ozodagonwww.ozodagon.com “Озодагон”:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  72 мавод интишор намудааст.

Шумораи умумии аксҳо:  74. Дар аксҳо дар 44 маврид мардон, дар 4 маврид занон, дар 17 ҳолат якҷоя тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи ҳолатҳо ҳам мардон ва ҳам занон  мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 27 сарлавҳа номи мард, дар  1  сарлавҳа номи зан, дар 1 сарлавҳа якҷоя, дар 3 ҳолат ишора ба ҷинс омадаст.

Арзёбии  номҳо дар сарлавҳаҳо ба истиснои 1 сарлавҳа (“Маҳрум шудани Дадаҷонова, модари шаш фарзанд аз ҳаққи модарӣ”), мусбат аст,  ишора ба ҷинс дар  ҳар се ҳолат  ҳам ба занон буда (“Хидирзода:Аз хидмати фоҳишаҳо истифода накунед”, “Суғд: Худкушии ду духтари ноболиғ дар як ҳафта”, “Ҳимояти додрас аз келини ҳиҷобпӯш ва радди даъвои хушдоман”) тобиши манфӣ дорад.

Муҳтавои маводҳо: Дар 55 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 5 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 10 мавод фаъолияти мардону занон якҷоя омадаанд. Дар 2 мавод ишора ба ҷинс омадааст.

Аз маводҳое, ки муҳтавояш фаъолияти занонанд,  4 -тоаш (“Хидирзода:Аз хидмати фоҳишаҳо истифода накунед”,  “Суғд: Худкушии ду духтари ноболиғ дар як ҳафта”, “Маҳрум шудани Дадаҷонова, модари шаш фарзанд аз ҳаққи модарӣ”,   “Ҳимояти додрас аз келини ҳиҷобпӯш ва радди даъвои хушдоман”), оид ба масоили мушкилоти занон суҳбат мекунанд ва ҳама тобиши манфӣ доранд. Дар 1 мавод (“Ташвиши Гавҳар Шарофзода аз бисёр шудани “хар”-у “девона” ва номҳои туркӣ”), оид ба фаъолияти зани роҳбар сухан меравад. Ин ҷо тобиш муодил ва мусбї аст.

Вижагии сомона дар мавриди инъикоси масоили гендерӣ иттилоъ додан оид ба оилаҳои мардони мансабдор аст. Дар ин ҳафта ҳам  дар 1 мавод (“Абдуфаттоҳи Ғоиб, ҳавлии меросияш ва 29 хонаи як корманди гумрук”), ҳамин усул истифода шудааст, ки  зимнан барои шикастани қолаби маъмулии аз оила ҷудо тасвир шудани мардон мусоидат мекунад. Сомона расман доимо пайгирӣ шудани ин усулро  эълон кардааст. “Озодагон” тасмим гирифтааст, дар ҷараёни нишастҳои хабарии масъулони вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатии Тоҷикистон аз онҳо дар бораи дороӣ ва фарзандонашон бипурсад. Иттилои бадастомада дар торнамо нашр мешавад”.

Арзёбӣ:  Мардон (ба истиснои ахбори ҷиноӣ 6 мавод аз 55 ), мусбат инъикос шудаанд. Дар матолиб оид ба занон оҳанги манфӣ бештар  ба назар мерасад.

Хулоса: аз нигоҳи миқдор ва муҳтаво занону мардон нобаробар инъикос ёфтаанд.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ риоя шудаанд.

Тавсия:

  • Оид ба масоили гендерӣ, поймол шудани ҳуқуқи занон бояд мунтазам мавод интишор гардад;
  • Дар матолиб бояд фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бештар инъикос ёбад;
  • Маводҳое, ки дар бораи занони пешқадам ва муваффақ нақл мекунанд, бояд  мунтазам нашр гарданд.

ruzgorwww.ruzgor.tj :

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  16 мавод интишор намудааст. Маводҳо аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» ва сомонаи «Озодӣ» бознашр шудаанд.

Шумораи умумии аксҳо 16.  Дар аксҳо дар 11 маврид мардон, дар 2 маврид занон, дар 2 акс якҷоя тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 7 сарлавҳа номи мард ва дар 2 сарлавҳа номи зан  омадааст.

Арзёбии ҷинсҳо дар сарлавҳаҳо куллан мусбат аст.

Муҳтавои маводҳо: Дар 11 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 4 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 1 мавод фаъолияти мардону занон якҷоя омадаанд.

Аз 4 мақолае, ки ба рўзгори занон бахшида шудааст: “Латофат Насриддинова: Дар сиёсат шахси тасодуфӣ нестам!”, ”Аз хонаи Сурайё Қосимова сейфро дуздидаанд”, “Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Навҷавонон, ишқ, орзу, талоқ, хонавайронӣ...”,  танҳо дар яке итилоот аз ҷойи ҷиноят омадааст, вале он ҳам чун  маводи дигар тобиши мусбат дорад. Ин сомона ҳар ҳафта як  маводи тарғиботї аз зиндагии занони муваффақ интишор мекунад ва мақолаи “Латофат Насриддинова: Дар сиёсат шахси тасодуфӣ нестам!” аз ҳамин қабил мебошад. Дар ду маводи дигар таҳлили мушкилоти занон дар заминаи маводи нишасти матбуотӣ ҷой дорад.

Арзёбӣ: муҳтавои маводҳо ҳам дар бораи мардон, дар бораи занон, мусбат аст.

Хулоса: аз нигоҳи миқдору муҳтаво занону мардон  нобаробар инъикос ёфтаанд.  Ин сомона ягона сомонаест, ки рубрикаи махсуси “Зан ва ҷомеа” дорад ва ин ҳафта ду маводи дар боло зикршуда  зери ҳамин рубрика рафтаанд.

Дар як мавод “Бахтовар таҳдид кардааст, ки Думаи Русияро метарконад” номи персонаж ду хел: Бахтовар ва Бахтиёр рафтааст, ки хонандаро саргум мезанонад. Иқтибос: “Додгоҳи шаҳри Пензаи Русия шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Фозиловро барои таҳдиди телефонӣ, ки Думаи давлатии Русияро хоҳад тарконд, ба як соли зиндон маҳкум кард.”

Дар матолиби дигар меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ риоя шудаанд.

Тавсия:

  • Мактубҳои хонандагон бояд аз ҷониби идора хулоса карда шаванд, то хулосаи сатҳии муаллиф чун ҳукм боқӣ намонад.
  • Рубрикаи “Зан ва ҷомеа” ҳарчанд иқдоми хуб аст, вале худи ном тобиши онро медиҳад, ки зан бахши таркибии ҷомеа нест. Пайдо кардани номи тоза ин ҷо мувофиқи мақсад аст.
  • Хуб мешуд, агар дар ин рубрика маводҳо мунтазам нашр мегардиданд.
  • Ба бештар дар мавзуи занони фаъол нашр кардани мавод диққат дода шавад.

avestawww.avesta.tj :

Общее количество материалов: 100

Заголовки: С мужскими именами -  11, с женскими именами – 0, ссылка на пол – 7.

Все заголовки  оценены, как  положительные и нейтральные.

Фотографии: Общее количество – 10. Мужчины: 7,  женщины: 0, вместе: 1.

Все фотографии оцениваются  положительно и  нейтрально.

Содержание: В 57 материалах отражается деятельность мужчин, в 5 деятельность женщин, в 3 совместно.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин, кроме 2 из криминальной хроники, несут положительный и нейтральный оттенок. Материалы, где фигурируют только женщины (кроме 1), также нейтральны. 4 сообщения, где женщины и мужчины фигурируют вместе.

Из 4 материалов, где отмечены и мужчины и женщины, 2 из криминальной и  скандальной хроники (“Житель Турсунзаде подозревается в убийстве своей матери”, “На севере Таджикистана совершили суицид две девочки”).

Только в одном сообщении (”Таджикские мужчины стали подавать официальные жалобы на своих тещ”), упоминается проблемы семьи.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается как в количественном представлении материалов, так и в содержательном.

Нормы этики журналистики не нарушены.

Рекомендации:

  • Обратить  внимание на отражение гендерной политику правительства;
  • Опубликовать материалы о деятельности передовых женщин;
  • Сотрудничать с Комитетом по делам женщин и семьи и НПО, которые занимаются гендерными проблемами, женскими журналами для получения информации по данным вопросам.

xovar

www.khovar.tj :

Сомонаи мазкур дар тўли ҳафта 90 хабар ба табъ расонидааст ва дар онҳо 158 сурат истифода гардидааст. Дар 94 акс мардон, дар 6 акс занон, дар 56 акс якҷоя тасвир шудаанд. Қобили зикр аст, ки ҳамаи аксҳо мусбатанд.

Дар 20 сарлавҳа номи мардон, дар 2 сарлавҳа номи зан омадааст. Ишора ба ҷинс 0.

Ҳамаи сарлавҳаҳое, ки номи мардон ҷой дорад, инчунин 2 сарлавҳа бо номи занон, оҳанги  мусбат доранд. Аз 4 сарлавҳае, ки ишора ба ҷинс аст, ҳама ба занон дахл доранд ва  ҳама тобиши мусбат доранд.

Муҳтавои хабарҳо: Дар  60 хабар фаъолияти мардон ва дар 8 хабар фаъолияти занон инъикос ёфтааст. Дар 6 хабар фаъолияти занону мардон якҷоя инъикос шудааст. Аз хабарҳо оид ба мардон танҳо 1 хабар ба ҷиноят вобаста буда, оҳанги манфӣ дорад. Дар мавод мардон вобаста ба сиёсат, иқтисод, варзиш ва занон дар мавриди таъмини ҷойи кор («АТЛАС ВА АДРАСИ ХУҶАНД -2014»), маъюбон, маориф (фаъолияти Маркази тестӣ), мушкилоти забон инъикос ёфтаанд. Танҳо як хабар (“Омодагиҳо оид ба Чемпионати ҷаҳон-таэквандо”), аз олами варзиш дар бораи саҳми занон дар ин самт иттилоъ медиҳад.

Арзёбӣ: Ҳамаи хабарҳо оид фаъолияти мардон (ба истиснои ахбори ҷиноӣ) ва хабарҳо  дар бораи занон, ҳама комилан мусбат  ва муодил арзёбӣ мешаванд.

Оид ба ҳуқуқ ва масоили занон ягон мавод интишор нашудааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ  аз нигоҳи шумора ва  муҳтаво вуҷуд надорад.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

Тавсия:

  • Оид ба мавзуи занон, масоили гендерӣ ва сиёсати Ҳукумати кишвар дар ин самт матолиб бештар интишор гардад;
  • Барои дарёфти маводи мусбат оид ба фаъолияти занон бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ, созмонҳои ҷамъиятии бо масоили занон фаъолиятдошта, маҷаллаҳои занона ҳамкорӣ  барқарор намудан, ба манфиати кор аст.

Эрод ба ҳамаи сомонаҳо:

Номувофиқатии мавод бо сарлавҳа дар мавриди пахши хабарҳои ҷаҳон ( “Авесто”, “Ховар”), мактубҳои хонандагон (“Рӯзгор”) ба назар мерасад. Беҳтараш силсилаахбор зери сарлавҳаи умумии муносиб интишор гардад.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер