Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (OSCE) оид ба озодии ВАО дар робита ба масдудияти шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба шаҳрвандони кишвар дастрасии озод ба интернетро таъмин созад.

Дар изҳороти Мятович, ки сомонаи САҲА нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад, “Тоҷикистонро лозим аст, аз чунин амалҳо ва маҳдудиятҳои беасос, ки шаҳрвандонро аз ҳуқуқи ҷустуҷӯ, дарёфт ва паҳн кардани маълумот маҳрум мекунад, даст бардорад”.

Дар ин изҳорот омадааст, 18 июл як қатор интернет-провайдерҳои Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи “Одноклассники”-ро маҳдуд карданд. Аммо дар Хадамоти давлатии алоқа мегӯянд, аз масдудияти ин шабакаи иҷтимоӣ огаҳӣ надоранд. Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО ҳамчунин аз масдудияти сомонаи Youtube дар оғози моҳи июн ёдовар шуда, гуфтааст “чунин тасмимҳо метавонад ба озодии Интернет таъсири манфӣ расонад ва ба сонсур аз ҷониби пешниҳодкунандаҳои хизматрасонӣ сабаб шавад”.

Теъдоди истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар гуфта мешавад.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер