www.ozodagon.com “Озодагон”:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  91 мавод интишор намудааст.

Шумораи умумии аксҳо: 140. Дар аксҳо дар 78 маврид мардон, дар 13 маврид занон, дар 15 ҳолат якҷоя тасвир  шудаанд.

Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 43 сарлавҳа номи мард, дар 4 сарлавҳа номи зан, дар 2 ҳолат ишора ба ҷинс омадаст.

Арзёбии  номҳо  дар сарлавҳаҳо мусбат аст,  ишора ба ҷинс дар 3 ҳолат вобаста ба ҷиноят омадааст.

Муҳтавои маводҳо: Дар 68 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 7 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 8 мавод фаъолияти мардону занон якҷоя омадаанд. Дар 2 мавод ишора ба ҷинс омадааст. Дар  8 мавод (“Ҷаримабандии Ҳомиев барои дузанагӣ дар Нуробод”, “Боздошти Носировҳо барои қатли занони тоҷик дар ҷангали Петербург”,  “Таҷовузи духтари 16-сола аз сӯи бародараш дар Рашт”, “Шикояти наздикони Мумтози ғӯрамарг ба додситонӣ аз болои пизишкон”, “Ҳоҷӣ Мирзо: "Агар осмону заминро ҳам дар ихтиёри худ дароред, рӯзе ҷонро месупоред", “Ҳалокати зане, ки худро аз ошёнаи болоии меҳмонхона ҳаво дод”, “Номаи Додоҷони Атовулло ба модараш: “Танҳо ин дарё медонад, ки ташнаи дидор будан чист”), ба мавзуи  занон дахл карда шудааст.  Аз ин номгуй дар  мақолаи “Ҳоҷӣ Мирзо: "Агар осмону заминро ҳам дар ихтиёри худ дароред, рӯзе ҷонро месупоред", ба масоили ҳуқуқи занон аз нигоҳи Шариат ишора шудааст, дар матолиби дигар сухан аз ҷиноятҳо зидди занон меравад.

Вижагии сомона дар мавриди инъикоси масоили гендерӣ иттилоъ додан оид ба оилаҳои мардони мансабдор аст. Дар ин ҳафта ҳам  дар маводи “Хона, ГАЗ-24 ва насаби русии собиқ раиси Кумитаи амният”, ҳамин усул истифода шудааст, ки барои шикастани қолаби маъмулии аз оила ҷудо тасвир шудани мардон мусоидат мекунад.

Сомона расман доимо пайгирӣ шудани ин усулро  эълон кардааст: “Озодагон” тасмим гирифтааст, дар ҷараёни нишастҳои хабарии масъулони вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатии Тоҷикистон аз онҳо дар бораи дороӣ ва фарзандонашон бипурсад. Иттилои бадастомада дар торнамо нашр мешавад”.

Арзёбӣ:  Мардон ва занон (ба истиснои ахбори ҷиноӣ), мусбат инъикос шудаанд

Хулоса: аз нигоҳи миқдор занону мардон  нобаробар инъикос ёфтаанд. Дар  маводҳои ба масоили занон бахшидашуда тарзи ифода ва инъикос хилофи меъёр нест.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

***

www.ruzgor.tj :

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  9 мавод интишор намудааст. Маводҳо аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» ва сомонаи «Озодӣ» бознашр шудаанд.

Шумораи умумии аксҳо 7.  Дар аксҳо дар 5 маврид мардон, дар 2 маврид занон тасвир  шудаанд. Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 2 сарлавҳа номи мард ва дар ду сарлавҳа номи зан  омадааст.

Арзёбии ҷинсҳо дар сарлавҳа куллан мусбат аст.

Муҳтавои маводҳо: Дар 4 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод аз фаъолияти занон  меравад. Дар 3 мавод фааъолияти мардону занон якҷоя омадаанд.

Дар 2 мавод (“Низорамоҳ Зарифова: Аз зиракии кӯдакӣ то сиёсат”, “Ҷавоби марги Мумтозро кӣ медиҳад?”), сухан оид ба занон меравад. Мақолаи “Низорамоҳ Зарифова: Аз зиракии кӯдакӣ то сиёсат” тарғиби фаъолияти зани сиёсатмадор ва обруманд буда, барои пешравии фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Арзёбӣ: муҳтавои маводҳо дар бораи мардон комилан мусбат, дар бораи занон яке мусбат, дигаре ба фоҷеа вобаста аст.

Хулоса: аз нигоҳи миқдор занону мардон  нобаробар инъикос ёфтаанд.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

***

www.avesta.tj :

Общее количество материалов: 137.

Заголовки: С мужскими именами -  10, с женскими именами – 2, ссылка на пол – 6.

Фотографии: Общее количество – 19. Мужчины – 4, женщины – 0, вместе – 4.

Все фотографии оцениваются  положительно и  нейтрально. Все заголовки  оценены, как  положительные и нейтральные.

Содержание: В 75 материалах отражается деятельность мужчин, в 8 деятельность женщин, в 5 совместно.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин, кроме 4, несут положительный оттенок. Из 8 материалов о женщинах 2  несут  положительный (“Женская юниорская сборная Таджикистана вместо Шри-Ланки поедет в Палестину”, ”87 эскизов-участниц конкурса на лучший эскиз герба Худжанда переданы в исторический музей Согда”), 5 негативный оттенок (“В Худжанде судят трех женщин – за “торговлю людьми” и “недонесение”,“Сотрудница Таджикского госмедуниверситета задержана при получении $11 тыс.»).

Из 8 материалов, где отмечены и мужчины и женщины в 5  («Братья Носировы подозреваются в убийстве двух женщин – граждан Таджикистана”, “Распря в семье президента Каримова и загадка исчезновения его дочери”, ”11-летний житель Фархора застрелил из отцовского ружья свою сестру”,”Двое пожилых жителей Вахдата и Б.Гафурова подозреваются в сексуальном домогательстве к детям”, ”В Узбекистане осуждены двое из окружения Гульнары Каримовой”), оттеннок отрицательный. В 3-х других наряду с мужчинами упоминаются и  имена  женщин, ответственных за определенные мероприятия.

Нет не одного материала о правах женщин.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается как в количественном представлении материалов, так и в содержательном.

Нормы этики журналистики не нарушены.

***

www.khovar.tj :

Сомонаи мазкур дар тўли ҳафта 159 хабар ба табъ расонидааст, ки дар онҳо 49 сурат истифода гардидааст. Дар 35 акс мардон, дар 2 акс занон, дар 11 акс якҷоя тасвир шудаанд. Ќобили зикр аст, ки ҳамаи аксҳо мусбатанд.

Дар 15 сарлавҳа номи мардон, дар 2 сарлавҳа номи зан омадааст. Дар 3 сарлавҳа «780 ЗАНИ ВАРЗИШГАРИ ФАЪОЛ», «НИГОҲИ ПУРМЕҲР СӮИ ЗАН», «ОЗМУНИ «БОНУВОНИ БЕҲТАРИНИ ДОНИШКАДА-2014» ДАР ДМИТ), ишора ба ҷинс ҷой дорад.

Ҳамаи сарлавҳаҳое, ки номи мардон ҷой дорад, инчунин 2 сарлавҳа бо номи занон, оҳанги  мусбат доранд. Аз 3 сарлавҳае, ки ишора ба ҷинс аст, ҳама ба занон дахл доранд ва  ҳама тобиши мусбат доранд.

Муҳтавои хабарҳо: Дар  89 хабар фаъолияти мардон ва дар 7 хабар фаъолияти занон инъикос ёфтааст. Дар 6 хабар фаъолияти занону мардон якҷоя инъикос шудааст.

Арзёбӣ: Аз хабарҳо оид ба фаъолияти мардон 3 –тоаш, дар бораи занон 1-тоаш манфӣ арзёбӣ мешаванд (бо ҷиноят ва фалокатҳо марбутанд), хабарҳои дигар ҳама оҳанги мусбат доранд.

Оид ба ҳуқуқи занон ягон мавод интишор нашудааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ  аз нигоҳи шумора вуҷуд надорад.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер