rustamРустами Ҷонӣ аз вазифаи мудири кулли ширкати “Ориёно-Медиа” барканор карда шуд

Рустам Ҷониев, маъруф ба Рустами Ҷонӣ, ки ба ҳайси мудири кулли ширкати “Ориёно-Медиа” ифои вазифа мекард, соате пеш аз вазифааш барканор шуда, ба ҷои ӯ Худоёри Валӣ, собиқ Сармуҳаррири радиои  “Садои Душанбе” таъйин гардидааст.

Ширкати “Ориёно-Медиа” ҳамчуни медиа-холинги  Ҳасан Асадуллозода, Раиси “Ориёнбонк” дар байни расонаҳо шуҳрат дорад ва зери қаноти он ду радио: “Имрӯз” бо забони тоҷикӣ ва “Ориёно” бо забони русӣ фаъолият мекунанд.

Рустами Ҷонӣ ҳамчунин Муассиси аввалин рӯзномаи Тоҷикистон “ИмрӯзNews” (соли таъсис 2009) дониста  мешавад.

Рустам Ҷонӣ қабл аз ба ҳайси мудири кулли ширкати “Ориёно-Медиа” таъйин шуданаш дар радиои Ватан, Радиои Тоҷикистон ва Телевизиони Тоҷикистон ҳамчун журналист кор кардааст.

Рӯзи гузашта аз таъсиси радиои “Имрӯз” 7 сол пур шуд.

tojnews.org

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер