Ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, ташкилоти ҷамъиятӣ ва намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар кишвар бо пахши як изҳорот аз боздошти Шуҳрат Қудратов нигаронӣ карда, аз ҳукумат хотима додани саркӯбсозии адвокатҳоро талаб карданд.

Дар Изҳороти созмонҳои дифоъи ҳуқуқ, ки дастраси TojNews шуд, гуфта мешавад, "беҷазоӣ барои чунин таъқибот дар кишвар ба адвокатҳои дигар таъсири манфӣ расонида, сифати кори онҳоро коҳиш медиҳад ва маҷбур месозад, ки онҳо аз пеш бурдани парвандаҳои муайян даст кашида, дар фазои тарсу ҳарос аз ҳаёти худ ва аъзои оилаашон, ки ба онҳо низ хатар таҳдид мекунад, фаъолият баранд.

-Адвокатҳои Зайд Саидов дар ҷараёни тафтишот, зимни мурофиаи судӣ ва баъд аз эълони ҳукм изҳор доштанд, ки аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ мавриди таъқибу фишор ва таҳдид қарор гирифтанд, дар ВАО чандин маротиба оид ба таҳдидҳо ба ин ҳимоятгарон ва аъзои оилаи онҳо баёнияҳо нашр гардида буд.

Асли 16-и Принсипҳои асосии нақши ҳуқуқшиносон чунин муқаррар кардааст: «Ҳукуматҳо таъмин месозанд, ки ҳуқуқшиносон: а) ҳамаи уҳдадориҳои касбиашонро дар фазои озод аз таҳдиду монеаҳо, тарсу ҳарос ва дахолати беасос иҷро карда тавонанд; b) сафарҳо анҷом дода, бидуни монеа дар дохил ва хориҷи кишвар бо мизоҷони худ машварат кунанд; ва с) мавриди таъқиби судӣ ва муҷозоти додгоҳӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ё дигар намуди ҷазо барои ҳама гуна амали дар доираи уҳдадориҳои эътирофшудаи касбӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ анҷомдодаашон, ҳамчунин мавриди таҳдиди чунин таъқибот ва муҷозот қарор нагиранд».

Муаллифони Изҳорот аз аз мақомоти давлатии Тоҷикистон даъват ба амал овардаанд то:

- Тафтиши воқеъбинона ва беғаразонаи парвандаҳои Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров таъмин карда шавад ва баррасии ин парвандаҳо ба фаъолияти касбии онҳо, аз ҷумла, иштирокашон ба ҳайси ҳимоятгар дар парвандаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ тавъам дониста нашавад;

- меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон риоя шуда, таҷрибаи таъқибу фишори адвокатҳо барои фаъолияти касбии онҳо хотима ёбад;

- мақомоти давлатӣ аз дахолати мустақим ва ё бавосита ба фаъолияти адвокатҳо худдорӣ варзанд, аз ҳама гуна саркӯбсозии онҳо даст кашанд;

- вақте адвокат дастгир ё ҳабс мешавад, иттилоотонии фаврии иттиҳодияи дахлдори ҳуқуқшиносон ва ҷомеа оид ба сабабҳои чунин амал зарур аст, ҳамчунин дастрасии бидуни таъхир ба ҳимоятгар бояд таъмин карда шавад ва уҳдадориҳои дигари давлат, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд, бояд татбиқ гарданд.

tojnews.org

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер