gazeta “Нигоҳ” (№20 (402), 6.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 28. Мардон -15, занон- 5, якҷоя - 3.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва нейтрал аст.Танҳо як расми крикатурӣ ҷой дода шудааст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 17. Бо номи мардон -3, бо номи занон -2, ишора ба ҷинс – 1.

Арзёбӣ: Ба истиснои 4 сарлавҳа («Ба мардони тоҷик нафрат пайдо кардам»,

«Куштор дар Ҷиликул», «Академики ўзбак бомбаборон кардани Роғунро мехоҳад», «Боз тағобозӣ» )? дигар ҳамаи сарлавҳаҳо тобиши мусбат ва муодил доранд.

Муҳтаво: Дар 6 мавод дар бораи фаъолияти мардон, дар 2 мавод фаъолияти занон, дар 1 мавод фаъолияти якчояи ҳарду ҷинс сухан меравад.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо мардон мусбат ва тимсоли қудрат тасвир шудаанд. Аз 2 мавод дар бораи занон дар яке «Холида Фурўғ» сухан аз адибаи муваффақи афғон – Холида Фурўғ меравад ва тобиши мусбат дорад. Маводи дигар «Ба мардони тоҷик нафрат пайдо кардам», тобиши манфӣ дорад. Дар он сухан аз Отифа Пичанд – паноҳандаи эрониро таҷовуз кардани як мансабдори тоҷик меравад. Ў хоҳиш кардааст, ки ҳодисаи ба сараш омадаро ба воситаи матбуот инъикос кунанд. Отифа мақсади ин иқдомашро чунин шарҳ медиҳад: «Баъди ин ҳодиса ман ба мурдан розиям… Муҳим бонувони тоҷик таҷовузро ҳамчун беобрўгӣ пинҳон накунанд ва барои бонувони фардо роҳи муборизаро фароҳам оранд».

Дар мақолаи «Куштор дар Ҷиликул» сухан аз фаъолияти якҷояи ҷиноии Турдиқул Ҳазратқулов ва Гулширин Ҷумъаева меравад. Онҳо дар муҳоҷират бо ҳам вохўрда, ошиқ мешаванд. Таассуфовараш он аст, ки ҳар ду оиладору соҳиби фарзанданд. Тарҳи куштори шавҳари Гулширинро дар муҳоҷират мекашанд ва дар Ҷиликул ин амали даҳшатноку нанговарро амалӣ месозанд. Нақши Турдиқул ва Гулширин ҳар ду манфист.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз нигоҳи шумора ва на аз нигоҳи муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиб Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

 

“Тоҷикистон” (№ 32 (1074), 07.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 46. Мардон- 22, занон- 6, якҷоя -8.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, ба ѓайр аз ду расми крикатурӣ мусбат ва муодил (нейтрал) аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 39. Бо номи мардон -6, бо номи занон -1, ишора ба ҷинс -0.

Арзёбӣ: Сарлавҳаҳо тобишҳои гуногун доранд: муодил, мусбат ва манфӣ.

Муҳтавои маводҳо: Дар 15 мавод фаъолияти мардон, дар 1 мавод фаъолияти занон инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Маводҳо гуногунанд: мусбат, манфӣ ва муодил.

Дар назарпурсии «Коршиносон нисбати таҳдиди набераи Темури Ланг чӣ мегўянд?» назари чор мард оварда шудааст, ки оид ба таҳдиди бомбаборонкунии Роғуни академики ўзбек Рустам Абдулоев иброз доштаанд. Андешаҳо каме тобиши манфӣ ва таҳқиромез доранд. Дар ҳафтанома ҳамагӣ як мавод оид ба фаъолияти занон аст ва он ҳам тобиши манфӣ дорад. Ин мақолаи “Неъматова ба кӣ такя мекунад?» аст, ки дар он амали ғайриқонунии Ҷумъагул Неъматова манфӣ арзёбӣ шудааст. Ў заминеро, ки ба беморхонаи ноҳияи Файзобод тааллуқ дошт, ѓайриқонунӣ азхуд карда, дорухона сохтааст.

Хулоса: На аз нигоҳи шумора ва на аз нигоҳи муҳтаво, мувозинати гендерӣ дар мундариҷаи ҳафтанома ҷой надорад.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ каме риоя нашудаанд. Мувофиқи банди 9 – уми «Меъёрҳо…»  « ВАО ва журналист аз айбҷўйии ҷисмонии шахс  худдорӣ мекунанд». Дар сарлавҳаи «Коршиносон нисбати таҳдиди набераи Темури Ланг чӣ мегўянд? бошад, ин меъёр халалдор шудааст.

 

“Фараж” (№ 32 (401), 6.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 30. Мардон – 19, занон – 2, якҷоя – 2.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 30. Бо номи мардон – 3, бо номи занон – 0, ишора ба ҷинс – 0. Арзёбии мардон мусбат ва муодил аст.

Муҳтаво: Дар 13 мавод сухан аз фаъолияти мардон меравад, оид ба фаъолияти занон маводи алоҳида нест. Танҳо дар 4 мавод занон дар қатори мардон нуқтаи назарашонро оид ба ин ё он масъала баён кардаанд. Ин маводҳо «Клоун- академики ўзбек: Роғунро бомбаборон кунед!», «Ҷиҳод ва ҷазо», «Кўмакҳои рамазонӣ ба сарбози маъюб», «Президент: то се сол мошин намехаред!!!», мебошанд. Маводҳо дорои тобиши маъноии муодил (нейтрал) мебошанд. Дар 3 мавод сухан аз фаъолияти якҷояи зану мард меравад, ки онҳо низ тобиши муодил доранд.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон ҳама тобиши мусбат доранд, ба ғайр аз матлаби «Клоун- академики ўзбек: Роғунро бомбаборон кунед!», ки тобиши манфӣ дорад. Дар маводҳои якҷоя ҳам занон ва ҳам мардон муодил тасвир шудаанд.

 

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз нигоҳи шумора ва на аз нигоҳи муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиб Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

 

“Чархи гардун” (№32 (935), 6.09. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 44. Мардон – 21, занон – 6, якҷоя – 8.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, ба истиснои 2 акс, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 53. Бо номи мардон – 4, бо номи занон – 0, ишора ба ҷинс – 8.

Арзёбии мардон дар мавриди истифодаи ном ва ишора ба ҷинс мусбат ва муодил аст. Дар мавриди ишора ба ҷинс (занон 7 ҳолат, мардон 1 ҳолат) дар мавриди занон як ҳолаташ манфист (“1001 ҷиноят аз ҷониби занон», дигар ҳолатҳо муодиланд. Инчунин дар мавриди ишора ба ҷинс зери унвони «Ҳисору Рашт як зани роҳбари сатҳи ҷумҳурӣ надоранд», як маводи хурд низ интишор ёфтааст, ки ҷанбаи гендерӣ дорад. Дар ин мавод сухан аз он меравад, дар байни роҳбарони 66 вазорату кумитаҳо ду зан – вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ С. Тағоева ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ М. Хидирова ҳаст, ки ҳар ду аз вилояти Хатлонанд. Марҳабо Ҷабборӣ – муовини Сарвазири ҶТ аз вилояти Суғд аст. Аз ноҳияҳои тобеи Марказ ягон нафар сари мансаби калони давлатӣ нест. Ин факт далели он аст, ки фармону қарорҳо ва барномаҳои қабулшуда оид ба баланд бардоштани мақоми занон он натиҷаеро, ки чашмдор буданд, надодааст. Худи дарки ин ҷиҳати масъала барои тасмими ҷиддитар гирифтан дар ин ҷода, яъне татбиқи сиёсати гендерӣ– фароҳам овардани ҳуқуқу имкониятҳои баробар ҳам барои занону ҳам мардон дар ҷумҳурӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Муҳтаво: Дар 16 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 9 мавод дар бораи зан ва дар 1 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс меравад.

Арзёбӣ: Дар 13 ҳолат дар маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ (ахбори ҷиноӣ) манфист («Қудратов ба қасди тазоҳуроти зиддидавлатӣ мутаҳҳам мешавад», «Боз ду мансабдори Вазорати тандурустӣ ба чанги Агентӣ афтоданд», «Кордчаҷанг сари ҷавонро хўрд», «Корманди роҳи оҳанро чаро куштанд?», «Латукўб дар масҷид барои пўшидани шортӣ», «204 кило нашъаи қонунӣ», «Ҷазои якумра ба қотилони падару писар», «Боздошти нашъаҷаллоб», «Ноболиғони ҷинояткор» аз он ҷумлаанд. Аз 9 мавод дар бораи занон 3- тоаш тобиши манфӣ дорад. Дар маводи якҷоя ҳам мардон ва ҳам занон, муодил инъикос ёфтаанд.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

“Азия – плюс” (№59 (942) 07.08.2014):

Общее количество фотографий: 75. Мужчины: 37, женщины: 7, вместе: 4.

Все фотографии оцениваются положительно и нейтрально.

Заголовки: общее количество: 48. С мужскими именами: 8, с женскими именами: 0, ссылка на пол: 5, вместе: 0 .

Все заголовки оценены, как положительные и нейтральные.

Содержание: В 31 материалах отражается деятельность мужчин, в 2 деятельность женщин, в 3 совместно.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин несут положительный оттенок. Из общего количества 4 материала связаны с криминальной хроникой. Сообщения, где фигурируют женщины 2 («Гражданка Таджикистана с ребенком выбросилась из окна подмосковской высотки» и «Соболезновение»), имеют негативный оттенок. Материалы, где мужчины и женщины отражаются вместе, нейтральны. В статье «Узбеки на хозяйстве, узбечки на заработки», где прослеживается вопрос миграции, и 2-х статьях о спорте информация приведена в гендерном разрезе.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается в количественном представление материалов, однако в плане содержания отдельных статьей этот баланс соблюдается.

Нормы этики журналистики не нарушены.

Рекомендации:

• Отразить гендерную политику правительства страны наиболее полно;

• Больше опубликовать материалы о деятельности передовых женщин;

• Сотрудничать с Комитетом по делам женщин и семьи и НПО, которые занимаются гендерными проблемами, женскими журналами для получения информации по данным вопросам.

 

“Пайк” (№31 (56), 6.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 32. Мардон:16, занон: 0, якҷоя: 2.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 24. Бо номи мардон – 5, бо номи занон -0, якҷоя – 0. Ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ: Дар аксари сарлавҳаҳо мардон мусбат, соҳибқудрат ва тавоно арзёбӣ шудаанд.Аммо се сарлавҳа («Темурланг» баъд аз 21 соли ҷинояткорӣ ба даст афтод», «Ширкати «Тселл» таҳдид ба амнияти кишвар мекунад», «Тоҷикстандарт» мақомоти хабаркаш ё …»), тобиши маъноӣ манфист.

Муҳтаво: Дар 9 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод дар бораи занон ва боз дар ҳамон мавод дар бораи ҳар ду ҷинс меравад.

Арзёбӣ: Дар бораи фаъолияти мардон маводҳое ҳастанд, ки тобиши мусбат доранд, аз ҷумла «Искандари Рустам дар Қазоқистон нишони биринҷӣ гирифт», «Жак Кусто: Чаро мо мусулмон шудем?», «Аҳсан, раиси нави ноҳияи Восеъ». Дар мақолаҳои «Темурланг» баъд аз 21 соли ҷинояткорӣ ба даст афтод», «Ширкати «Тселл» таҳдид ба амнияти кишвар мекунад», «Тоҷикстандарт» мақомоти хабаркаш ё …» бошад, фаъолияти мардон тобиши манфӣ дорад.

Дар мақолаи таҳлилии Сўҳробшоҳи Фаррухшоҳ «Кӣ гуфт, ки ин мардум камбағал аст?» муаллиф андешаҳои ҷолибе оид ба дастархонороии занон, ба таври дигар гўем, худнамоишдиҳии онҳо рўзи иди саиди Фитр ва сарфу харҷи беҷояшон иброз доштааст. Бояд гуфт, ки мавод ҷанбаи гендерӣ дорад. Ҳангоми таҳлил муаллиф тафовутҳои табии гендериро хеле хуб инъикос намудааст. Олимон исбот кардаанд, ки хусусиятҳои рўҳӣ ва ҳадди имконоти фикрию зеҳнии занон аз мардон тафовут дорад. Аз ин рў, дар аксари ҳолатҳо зану мард, чи хеле аз тадқиқотҳо маълум аст, муносибати худро ба ин ё он рўйдод ба таври гуногун зоҳир менамоянд. Бинобар ин, шояд дастархони орододаи худро дида, занон ҳисси қаноатмандиро эҳсос кунанд ва хастагиашон барояд. Аммо ин дар назари мард як харҷи аз андоза берун намояд. Хуллас, муаллиф тафовутҳои гендериро хеле равшан акс кардааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз ҷиҳати шумора ва на аз ҷиҳати муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиб Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя гардидаанд.

 

 

“Минбари халқ” (№ 32 (959), 7.08. 2014):

 

Шумораи умумии аксҳо: 27. Мардон:13, занон: 1, якҷоя :3.

 

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст.

 

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 32. Бо номи мардон:1, бо номи занон: 0, ишора ба ҷинс: 0.

 

Муҳтаво: Дар 5 мавод фаъолияти мардон, дар 1 ҳолат фаъолияти занон инъикос ёфтааст.

 

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо арзёбии фаъолияти мардону занон ба истиснои 1 ҳолат мусбат аст. Дар мақолаи «Гумраҳи роҳрав» сухан аз фаъолияти роҳбари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон– Саодатшоњ Адолатов меравад, ки ба наздикӣ барои фаъолияти мазҳабиаш ба муддати 5 сол маҳкум ба зиндон гаштааст. Муҳокимарониҳои муаллиф лаҳни тезутунд, маҳкумкунанда ва муғризона доранд. Яъне, фаъолияти ў манфӣ арзёбӣ мешавад. Дар мавриди фаъолияти занон танҳо дар хабаре гуфта мешавад, ки бо ибтикори соҳибкор Васила Ғафурова дар деҳаи Ѓуҷоваст сохтмони сехи коркарди ангат идома дорад.

Хулоса: Аз нигоҳи шумора ва муҳтаво мувозинати гендерӣ вуҷуд надорад.

 

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар аксари ҳолатҳо риоя шудаанд.

 

“Наҷот” (№ 32 (802), 7.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 25. Мардон – 21, занон – 1, якҷоя – 0.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 20. Бо номи мардон:4, бо номи занон: 0, якҷоя: 0, ишора ба ҷинс: 0.

Арзёбии мардон дар мавриди истифодаи ном мусбат ва муодил аст.

Муҳтаво: Дар 6 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод дар бораи занону мардон, яъне якҷоя, меравад ва дар як мавод назари якчанд зан оид ба талоқ оварда шудааст. Дар 1 мавод «Боздошти Шуҳрат Қудратов «подстава» аст ё аз хушбовариҳояш манша мегирад?» дар баробари 6 мард, андешаҳои як зан– О. Бобоназарова низ оварда шудааст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ мусбат ва муодил аст. Танҳо дар як мавод, ки сухан аз ноиби Сарвазири Ўзбекистон Р. Азимов меравад, тобиши манфӣ дорад. Дар ҷое сухан аз занон меравад («Талоқ ва сиёсатҳои ҳукумат»), оҳанги гуфтор муодил аст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер