logotip “Нигоҳ”  (№19 (401), 30.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 39. Мардон -18, занон- 5, якҷоя -7.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат,  нейтрал ва манфӣ низ ҳаст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 37. Бо номи мардон -7, бо номи занон -1, ишора ба ҷинс – 3.

Арзёбӣ:  Ҳамаи сарлавҳаҳо тобиши мусбат ва муодил доранд, ба истиснои  ду сарлавҳа: «Моддаи 8: Аз фоҳишаҳо то Расули Амонуллоҳ» ва «Чаро занон машгулияте надоранд?». Ин ду сарлавҳа тобиши манфӣ доранд.

Муҳтаво: Дар 5 мавод дар бораи фаъолияти мардон, дар 3 мавод ба таври мушаххас набошад ҳам  аз фаъолияти занон сухан меравад.  Дар се мавод ба  фаъолияти  якчояи ҳарду ҷинс ишора ҳаст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо мардон мусбат ва тимсоли  қудрат тасвир шудаанд. Бояд гуфт, ки то имрўз дар фоҳишагӣ танҳо занонро гунаҳгор мекарданд. Маводи таҳлилии Меҳрбону Орифӣ:  «Моддаи 8: Аз фоҳишаҳо то Расули Амонуллоҳ» тамоми ҷанбаъҳои гендерии ин масъаларо бо мисолҳои аниқ  равшан таҳлилу баррасӣ намудааст. Ў савол мегузорад, ки «Барои фоҳиша шудан фақат бонувон гунаҳгоранд?» Дар ҷавоби ин  савол  мисоли ҷолибе меорад, ки масъала худ аз худ рўшан мешавад: Соли 2010 дар як корхонаи давлатӣ  директор  то 13 бонуи беваю бокираю шавҳардорро таҷовуз кардаву таҳдид ба таҷовуз дошт... Бонувон аз дасти ин роҳбари фоҳиша ба дод омада, борҳо хостанд тавассути матбуот  шармандааш созанд. Ҳатто  номаи хаттии бонувони ин корхона дар Кумитаи давлати амнияти миллӣ ба қайд гирифта шудааст, аммо муроҷиатҳо самар надод. Бонувон номи худро ошкор навишта буданд. КДАМ ба роҳбари идора номҳои онҳоро расонд ва кор то ҷое расид, ки дод гуфта, аз кор рафтанд. Яке аз онҳо ҳоло фоҳиша аст. Яъне дар фоҳишагии занон мардон низ саҳм доранд.

Хуллас, дар ин мавод  мувозинати гендерӣ то андозае ҷой дорад. Дар  маводи «Кумитаи дин: Дар Хуҷанд тўйи  «тошкандӣ»  мўд шудааст» аз пайдоиши қолабҳои нави нобаробарии гендерӣ  сухан меравад. Тўйи тошкандӣ чунон будааст, ки хонае ки барои зиндагии минбаъдаи арўсу домод омода карда мешавад, таъмиру таҷҳизониданаш бар дўши волидони арусшаванда вогузор мешудааст.Ҷиҳози хоб, қолинҳо, мебел, яхдон ва ѓайраро бояд онҳо харида диҳанд.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ аз нигоҳи шумора риоя нашудааст, аммо дар муҳтаво мавҷуд аст.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

“Тоҷикистон”  (№31 (1073),  31.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 32. Мардон- 16, занон- 3, якҷоя -5.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва муодил (нейтрал) аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 33. Бо номи мардон -5, бо номи занон -2. Ишора ба ҷинс  -2.

Арзёбӣ:  ҳамаи сарлавҳаҳо дорои тобиши муодил ва мусбатанд. Танҳо чор маводи хусусияти ҷиноидошта («Шавҳар ҳамсарашро 7 корд зад»,  «Модаркуш», «Файзалиев ба даст афтод»  ва «Судя пора гирифт») тобиши манфӣ доранд.

Муҳтавои маводҳо:

Дар 9 мавод фаъолияти мардон, дар 1 мавод фаъолияти занон  инъикос ёфтааст. Дар як мақола («Хунукназарии  соҳибмансаб зарар ба миллату давлат аст») ҳолати фаъолияти якҷоя  вуҷуд дорад.

Арзёбӣ:  Дар 4 мавод фаъолияти мардон тобиши манфӣ дорад. Дигар  маводҳо мусбат ва муодиланд.

Дар мавриди фаъолияти занон бошад, дар 1 мавод – «Агифете Яҳяга, мусулмонзани президент», назар мусбат аст. Дар маводи дигар - «Хунукназарии  соҳибмансаб зарар ба миллату давлат аст», ба фаъолияти манфии зан ишора шудааст.

Хулоса:  На аз нигоҳи шумора ва на аз нигоҳи муҳтаво, мувозинати гендерӣ дар мундариҷаи ҳафтанома ҷой надорад.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд.

“Фараж” (№ 31 (400), 30.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 29. Мардон – 17, занон –1, якҷоя –2.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 25. Бо номи мардон – 9, бо номи занон – 4, ишора ба ҷинс – 1.

Арзёбии ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва муодил  аст.

Муҳтаво: Дар 11 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 3 мавод дар бораи зан ва дар 3 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон ҳама тобиши мусбат доранд, дар маводҳои якҷоя ҳам занон ва ҳам мардон  муодил тасвир шудаанд. Дар маводҳое, ки фаъолияти  занон мавриди инъикос қарор гирифтаанд, аз ҷумла ”Квотадузд», «Убайдулло Қурбонов: Боздошти Гулчеҳра моро сархам кард», «Иброҳим Усмонов: Кетрин  Эштон гунаҳгори ҷанг дар Украина аст!» тобиш  манфист.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ  чи аз нигоҳи шумора ва чи аз нигоҳи муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиб Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

“Чархи гардун” (№31 (934), 30.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 50. Мардон – 21, занон – 9, якҷоя – 2.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, ба истиснои 4 акс, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 43. Бо номи мардон – 9, бо номи занон – 1, ишора ба ҷинс – 4.

Арзёбии  мардон дар мавриди истифодаи ном ва ишора ба ҷинс дар се ҳолат («Қотили Оятуллоҳ дар Маскав боздошт гардид», «Қатли модар аз дасти писар» ва «Қурмонбек Боқиев ба ҳабси абад маҳкум шуд») манфист. Дар дигар ҳолатҳо мусбат ва муодил  аст. Дар мавриди ишора ба ҷинс (занон 1 ҳолат, мардон 3 ҳолат) ҳам дар мавриди ишора ба мардон ва ҳам дар мавриди ишора ба занон, мусбат ва муодил мебошад, ба истиснои як ҳолат – «Қатли модар аз дасти писар».  Дар мавриди истифодаи номи занон  бояд гуфт, ки танҳо дар як сарлавҳа («Сўхтори «барқасдона» дар манзили Сурайё Қосимова»).номи зан истифода шудааст.

Муҳтаво: Дар 10 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 3 мавод дар бораи занон ва дар 4 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Дар 3 ҳолат дар маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ (ахбори ҷиноӣ) манфист, дар 7 ҳолати дигар фаъолияти мардон мусбат ва муодил аст.   Дар мақолаи «Ман фарзанди худамро куштам…»  сухан  дар бораи духтари хурдсолашро куштани  модар меравад. Нақши зан- модар манфист. Дар мақолаи «Исрофкорӣ то ба кай?» сухан аз исрофи беҳуда ва намоишкории занон ҳангоми  оростани дастархони идона меравад ва андаке тобиши манфӣ дорад. Дар маводи якҷоя ҳам  мардон ва ҳам занон, муодил инъикос ёфтаанд.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

Еженедельник “Азия – плюс” (№50 (933), 03.08.2014):

Общее количество фотографий: 56. Мужчины: 33, женщины: 11, вместе  3.

Все фотографии оцениваются  положительно и  нейтрально.

Заголовки: общее количество: 54. С мужскими именами 7, с женскими именами 3, ссылка на пол  0. вместе 0 .

Все заголовки  оценены, как  положительные и нейтральные.

Содержание: В 26 материалах отражается деятельность мужчин, в 3 деятельность женщин, в 10 совместно.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин  несут положительный оттенок. Материалы о  женщинах положительные и нейтральные. Материалы, где мужчины и женщины отражаются  вместе, также нейтральны.  Однако, в 5  материлах женщины фигурируют  в связи с скандалам и криминалом (“Заключенных по делу Гульнары Каримовой ждут пытки”, В  Кулябе обокрали и подожгли дом Сурайё Касымовой”, Антикоррупция против Шухрата Кадырова”, Выплата интеллегенции приостановлена”, “Лошадинная доза доппинга”).

Две статьи (“НигинаАмонкулова в стиле ретро”  и  “В холоде”) посвящены женщинам. В первой идет речь о жизни и творчестве певицы Н.Амонкуловой, во второй освещена аспекты творчества фотографа Ксении Диодоровой и способствуют продвижении гендерной политики.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается в количественном представление материалов, однако в плане содержания отдельных статьей этот баланс соблюдается.

Замечена техническая неточность в номерации газеты. Согласно предидущим номерам этот номер должен быть 56 (939). Однако в паспорте  напечатан №50 (933).

Нормы этики журналистики не нарушены.

Рекомендации:

•           Отразить гендерную политику правительства  страны наиболее полно;

•           Больше опубликовать материалы о деятельности передовых женщин;

•           Сотрудничать с Комитетом по делам женщин и семьи и НПО, которые занимаются гендерными проблемами, женскими журналами для получения информации по данным вопросам.

“Минбари халқ (№31 (958),  31.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 31. Мардон -12, занон- 2, якҷоя – 6.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 39. Бо номи мардон -4, бо номи занон -0.

Ишора ба ҷинс – 1.

Муҳтаво: Дар 9 мавод фаъолияти мардон, дар 0 ҳолат фаъолияти занон, дар 2 ҳолат якҷоя инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо арзёбии фаъолияти мардону занон ба истиснои 2 ҳолат мусбат аст.  Дар маводи «Пуштибони  ҲНИТ аз Фаластин ба хотири чист?» нақши мард –  роҳбари ҲНИТ – М. Кабирӣ тобиши манфӣ дорад. Дар маводҳое, ки фаъолияти занону мардон якҷоя инъикос ёфтааст ҳам нақши занон ва ҳам нақши мардон мусбат ва муодил аст. Танҳо дар мақолаи «Фурўши кўдаки навзод: модар гунаҳгор ё падар?», ки сухан аз падидаи нангини фурўхтани кўдакони навзод аз ҷониби модарон меравад, муаллиф кўшидааст дар ин амали  нангин гунаҳгор будани ҳам мард- падар ва ҳам зан – модарро  нишон диҳад. Яъне  дар муҳтавои мақола мувозинати гендерӣ риоя шудааст. Аммо дар он нақши марду зан ҳарду тобиши манфӣ доранд.

Хулоса: Аз нигоҳи шумора ва муҳтаво мувозинати гендерӣ вуҷуд надорад.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд.

“Пайк”  (№30 (55),  30.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 38. Мардон- 11, занон- 10, якҷоя – 8.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 24. Бо номи мардон – 3, бо номи занон -2, якҷоя – 0. Ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи сарлавҳаҳо мардон мусбат арзёбӣ шудаанд. Занон муодил арзёбӣ шудаанд.

Муҳтаво: Дар 6 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод дар бораи зан ва дар 1 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон ва дар маводи якҷоя ҳама тобиши мусбат доранд.  Дар  мавод  оид ба фаъолияти занон («Модари Манижа: «То ҳол бароям норўшан аст чаро тарки саҳна кард») тобиши маъноӣ мусбат аст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз ҷиҳати шумора ва на аз ҷиҳати муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиби шумора Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

“Наҷот” (№31 (801), 31.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 24. Мардон – 18, занон – 1, якҷоя – 1.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 22. бо номи мардон -4, бо номи занон – 0, якҷоя – 0, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбии  мардон дар мавриди истифодаи ном мусбат ва муодил  аст.

Муҳтаво: Дар ягон мавод махсус аз фаъолияти зан ё мард сухан намеравад.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиб Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер