internet

Бар асоси як қатор тағйиру ислоҳоте, ки вакилони мардумӣ ба қонун “Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода” ворид карданд, минбаъд, дар ҳолатҳои фавқуллода, ба ҳукумати кишвар салоҳиятҳои васеътар дода шуданд.

Тибқи ин тағйирот парлумон ба ҳукумати кишвар ҳақ додааст, ки дар сурати эълони вазъи фавқулода на танҳо фаъолияти хабарнигоронро маҳдуд кунад, балки мардумро аз дастрасӣ ба интернет ва гуфтугӯҳои телефонӣ низ маҳрум намояд.

 

Аз ҷумла, ҳукумат ҳақ дорад, дар сурати эълони чунин ҳолат, ба ширкатҳои мобилӣ амр диҳад, ки алоқаи телефониро барои муддате боздоранд ва ё муштариёни худро аз гуфтугӯи телефонӣ маҳрум кунанд. Ҳамчунин ҳукумат метавонад, “барои ҳифзи субот” дар ҳолатҳои фавқулода дастрасӣ ба Интернетро маҳдуд намояд ва дастрасии шаҳрвандонро ба торнамоҳо маҳдуд кунад.

Дар қонуни пешинаи “Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъи фавқуллода” ҳукумат ҳақ надошт, барои дастрасии шаҳрвандон ба Интернет монеа эҷод кунад ва ё ба кори ширкатҳои мобилӣ дахолат кунад.

Бояд гуфт, ҳукумати Тоҷикистон метавонад, ҳангоми рӯй додани офатҳои табиӣ, садамаю фалокатҳо, хуруҷи бемориҳои сироятӣ, бетартибиҳои оммавӣ, ҳангоми кӯшиши ғасби ҳукумати қонунӣ ва ё табаддулоти эҳтимолӣ, таҳдид ба тамомияти арзӣ ва зарурати барқарор кардани тартиботи ҳуқуқӣ дар ҳудуди кишвар вазъи фавқулода эълон кунад.

faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер