“Нигоҳ”  (№18 (400), 23.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 25. Мардон -18, занон- 3, якҷоя - 0.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 20. Бо номи мардон -7, бо номи занон -1, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ:  Ҳамаи сарлавҳаҳо тобиши мусбат ва муодил ва танҳо 2-тояш тобиши манфӣ доранд.

Муҳтаво: Дар 6 мавод дар бораи фаъолияти мардон, дар 1 мавод фаъолияти занон, дар 1 мавод фаъолияти якчояи ҳарду ҷинс сухан меравад.

 

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо мардон мусбат ва тимсоли  қудрат тасвир шудаанд. Лекин дар ягона маводе, ки оид ба фаъолияти зан аст, яъне дар номаи кормандони мактаби № 3, зери сарлавҳаи «Пуштибони Назирова кист?» аз амалҳои ғайриқонунии сарвари мактаби мазкур  Наима Назирова сухан меравад ва оҳанги манфӣ дорад.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз нигоҳи шумора ва на аз нигоҳи муҳтаво, вуҷуд надорад.

Дар матолиб Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

“Тоҷикистон”  (№39 (1072),  24.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 21. Мардон- 9, занон- 3, якҷоя -3.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва муодил (нейтрал) аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 26. Бо номи мардон -7, бо номи занон -2. Ишора ба ҷинс  -0.

Арзёбӣ: Дар  сарлавҳаҳо  тобишҳои  ҳам муодил ҳам мусбат ва ҳам манфӣ дида мешаванд.

Муҳтавои маводҳо:

Дар 15 мавод фаъолияти мардон, дар 1 мавод фаъолияти занон ва дар 1 ҳолат  якҷоя инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Дар яке аз маводҳо – «Шуҳрат Қудратов ба маблағи калон пора гирифтааст» оид ба пора гирифтани адвокат Шуҳрат Қудратов  сухан меравад, яъне фаъолияти мард тобиши манфӣ дорад. Дар навиштаи И. Идиев «Баҳорро занед, 3 ҳазор медиҳед» дар хусуси ҷанги байни Худойқул ва Баҳор ном зан меравад, ки оқибати кор ба милиса меафтад. Баҳор аз Худойқул барои  аризаашро аз  муфаттиш гирифтан 3 ҳазор доллар талаб карда, 2 ҳазорашро ба муфаттиш доданӣ мешавад. Муфаттиш таклифи Баҳорро рад карда, дар шоҳидии ҳамкоронаш санад тартиб дода, аз болои Баҳор ҳамчун порадеҳ ва порахўр парвандаи ҷиноӣ оѓоз кардааст. Хуллас, дар ин мавод фаъолияти зан  манфӣ арзёбӣ гаштааст.

Маводи дигар «Ҳоҷиҳофизҳо» таваҷҷуҳи хонандаро ба ҳоҷибибӣ шудани сарояндаҳои машҳур – Шабнаму Фарзона ҷалб намудааст. Муаллиф кўшидааст баъди сафари хонаи Худо дар саҳна мондан ё намондани ин сарояндаҳои маҳбубро рўшан намояд. Барои ин ў  ҳоҷиҳофизони мард, чун Ҷўрабек Муроду Афзалшоҳ Шодӣ ва дигаронро мисол овардааст, ки баъди баҷо овардани маросими ҳаҷ дар амали онҳо ягон тағйироте ба амал наомадааст. Аммо ҳофизи хушовоз Маликаи Саидзод баъди ҳаҷ рафтан саҳнаро тамоман тарк кард. Ҳарчанд ин амалаш маводро ҷолиб намуда бошад ҳам, лекин сабаби баръало рў задани тафовутҳои гендерӣ гаштааст.  Хуллас,   маводҳо мусбат, муодил ва манфианд.

Хулоса:  На аз нигоҳи шумора ва на аз нигоҳи муҳтаво, мувозинати гендерӣ дар мундариҷаи ҳафтанома ҷой надорад.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд.

“Фараж” (№ 30 (399), 23.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 27. Мардон – 16, занон – 4, якҷоя – 3.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 30. Бо номи мардон – 7, бо номи занон – 0, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбии ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва муодил  аст.

Муҳтаво: Дар 11 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод дар бораи зан ва дар 1 мавод («Муҳоҷирон») дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон ҳама тобиши мусбат доранд, ба истиснои як мавод – «Генерал Гулмадов пули маро диҳад!» Дар маводи якҷоя ҳам занон ва ҳам мардон  муодил тасвир шудаанд. Дар мавриди фаъолияти занон гуфтан мумкин, ки маводи алоҳида мавҷуд нест. Танҳо дар ду мавод – назарпурсӣ «Адвокати Зайд Саидов мешавед?» ва «Чор чеҳраиҳафта» дар қатори 4 мард андешаҳои 2 зан оварда шудаанд.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ  на аз нигоҳи шумора риоя нашудаасту на аз нигоҳи муҳтаво.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

“Чархи гардун” (№30 (933), 23.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 39. Мардон – 22, занон – 9, якҷоя – 5.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва муодил аст.

Танҳҳо дар 3 ҳолат аксҳо маънои манфиро ифода мекунанд.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 45. Бо номи мардон – 9, бо номи занон – 1, ишора ба ҷинс – 3.

Арзёбии  мардон дар мавриди истифодаи ном ва ишора ба ҷинс мусбат ва муодил, танҳо дар ду ҳолат манфист. Дар мавриди ишора ба ҷинс (занон 1 ҳолат, мардон 2 ҳолат) дар мавриди занон  « Зани ҳамёндузд» ва  мардон «Муъҷизаву каромоти» ҳоҷи Муҳаммадҷон», «200 ҷавони тоҷик дар Сурия меҷанганд» манфист.

Муҳтаво: Дар 16 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 4 мавод дар бораи зан ва дар 3 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Дар 6 ҳолат дар маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ (ахбори ҷиноӣ) манфист, аз 4 мавод дар бораи занон  2 ҳолаташ манфист. Дар  маводи  «200 ҷавони тоҷик дар Сурия меҷанганд» зери сарлавҳаи хурди «Ҳабсҳои маъмурӣ бар зидди фоҳишаҳо»  вазири корҳои дохилї Раҳимзода Р. Ҳ.  хабар додааст, ки «дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 593 ҷинояти вобаста ба танфурўшӣ, даллагӣ ва истисмори шаҳвонӣ ошкор гашта, дар ин муддат 1 ҳазору 777 фоҳиша ба қайд гирифта шудааст… Шумораи даллаҳову соҳибони фоҳишахонаҳо  бошад, ба 2 ҳазору 502 нафар мерасад». Раҳимзода мегўяд, ки Вазорати корҳои дохилӣ  ният дорад баҳри мубориза алайҳи фоҳишаҳо ҳабси маъмуриро пеш гирад. Ин ҷо бояд гуфт, ки аз диди гендерӣ масъала яктарафа матраҳ шудааст. Хуб мешуд, ки алайҳи мардоне ки аз хизмати фоҳишаҳо истифода мебаранд, низ чора андешида шавад. Дар маводи якҷоя ҳам  мардон ва ҳам занон, муодил инъикос ёфтаанд.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиб Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

“Пайк”  (№29 (54),  23.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 34. Мардон-11, занон- 3, якҷоя – 11.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва нейтрал аст, ба истиснои ду акс, ки манфианд.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 25. Бо номи мардон – 5, бо номи занон -0, якҷоя – 0. Ишора ба ҷинс – 2.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи сарлавҳаҳо мардон мусбат арзёбӣ шудаанд. Танҳо сарлавҳаи

«Сангов: маро интиқод накунед», тобиши манфӣ дорад.

Муҳтаво: Дар 6 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 2 мавод дар бораи зан ва дар 1 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Дар 4 мавод дар бораи фаъолияти мардон оҳанги гуфтор мусбат аст. Дар 2 мавод – «Сангов: маро интиқод накунед» ва «Корманди коррупсия хонаамро гирифт», фаъолияти мардон тобиши манфӣ дорад. Дар 2 маводе, ки сухан аз фаъолияти занон меравад («На ҳар маҳбус шоистаи афв аст…» ва «Ҳабси ду зани суғдӣ барои хариду фурўши инсон»),  ҳарду аз хусуси ҷинояткории занон қисса мекунанд ва баҳогузорӣ манфист. Дар маводе, ки ба ҷинс далолат мекунад, яъне

«Гулдухтарон ба фатҳи Фаластин мераванд», фаъолияти занон тобиши мусбат дорад.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз ҷиҳати шумора ва на аз ҷиҳати муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиб Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

“Азия – плюс” (№56 (939), 24.07. 2014):

Общее количество фотографий: 63. Мужчины -29, женщины -4, вместе – 7.

Все фотографии оцениваются положительно и  нейтрально.

Заголовки: Общее количество: 54. С мужскими именами – 10, с женскими именами – 1, ссылка на пол – 0, вместе - 0.

Все заголовки  оценены как  положительные и нейтральные.

Содержание: В 12 материалах отражается деятельность мужчин, в 2 деятельность женщин, в 2 совместно.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин,  положительный оттенок. Материалы о женщинах все исключительно положительные. Материалы, где мужчины и женщины отражаются вместе, также нейтральны.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается и в количественном представление материалов, и в  содержание.

Нормы этики журналистики не нарушены.

“Минбари халқ”  (№30 (957),  24.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 29. Мардон -6, занон- 3, якҷоя –9.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ:40. Бо номи мардон -0, бо номи занон -1. Ишора ба ҷинс – 0.

Муҳтаво: Дар 1 мавод фаъолияти мардон, дар 1 ҳолат фаъолияти занон, якҷоя–0 инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо арзёбии фаъолияти мардону занон  мусбат аст.  Аз нигоҳи шумора ва муҳтаво мувозинати гендерӣ вуҷуд надорад.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд.

“Наҷот” (№30 (800), 24.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 22. Мардон – 17, занон – 1, якҷоя – 2.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 21. Бо номи мардон -4, бо номи занон – 0, якҷоя – 0, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбии  мардон дар мавриди истифодаи ном мусбат ва муодил  аст.

Муҳтаво: Дар 3 мавод сухан аз фаъолияти мардон меравад ва танҳо дар 1 мавод – «Муллоситезӣ» -и асроромез», андешаҳои як зан – Ҳуринисо Гаффорзода, раиси созмони «Оштии миллӣ»  оварда шудааст.

Арзёбӣ: Дар  ҳамаи маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ  мусбат ва муодил аст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

Дар матолиб Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер