ozodagonwww.ozodagon.com “Озодагон”:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  131 мавод интишор намудааст.

Шумораи умумии аксҳо:  160. Дар аксҳо дар 95 маврид мардон, дар 24 маврид занон дар 13 ҳолат якҷоя тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Танҳо дар 1 ҳолат  мард манфӣ (қурбонии зуроварӣ (Шаҳбол Мирзоев) дигар дар ҳамаи ҳолатҳо ҳам мардон ва ҳам занон  мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 52 сарлавҳа номи мард, дар 3  сарлавҳа номи зан, дар 1 сарлавҳа якҷоя, дар 6 ҳолат ишора ба ҷинс омадаст.

Арзёбии  номҳо дар сарлавҳаҳо ба истиснои 1 сарлавҳа (“Боздошти Ҷумаҳмедови 65-сола бо иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси келинаш”) мусбат аст,  ишора ба ҷинс дар 3 ҳолат (2  ҳолат занон ва 1 ҳолат мардон) вобаста ба ҷиноят омадааст.

Муҳтавои маводҳо: Дар 90 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 8 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 15 мавод мардону занон якҷоя омадаанд. Дар 6 мавод ишора ба ҷинс омадааст.

Аз маводҳое муҳтавояш фаъолияти занонанд, дар 2 тоаш (“Ашк”-и Фарзонаи Хуршед баъди тавофи Каъба”, “Ҳоҷибибӣ”-ҳои шоу бизнеси тоҷик аз Хонаи Худо бо чӣ бармегарданд?”) оид ба фаъолияти санъаткорон сухан меравад ва мавод тобиши мусбат надорад ва мавзуи баҳсбарангез бо ишора ба ҷанбаъҳои аз ҷониби ҷомеа маҳкумшавандаи рўзгори ин оилаи санъаткорон меравад. Дар 1 мавод (“Файзиннисо Воҳидова: “Боздошти Шӯҳрат ҳушдор ба дигарон аст, ки...”) оид ба фаъолияти занони ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова ва Дилбар Самадова сухан меравад. Ин ҷо тобиш муодил ва мусбат аст. Маводҳои дигар аз рӯзгори занони хориҷӣ нақл мекунанд. Аз онҳо 2 мавод (“Пешниҳоди профессори исроилӣ ва эътирози ҷомеаи маданӣ”, ”Қатли зан ба дасти ҳамсар... барои SMS ба марди бегона”) тобиши манфӣ доранд. Аз ин мақолаҳо “АКС: Зеботарин занҳои низомӣ дар артиши ҷаҳон” таъсири қолабшиканона дорад чун дар бораи фаъолияти занон дар соҳае, ки аз диди қолабҳои гендерӣ мардона дорад, сухан меравад. Вале инъикоси мавзуъ мувофиқи мақсад нест, зеро дар муқаддима дар маърази таваҷҷуҳ зоҳири занон қарор гирифтааст, на арзиши касбияшон. (Иқтибос: “Номи бонувони низомии Руминия ба далели хиромон ва зебоияшон дар садри феҳристи зеботарин занони низомии ҷаҳон қарор гирифтааст. Дар қатори Руминия чанде дигар аз кишварҳои ҷаҳон иҷоза додаанд, то занону духтаронашон дар саффи артиш хидмат ва ҳатто дар ҷангҳо иштирок кунанд”.) Ба ҷуз ин истинод, идомаи мавод ба имконоту ҳуқуқҳои занону мардон дар ин маврид дар кишварҳои гуногуни олам бахшида шудааст ва ишорае ба кишвари мо ҳам ҳаст: “Дар Тоҷикистон занҳо ҳаққи хидмат дар артишро надоранд. Бар асоси қонунҳои кишвар танҳо ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ба сарбозӣ ҷалб мешаванд”. Ба ин тариқ, мақола ба мавзуи нақзи ҳуқуқи занон дахл мекунад.

Вижагии сомона дар мавриди инъикоси масоили гендерӣ иттилоъ додан оид ба оилаҳои мардони мансабдор аст. Дар ин ҳафта ҳам дар 2 мавод (“Пул дар бонк, хона, боғи калон, мерседес дорам, аммо қаср не”, Вазири адлия: “Худам хонаи 3-ҳуҷраӣ, ҳамсарам манзили 4-ҳуҷраӣ дорад”) ҳамин усул истифода шудааст, ки  барои шикастани қолаби маъмулии аз оила ҷудо тасвир шудани мардон мусоидат мекунад.

Арзёбӣ:  Мардон (ба истиснои ахбори ҷиноӣ), мусбат инъикос шудаанд. Дар матолиб оид ба занон оҳанги манфӣ бештар  ба назар мерасад.

Хулоса: аз нигоҳи миқдор ва муҳтаво занону мардон  нобаробар инъикос ёфтаанд.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

Тавсия:

  • Оид ба масоили гендерӣ, поймол шудани ҳуқуқи занон бояд мунтазам мавод интишор гардад;
  • Дар матолиб бояд фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бештар инъикос ёбад;
  • Маводҳое, ки дар бораи занони пешқадам ва муваффақ нақл мекунанд, бояд  мунтазам нашр гарданд.

Ruzdorwww.ruzgor.tj :

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  26 мавод интишор намудааст. Маводҳо аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» ва сомонаи «Озодӣ» бознашр шудаанд.

Шумораи умумии аксҳо 23.  Дар аксҳо дар 8 маврид мардон, дар 3 маврид занон, дар 4 акс якҷоя  тасвир  шудаанд.

Арзёбӣ: Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 6 сарлавҳа номи мард ва дар 1 сарлавҳа номи зан омадааст, дар 1 сарлавҳа якҷоя омадаанд.

Арзёбии ҷинсҳо дар сарлавҳаҳо куллан мусбат аст.

Муҳтавои маводҳо: Дар 11 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 4 мавод фаъолияти мардону занон якҷоя омадаанд.

Дар  мақолаи “Модари Манижа: "То ҳол бароям норӯшан аст чаро тарки саҳна кард", сухан аз рӯзгори зани санъаткор меравад. Мавод тобиши мусбат дорад ва барои дастгирии занон дар саҳна мусоидаткунанда аст.

Маводи дигар, ки бо зерсарлавҳаи “Тавба аз ҳиллаҳои нави фоҳишаҳо” дар рубрикаи “Рӯзгор” ва хонанда” аз номи зане интишор шудааст, оҳанги манфӣ дорад. Он ба масъалаи ахлоқи занон ва ҳиҷоб дахл мекунад ва чун номаест, таҳлил надошта, мавзуъ яктарафа ва сатҳӣ матраҳ шудааст.

Арзёбӣ: муҳтавои маводҳо дар бораи мардон комилан мусбат, дар бораи занон яке мусбат, дигаре манфист.

Хулоса: аз нигоҳи миқдору муҳтаво занону мардон  нобаробар инъикос ёфтаанд.  Ин сомона ягона сомонаест, ки рубрикаи махсуси “Зан ва ҷомеа” дорад.

Тавсия:

  • Мактубҳои хонандагон бояд аз ҷониби идора хулоса карда шаванд, то хулосаи сатҳии муаллиф чун ҳукм боқӣ намонад.
  • Рубрикаи “Зан ва ҷомеа” ҳарчанд иқдоми хуб аст, вале худи ном тобиши онро медиҳад, ки зан бахши таркибии ҷомеа нест.  Пайдо кардани номи тоза ин ҷо мувофиқи мақсад аст.
  • Хуб мешуд, агар дар ин рубрика маводҳо мунтазам нашр мегардиданд.
  • Ба бештар дар мавзуи занони фаъол нашр кардани мавод диққат дода шавад.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

avestawww.avesta.tj :

Общее количество материалов: 145.

Заголовки: С мужскими именами -  19, с женскими именами – 1, ссылка на пол – 6.

Все заголовки  оценены, как  положительные и нейтральные.

Фотографии: Общее количество – 9. Мужчины: 7,  Женщины: 0. Вместе:  1.

Все фотографии оцениваются  положительно и  нейтрально.

Содержание: В 100 материалах отражается деятельность мужчин, в 2 деятельность женщин, в 7 совместно.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин, кроме криминальной хроники   несут положительный и нейтральный оттенок. Материалы где фигурируют только  женщины также нейтральны.

Из 5 материалов, где отмечены и мужчины и женщины,  4 из криминальной хроники. Хотя материалов по статистики не мало, однако только в сообщении по суициду имеется гендерная разделение: “В Б.Гафурове зарегистрировано 6 самоубийств. По данным правоохранительных органов, из общего числа самоубийц половину составляют женщины”.  Только в одной статье “БРИКС объявляет шах “желтому дьяволу”, наряду с именем президента США Бараком Обамой приводится имя  президента Бразилии Дилма Руссеффд.  В 2 материалах (“В Согде трудоустроили более 3,2 тыс. женщин.”, ”Глава ТПП по Согдийской области посетил Иран”),  упоминается  проблема трудоустройства женщин.

Нет не одного материала о правах женщин.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается как в количественном представлении материалов, так и в содержательном.

Нормы этики журналистики не нарушены.

Рекомендации:

  • Отразить гендерную политику правительства  страны наиболее полно;
  • Больше опубликовать материалы о деятельности передовых женщин;
  • Сотрудничать с Комитетом по делам женщин и семьи и НПО, которые занимаются гендерными проблемами, женскими журналами для получения информации по данным вопросам.

xovarwww.khovar.tj :

Сомонаи мазкур дар тўли ҳафта 123 хабар ба табъ расонидааст ва дар онҳо 59 сурат истифода гардидааст. Дар 24 акс мардон, дар 12 акс занон, дар 19 акс якҷоя тасвир шудаанд. Қобили зикр аст, ки ҳамаи аксҳо мусбатанд.

Дар 11 сарлавҳа номи мардон, дар 2 сарлавҳа номи зан омадааст. Дар 4 сарлавҳа («Ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ”, ”Мулоқоти  М.Ҷабборӣ бо фаъолзанони Ҳисор”), ”Ҷавондухтарон ҳунарҳои дастӣ меомӯзанд”, ”Ҷалби занони маъюб ба курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ”) ишора ба ҷинс ҷой дорад.

Ҳамаи сарлавҳаҳое, ки номи мардон ҷой дорад, инчунин 2 сарлавҳа бо номи занон, оҳанги  мусбат доранд. Аз 4 сарлавҳае, ки ишора ба ҷинс аст, ҳама ба занон дахл доранд ва  ҳама тобиши мусбат доранд.

Муҳтавои хабарҳо: Дар  69 хабар фаъолияти мардон ва дар 8 хабар фаъолияти занон инъикос ёфтааст. Дар 7 хабар фаъолияти занону мардон якҷоя инъикос шудааст. Дар 5 хабар (“Ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ”, ”Мулоқоти  М.Ҷабборӣ бо фаъолзанони Ҳисор”, ”Ҷавондухтарон ҳунарҳои дастӣ меомӯзанд”, ”Ҷалби занони маъюб ба курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ”, ”Дасти кумаки «Парастор» ба ниёзмандон “) масоили занон инъикос ёфтаанд.

Арзёбӣ: Ҳамаи хабарҳо оид ба фаъолияти мардон (ба истиснои ахбори ҷиноӣ) ва хабарҳо  дар бораи занон, ҳама комилан мусбат  арзёбӣ мешаванд.

Оид ба ҳуқуқи занон ягон мавод интишор нашудааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ  аз нигоҳи шумора вуҷуд надорад.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

Тавсия:

  • Оид ба мавзуи занон, масоили гендерӣ ва сиёсати Ҳукумати кишвар дар ин самт матолиб бештар интишор гардад;
  • Барои дарёфти маводи мусбат оид ба фаъолияти занон бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ, созмонҳои ҷамъиятии бо масоили занон фаъолиятдошта, маҷаллаҳои занона ҳамкорӣ барқарор намудан ба манфиати кор аст.

Эрод ба ҳамаи сомонаҳо:

Номувофиқатии мавод бо сарлавҳа дар мавриди пахши хабарҳои ҷаҳон (“Ховар”, “Авесто”), мактубҳои хонандагон (“Рӯзгор”), ба назар мерасад. Беҳтараш силсилаахбор зери сарлавҳаи умумии муносиб интишор гардад.

 

 

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер