ozodagonИмрӯз, 08:36

Дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаъолият мекунанд, фаъол шудааст. Кори ин шабака бо давраи омӯзишии чоррӯза шурӯъ гардид, ки дар истироҳатгоҳи «Роял Явроз» ҷараён дорад. 

Муҳайё Нозимова, як масъули ин давраи омӯзишӣ мегӯяд, дар ин тренинг намояндаи 14 ташкилоти ҷамъиятӣ, ки самти фаъолияташон кӯмаки ройгон ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо аст, аз ҷониби таҳлилгарони мустақили соҳаи мазкур ба коркард ва фаъол намудани ин шабакаи ягона ҷалб карда мешаванд. «Мақсади тренинг пешниҳоди маълумоти асосӣ оид ба кори шабакаи ягона ва фаъолияти дастаҷамъонаи кори аъзоёни он, аз ҷумла – адвокатсия дар сатҳи миллӣ ва байналхалқӣ, мониторинги ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо, инчунин омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федереатсияи Русия оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад»,-афзуд номбурда. Ба гуфтаи хонуми Нозимова, дар ҷараёни давраи омӯзишӣ тарҳи сомонаи шабакаи ягонаи ташкилотҳои ҷамъиятии фаъол дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ – www.muhojir.tj муаррифӣ мешавад. 

Ин тренинг дар доираи лоиҳаи «Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо: Васеънамоии имкониятҳои ташкилотҳо – ҳуқуқҳои ҳимояшуда» гузаронда мешавад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва DCA Central Asia маблағгузорӣ шуда, аз тарафи ташкилоҳои ҷамъятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон», «Ғамхорӣ» ва «Иқдомҳои шаҳрвандӣ дар рушд» амалӣ мегардад.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер