ро таъсис дода, роҳбари он буд. Барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҶТ, «Журналисти сол – 2004» мебошад.
Раҷаби Мирзо танҳо журналисте нест, ки бештар тањлилњои љолиби сиёсиро матрањ карда бошад, балки худ вориди майдони сиёсат буд. Ду маротиба – бори аввал феврали соли 2005 аз ҳавзаи Шоҳмансури шањри Душанбе ва бори дуюм дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Восеъ №39 ба сифати номзад иштирок кардааст, вале дар ду маврид ҳам ба номзади ҳизби ҳоким интихоботро бохтааст.
Аз октябри соли 2005 то октябри соли 2013 аъзо, раиси ҲДТ дар шаҳри Душанбе буд. 4 ноябри соли 2006 барои баргузории як пикет ба нишони эътироз аз мавқеъгирии нодурусти вазорати адлия  Раҷаби Мирзо дар қатори се узви фаъоли ҲДТ барои 15 рӯз зиндонӣ гардид. Дар анҷумани ахири ин ҳизб (октябри соли 2013 – пешопеши интихоботи президентӣ) узвияти худро қатъ кард.
Оиладор ва соҳиби як писар  аст.

tojnews.org

P. S: Шӯрои ВАО- и ҶТ ба хидматҳои арзишманди Раҷаби Мирзо - узви Шӯрои ВАО, дар рушди журналистикаи тоҷик арҷ гузошта, бо таҳнияти зодрӯзи эшон илҳоми саршор, комёбиву хонаободиро барояш таманно дорад.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер