7-уми августи соли ҷорӣ намояндагии Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” дар шаҳри Душанбе муаррифии “Таҳлили бозори ВАО-и электронии Тоҷикистон: Ҳақиқат, баҳогузорӣ ва рушди он” баргузор хоҳад кард.

Тибқи иттилои ин марказ, муаррифӣ дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидашуда оид ба бозори воситаҳои ахбори оммаи электронӣ доир мегардад.

Муаррифии натиҷаҳои тадқиқот дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ошёнаи 2 баргузор мешавад.

Дар чорабинии мазкур як қатор масъалаҳо оид ба рушд ва камбудиҳои ВАО-и электронӣ дар Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.

Бақайдгирии иштирокчиён: 13:00-13:40

Tojnews.org

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер