Худоёр Валиев , сармуҳаррири барномаҳоирадиои «Садои Душанбе»  рӯзи 23 июл пас аз як баҳс бо масъулини шабакаи Радиои Тоҷикистон, ки «Садои Душанбе» зертобеъи он мебошад, аризаи истеъфои худро навиштааст.

Зимни як тамоси телефонӣ Валиев ба истеъфо рафтани худро тасдиқ кард ва гуфт, дахолати ноҷо ба кораш, ки монеъи пешравӣ шуда метавонад, ӯро ба ин кор водоштааст.  Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, масъулини Радиои Тоҷикистон бархе зердастони ӯро аз масъулияти корӣ раҳо мекарданд, ки ин амал боиси дуруст таҳияи нашгудани барномаҳо дар ин радио мегардид.

"Баъзе аз кормандон бидуни он ки маро дар ҷараён гузоранд, ба кор намеомаданд ва вақте ман аз онҳо мепурсидам, ки чаро ба кор наомадед, мегуфтанд, ки аз раҳбарияти Радиои Тоҷикистон ҷавоб гирифтаанд. Дахолати нодуруст ба кор ҳамеша раванди таҳияи барномаҳоро халалдор мекард ва бинобар ин дар чунин вазъият дигар кор кардан нахостам ва истеъфо додам,"- гуфт, Валиев.

 

Дар ҳамин ҳол, Фаррух Зиёев, муовини директории Радиои Тоҷикистон гуфт, воқеан, дирӯз Худоёр Валиев дар ҳузури ӯ аризаи аз кор рафтанашро навишт, вале то ҳоло маълум нест, ки ин аризаро раҳбарият имзо карданд ё на.

«Ин ҷо эътирозу истеъфо набуд. Фақат Худоёри Валӣ каме норозигӣ карданд ва аризаи худро навиштанд, вале ҳоло ин маънои онро надорад, ки ӯ аз кор рафта бошад, зеро аризааш имзо нашудааст,» - гуфт Зиёев.

Худоёр Валиев, бештар аз як сол вазифаи сармуҳарририи барномаҳои Радиои «Садои Душанбе»-ро бар дӯш дошт. То омадан ба ин вазифа сармуҳаррири барномаҳои ҷавонии Шабакаи аввали Тоҷикистонро ӯҳда мекард.

Радиои «Садои Душанбе» бо ташабуси Сайф Раҳимзоди Афардӣ, собиқ раҳбари Кумитаи Радио ва телевизиони Тоҷикистон дар соли 1999 таъсис ёфта, бештар барномаҳои фарҳангӣ фароғатӣ пахш мекунад. Ин Радио дар саросари Тоҷикистон дар мавҷҳои кӯтоҳ 12 соат мустақим ва 12 соати дигар такроран барнома пахш мекунад.

Худоёри Валӣ дар соли ҷорӣ дувумин раҳбари як расонаи давлатӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз мақоми худ истеъфо медиҳад. Дар моҳи январ Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз мақоми мудири телевизиони «Пойтахт» низ ба далели норозигиаш истеъфо дода буд.

http://www.ozodi.org

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер