“Нигоҳ”  (№17 (399), 16.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 29. Мардон -18, занон- 1, якҷоя - 0.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 22. Бо номи мардон -10, бо номи занон -0, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ:  Ҳамаи сарлавҳаҳо тобиши мусбат ва муодил доранд.

Муҳтаво: Дар 19 мавод дар бораи фаъолияти мардон, дар 3 мавод фаъолияти занон, дар 2 мавод фаъолияти якчояи ҳарду ҷинс сухан меравад.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо мардон мусбат ва тимсоли  қудрат тасвир шудаанд. Аз се мавод дар бораи занон 2 мавод “Мухолифати беш 60% раъйдиҳандагон ба издивоҷи духтарони тоҷик бо хориҷиҳо”, “Боздошти омўзгор бо 11 ҳазор доллар пора”, оҳанги манфӣ доранд. Маводи “Мухолифати беш 60% раъйдиҳандагон ба издивоҷи духтарони тоҷик бо хориҷиҳо” тобиши равшани хилофи гендерӣ дорад ва масъала дар он яктарафа  пешниҳод шудааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз нигоҳи шумора ва на аз нигоҳи муҳтаво вуҷуд надорад.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

Тавсия: Маводҳое ба монанди  “Мухолифати беш 60% раъйдиҳандагон ба издивоҷи духтарони тоҷик бо хориҷиҳо” бояд бе истинод ба ҷинс пешниҳод гарданд, ё ҳарду ҷинсро  дар бар бигиранд.

“Тоҷикистон”  (№29 (1071),  17.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 25. Мардон- 13, занон- 3, якҷоя -3.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва муодил (нейтрал) аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 28. Бо номи мардон -5, бо номи занон -2. Ишора ба ҷинс  -1.

Арзёбӣ:  ҳамаи сарлавҳаҳо дорои тобиши муодил ва мусбатанд. Муҳтавои маводҳо:

Дар 20 мавод фаъолияти мардон, дар 1 мавод фаъолияти занон ва дар 4 ҳолат  якҷоя инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Тамоми  маводҳо мусбат ва муодиланд.

Дар мақолаи “Мо ҳам Амрико мешавем, агар”  нуќтаи назари зан оварда шудааст.

Хулоса:  На аз нигоҳи шумора ва на аз нигоҳи муҳтаво, мувозинати гендерӣ дар мундариҷаи ҳафтанома ҷой надорад.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд.

“Фараж” (№ 29 (398), 16.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 29. Мардон – 11, занон – 1, якҷоя – 3.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 35. Бо номи мардон – 7, бо номи занон – 3, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбии ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва муодил  аст.

Муҳтаво: Дар 28 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 3 мавод дар бораи зан ва дар 3 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон ҳама тобиши мусбат доранд, дар маводҳои якҷоя ҳам занон ва ҳам мардон  муодил тасвир шудаанд. Дар маводҳое, ки занон мавриди инъикос қарор гирифтаанд, ”Иркутск: ба умеди мардон намешавем”, “Исфара: камбудиҳо зиёданд”, “Маллаева бали баланд гирифта буд”, инчунин тобиш мусбат ва муодил аст. Дар мақолаи ”Иркутск: ба умеди мардон намешавем”, мушкилоти занони муҳоҷир, дар ду маводи дигар масоили таҳсили духтарон ва мушкилоти муаллимаҳо инъикос ёфтаанд ва зимнан нақзи ҳуқуқи занон низ дар назар аст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ  аз нигоҳи шумора риоя нашудааст, вале дар мақолаҳои алоҳида мусоидат ба пешрафти сиёсати гендерӣ дида мешавад.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

“Чархи гардун” (№29 (932), 16.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 48. Мардон – 23, занон – 11, якҷоя – 1.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, ба истиснои 2 акс, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 48. Бо номи мардон – 5, бо номи занон – 0, ишора ба ҷинс – 4.

Арзёбии  мардон дар мавриди истифодаи ном ва ишора ба ҷинс мусбат ва муодил  аст. Дар мавриди ишора ба ҷинс (занон 3 ҳолат, мардон 1 ҳолат) дар мавриди занон манфист. (“Шавҳарам маро маймун гуфта пеш кард”, “Дастдарозӣ ба номуси зани украин”, “Муллоҳо ба насиҳати танфурушон гузаштанд” ).

Муҳтаво: Дар 27 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 6 мавод дар бораи зан ва дар 4 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Дар 7 ҳолат дар маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ (ахбори ҷиноӣ) манфист, аз 6 мавод дар бораи занон  5 ҳолаташ манфист. Дар ягона маводе мушкили занон матраҳ шудааст (“Салимзода фоҳишаҳоро аз дигар беморон ҷудо намекунад”), тобиш муодил аст. Дар маводи якҷоя ҳам  мардон ва ҳам занон, муодил инъикос ёфтаанд.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

“Пайк”  (№28 (53),  16.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 38. Мардон- 25, занон- 3, якҷоя – 1.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 23. Бо номи мардон – 3, бо номи занон -1, якҷоя – 0. Ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи сарлавҳаҳо мардон мусбат арзёбӣ шудаанд.

Муҳтаво: Дар 15 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 2 мавод дар бораи зан ва дар 1 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс  меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон ва дар маводи якҷоя ҳама тобиши мусбат доранд.  Дар ҳар ду мавод  оид ба занон, онҳо вобаста ба ҷиноят (“Омӯзгори Донишгоҳи тиббӣ 11 ҳазор долларро бо кӣ тақсим мекунад”, “Шарикони Гулнора Каримова зиндонӣ шуданд”), мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз ҷиҳати шумора ва на аз ҷиҳати муҳтаво, риоя нашудааст.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя шудаанд.

 

“Азия – плюс” (№54 (937), 17.07. 2014):

Общее количество фотографий: 72. Мужчины -24, женщины -11, вместе – 8.

Все фотографии оцениваются положительно и  нейтрально.

Заголовки: Общее количество: 55. С мужскими именами – 21, с женскими именами – 6, ссылка на пол – 5, вместе - 1.

Все заголовки  оценены как  положительные и нейтральные.

Содержание: В 44 материалах отражается деятельность мужчин, в 3 деятельность женщин, в 5 совместно.

Оценка: Все материалы о деятельности мужчин, кроме 3, несут положительный оттенок. Материалы о женщинах все исключительно положительные. Материалы, где мужчины и женщины отражаются вместе, также нейтральны. Одна статья “Вы навсегда остаетесь в сердцах друзей”, посвящена женщине руководителью и способствует продвижении гендерной политики.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается в количественном представление материалов, однако в плане содержания отдельных статьей этот баланс соблюдается.

Нормы этики журналистики не нарушены.

“Минбари халқ”  (№29 (956),  17.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 18. Мардон -10, занон- 2, якҷоя – 0.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 37. Бо номи мардон -0, бо номи занон -0.

Ишора ба ҷинс – 0.

Муҳтаво: Дар 14 мавод фаъолияти мардон, дар 3 ҳолат фаъолияти занон, дар 1 ҳолат якҷоя инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо арзёбии фаъолияти мардону занон ба истиснои 1 ҳолат мусбат аст.  Дар маводи “Акнун ба дилҳо рафтаӣ”  зан баъди ҳалокат мавриди таваҷҷуҳ, дар маводи “Аёдати модари 107 сола” барои дарозумрӣ ва ҷанбаи модарӣ хосса таъкид меёбад. Онҳо чун тимсоли қудрат ва мавриди эҳтиром тасвир шудаанд. Дар  маводе, ки сухан аз мардону занон якҷоя меравад, фаъолияти занон дар баробари мардон дар мақоми роҳбарӣ инъикос ёфтааст.

Хулоса: Аз нигоҳи шумора ва муҳтаво мувозинати гендерӣ вуҷуд надорад.

Меъёрҳои одоби журналистӣ дар ҳамаи ҳолатҳо риоя шудаанд.

“Наҷот” (№29 (799), 17.07. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 26. Мардон – 19, занон – 1, якҷоя – 0.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ: 21. бо номи мардон -10, бо номи занон – 0, якҷоя – 0, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбии  мардон дар мавриди истифодаи ном мусбат ва муодил  аст.

Муҳтаво: Дар 18 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод дар бораи занон меравад ва дар 1 мавод номи занон дар баробари мардон омадааст.

Арзёбӣ: Дар  ҳамаи маводҳо дар бораи мардон арзёбӣ  мусбат ва муодил аст. Аз 6 мавод дар бораи занон 5 ҳолаташ манфист. Дар маводи якҷоя ҳам  мардон ва ҳам занон муодил инъикос ёфтаанд.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон халалдор нашудаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер