himoyИмрӯз, 10:24

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон иддао дар бораи хомӯшии Душанбе дар мавриди қазияи Фаластинро бепоя донистааст. “Ҷумҳурият” дар шумораи 160-и худ гуфтааст, “ҳукумати Тоҷикистон алакай дар оғози буҳрони нави муносибатҳои Исроилу Фаластин мавқеи худро дақиқ изҳор дошта буд”.

Нашрия дар идома аз нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки 18-19 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Ҷидда баргузор шуда буд, ёдоварӣ намудааст. Он вақт, ба навиштаи “Ҷумҳурият”, Сироҷиддин Аслов -- вазири умури хориҷии Тоҷикистон мавқеи ҷумҳуриро нисбат ба ин масъала чунин баён кардааст: “Мо халқи бародар ва давлати Фаластинро дар роҳи талошҳояш баҳри пайдо кардани ҷойгоҳи шоиста дар иттиҳоди миллатҳо ҳамчун узви комилҳуқуқ дастгирӣ мекунем. Мо ҳамчунон сулҳу оштиро байни гурӯҳҳои фаластинӣ меписандем ва рушди ҳамаҷонибаи ҳукумати ягонаи миллии Фаластинро таманно дорем”.



Инчунин, таъкид шудааст, “Тоҷикистон дар Маҷмааи кулли Созмони Милал барои баррасии муроҷиатномаи Фаластин баҳри узвияташ дар СММ раъй дода буд ва ҳиссаи хешро дар қабули кишвар ҳамчун давлати назоратчӣ дар ин созмони бонуфуз гузоштааст”. Ин матлаби “Ҷумҳурият” дар вокуниш ба ҳарфҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон навишта шудааст, ки аз сукути мақомоти тоҷик дар баробари ҳамлаи нерӯҳои Исроил ба навори Ғазза интиқод карда буд. Ин нашрияи расмии ҳукумат бо ёдоварӣ аз мавқеи Тоҷикистон нисбат ба Фаластин мегӯяд, “ана, ин аст дастгирии воқеӣ дар баробари суханбозиҳои бефоида ва риёкоронае, ки аз забони Кабирию ӯ барин манфиатхоҳон бурун меоянд”.

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар идома таъкид кардааст, “то даме худсариҳои Исроил аз сӯи давлатҳои абарқудрат нодида гирифта мешаваду ҳаракати муқовимати исломии Фаластин – Ҳамос аз нерӯҳое чун хоҷагони ҲНИТ дастгирии моддию низомӣ меёбад, Фаластин месӯзаду мардуми бегуноҳаш кушта хоҳанд шуд”.Дар охир муаллифи матлаби Ҷумҳурият ишора кардааст, ин баёнияву муроҷиати Муҳиддин Кабирӣ аз рӯйи саҳифаҳои чанд ҳафтаномаю агентии сатҳи маҳаллӣ дуртар намераваду манфиате ҳам гӯиё надоштааст. .

ozodagon.com

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер