ozodawww.ozodagon.com “Озодагон”:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  110 мавод интишор намудааст.

Шумораи умумии аксҳо:  96.  Дар аксҳо дар 67 маврид мардон, дар 7 маврид занон дар 3 ҳолат якҷоя тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи ҳолатҳо ҳам мардон ва ҳам занон, мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 42 сарлавҳа номи мард, дар 4 сарлавҳа номи зан, дар 1 сарлавҳа якҷоя, дар 2 ҳолат ишора ба ҷинс омадааст.

 

Арзёбии  номҳо дар сарлавҳаҳо оид ба мардон комилан, марбут ба занон ба истиснои 1 мавод (“Зане, ки худро аз ошёнаи 9 дар Русия партофт, Уғулой Юлдошева будааст”), мусбат аст,  манзури маводи ишора ба ҷинс дошта зан буда (“Боздошти зане, ки тифли навзодашро бар ивази 1000 сомонӣ фурӯхтааст”) тобиши манфӣ дорад.

Муҳтавои маводҳо: Дар 67 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 7 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 7 мавод мардону занон якҷоя омадаанд. Дар 1 мавод ишора ба ҷинс омадааст.

Аз маводҳое муҳтавояш фаъолияти занонанд,  3 тоаш (“Боздошти Поповаи 53-сола барои ташкил  кардани фоҳишахона”, “Зане, ки худро аз ошёнаи 9 дар Русия партофт, Уғулой Юлдошева будааст”, ”Боздошти зане, ки тифли навзодашро бар ивази 1000 сомонӣ фурӯхтааст”),  ба ҷиноят ва нохушӣ марбутанд  ва ҳама тобиши манфӣ доранд.  Дар 4 мавод (“Иштироки хонуми Эллиотт дар маросими ифтитоҳи мактаби тармимшуда дар Рӯдакӣ”, ”Пешниҳод барои боз кардани парванда алайҳи Рустам Абдуллоев”, ”Саида Варсӣ аз мансабаш даст кашид... барои Фаластин”, “Ҳимояти писари Домулло Муҳаммадӣ аз Шабнаму Фарзона”), оид ба фаъолияти ихтисосии занон сухан меравад. Ин ҷо тобиш муодил ва аст.

Арзёбӣ: Мардон (ба истиснои ахбори ҷиноӣ 6 мавод аз 67 )  мусбат инъикос шудаанд. Дар матолиб оид ба занон аз 7 мавод 3 тояш оҳанги манфӣ  дорад

Хулоса: аз нигоҳи миқдор ва муҳтаво занону мардон  нобаробар инъикос ёфтаанд.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ риоя шудаанд.

Тавсия:

  • Оид ба масоили гендерӣ, поймол шудани ҳуқуқи занон бояд мунтазам мавод интишор гардад;
  • Дар матолиб бояд фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бештар инъикос ёбад;
  • Маводҳое, ки дар бораи занони пешқадам ва муваффақ нақл мекунанд, бояд  мунтазам нашр гарданд.

ruzgor www.ruzgor.tj :

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  26 мавод интишор намудааст. Маводҳо аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» ва сомонаи «Озодӣ» бознашр шудаанд.

Шумораи умумии аксҳо 27.  Дар аксҳо дар 12 маврид мардон, дар 4 маврид занон, дар 1 акс якҷоя  тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо:

Дар 5 сарлавҳа номи мард ва дар 1 сарлавҳа номи зан ва дар 1 сарлавҳа номҳо якҷоя омадаанд. Дар 3 сарлавҳа ишора ба ҷинс омадааст.

Арзёбии ҷинсҳо дар мавриди ном куллан мусбат аст. Дар мавриди ишора ба ҷинс аз се ҳолат, 2 ҳолаташ (1 зан, 1 мард) бо ҷиноят ва фалокат вобаста аст.

Муҳтавои маводҳо: Дар 15 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 2 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 6 мавод мардону занон якҷоя омадаанд.

Ҳар ду  мақолае, ки ба рӯзгори занон бахшида шудааст: (“Мавзуна Чориева бо пирӯзӣ бар муштзани ӯзбак соҳиби медоли тилло шуд”, “Вохӯрию мулоқоти шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони маҳаллаҳои шаҳри Конибодом”), тобиши мусбат дорад. Ду мақолаи дигар, ки он ҷо мавриди таваҷҷуҳ ҳам фаъолияти мардон ва ҳам фаъолияти заанон қарор гирифтааст (“Гулрухсори Сафӣ: "Ман шеъре зидди Муҳиддин Кабирӣ нагуфтаам", “Модари ҷавон дар ғояти рашк худкушӣ кардааст”), 1 мақола бо фоҷеа марбут буда, оҳанги манфӣ дорад. 1 мақола (“Вохӯрию мулоқоти шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони маҳаллаҳои шаҳри Конибодом”) ҳам оид ба масоили занон бахшида шудааст.

Арзёбӣ: муҳтавои маводҳо ҳам дар бораи мардон, дар бораи занон, мусбат ва муодил аст.

Хулоса: аз нигоҳи миқдору муҳтаво занону мардон  нобаробар инъикос ёфтаанд.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ риоя шудаанд.

Тавсия:

  • Рубрикаи “Зан ва ҷомеа” ҳарчанд иқдоми хуб аст, вале худи ном тобиши онро медиҳад, ки зан бахши таркибии ҷомеа нест.  Пайдо кардани номи тоза ин ҷо мувофиқи мақсад аст.
  • Хуб мешуд, агар дар ин рубрика маводҳо мунтазам нашр мегардиданд.
  • Ба бештар дар мавзуи занони фаъол нашр кардани мавод диққат дода шавад.

avestawww.avesta.tj :

Общее количество материалов: 160.  Заголовки: С мужскими именами: 7, с женскими именами: 1, ссылка на пол : 16.

Все заголовки  оценены, как  положительные и нейтральные.

Фотографии: Общее количество 8. Мужчины: 6, женщины: 0, вместе:  0.

Все фотографии оцениваются  положительно и  нейтрально. Однако все мужские фото являются символом власти и силы.

Содержание: В 79 материалах отражается деятельность мужчин, в 9 деятельность женщин, в 3 совместно. В 9 материалах имен нет, но имеется ссылка на пол.

Оценка: Из 79  материалов о деятельности мужчин, 10 из криминальной хроники    несут положительный и нейтральный оттенок. Из 9 материалов, где фигурируют только женщины, 3 из криминальной хроники.  Из 6 сообщения, где женщины и мужчины фигурируют вместе, 2 из криминальной хроники. В материалах, где имеется ссылка на пол все 9 из криминальной хроники. Из них 3 о женщинах, 6 о мужчинах. 3  статьи отражают женские проблемы (“Женщин и девушек Рашта обучат тонкостям ручного ковроткачества”,”Сотрудники АКН провели разъяснительную беседу среди женщин”, “Глава Комитета по делам религии провел встречу с «бибиотунами» Худжанда”). В одной статье из спортивной хроники (“Юношеский чемпионат мира по таэквондо ITF стартовал в Душанбе”) информация представлена в гендерном разрезе. Цитата: В состав юношеской сборной Таджикистана вошли 43 спортсмена, 20 из которых - девушки.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается как в количественном представлении материалов, так и в содержательном.

Нормы этики журналистики не нарушены.

Рекомендации:

  • Обратить  внимание на отражение гендерной политику правительства;
  • Опубликовать материалы о деятельности передовых женщин;
  • Сотрудничать с Комитетом по делам женщин и семьи и НПО, которые занимаются гендерными проблемами, женскими журналами для получения информации по данным вопросам.

 

xovarwww.khovar.tj :

Сомонаи мазкур дар тўли ҳафта 100 хабар ба табъ расонидааст ва дар онҳо 84 сурат истифода гардидааст. Дар 35 акс мардон, дар 12 акс занон дар 40 акс якҷоя тасвир шудаанд. Қобили зикр аст, ки ҳамаи аксҳо мусбатанд.

Дар 13 сарлавҳа номи мардон, дар 3 сарлавҳа номи зан омадааст, якҷоя: 0, ишора ба ҷинс: 3.

Ҳамаи сарлавҳаҳое, ки ҳам  номи мардон ва  номи занон ҷой доранд, оҳанги  мусбат доранд. Аз 3 сарлавҳае, ки ишора ба ҷинс аст, ҳама ба занон дахл доранд (“Рақобати бонувон барои ҷоиза”, ”Суғд: Занҳои хонашин касб меомӯзанд”, ”Занон ҳаёти солимро интихоб намоед!”),  ҳама тобиши мусбат доранд.

Муҳтавои хабарҳо: Дар  57 хабар фаъолияти мардон ва дар 8 хабар фаъолияти занон инъикос ёфтааст. Дар 4 хабар фаъолияти занону мардон якҷоя инъикос шудааст. Аз 57 хабар оид ба мардон танҳо 4 хабар ба ҷиноят вобаста буда, оҳанги манфӣ дорад, хабарҳо оид ба занон ҳама мусбатанд. Мардон дар маводи вобаста ба сиёсат, иқтисод, варзиш ва занон дар мавриди таъмини ҷойи кор («Рушди ҳунарҳои мардумӣ”, ”Суғд: Занҳои хонашин касб меомӯзанд”, “Занон ҳаёти солимро интихоб намоед”),  маъюбон, маориф (фаъолияти Маркази тестӣ) инъикос ёфтаанд. Ин ҳафта 3 хабар (“Маҳина Шодмонова чемпиони ҷаҳон оид ба таэквандо”, ”М. Ҷабборӣ: “Варзиш эҳтироми миллату давлат ва муносибатҳои хубу ҳамкориро ба миён меорад” ,”Баррасии ҷараёни омодагиҳо ба чор ҷашн дар назди Марҳабо Ҷабборӣ”), аз олами варзиш, дар бораи саҳми занони дар ин самт иттилоъ медиҳад.

Арзёбӣ: Ҳамаи хабарҳо оид фаъолияти мардон (ба истиснои ахбори ҷиноӣ) ва хабарҳо    дар бораи занон, ҳама комилан мусбат  ва муодил арзёбӣ мешаванд.

Оид ба ҳуқуқ ва мушкилоти умдаи  занон ягон мавод интишор нашудааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ  аз нигоҳи шумора ва  муҳтаво вуҷуд надорад.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ риоя шудаанд.

Тавсия:

  • Оид ба мавзуи занон, масоили гендерӣ ва сиёсати Ҳукумати кишвар дар ин самт матолиб бештар интишор гардад;
  • Барои дарёфти маводи мусбат оид ба фаъолияти занон бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ, созмонҳои ҷамъиятии бо масоили занон фаъолиятдошта, маҷаллаҳои занона ҳамкорӣ  барқарор намудан ба манфиати кор аст.
 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер