Мониторинги ҳафтаномаҳо (09.07-10.07.2014)

“Нигоҳ” (№16 (398), 09.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо: 33. Мардон- 18, занон- 0, якҷоя - 0.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 18. бо номи мардон -19, бо номи занон -0. Ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ: Ҳамаи сарлавҳаҳо тобиши мусбат ва муодил доранд.

Муҳтаво: Ҳамаи маводҳо беистисно, фаъолияти мардонро инъикос кардаанд ва он ҳам сиёсат, ҳам тиҷоратро дар бар мегирад.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо мардон мусбат ва тимсоли қудрат тасвир шудаанд. Танҳо дар як мақола (“Заочни”), номи марде Дилшод бо тобиши манфӣ ( надонистани муаллифи “Шоҳнома”) омадааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз нигоҳи шумора ва на аз нигоҳи муҳтаво, вуҷуд надорад.

Дар матолиби шумора “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” риоя шудаанд.

“Тоҷикистон” (№28 (1070) 10.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо: 38. Мардон – 22, занон- 7, якҷоя-3.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва муодил (нейтрал) аст. Танҳо як акси мардона, ки дар мақолаи “Найранги компютерӣ ё чӣ тавр адвокат муҳтоҷи адвокат шуд” омадааст, тобиши манфӣ дорад.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 38. Бо номи мардон – 7, бо номи занон – 0. Ишора ба ҷинс – 5.

Арзёбӣ: 3 сарлавҳа тобиши муодил ва мусбат ва 2 -тояш (“Пайкур куштори падару писарро пинҳон карданӣ шуданд, аммо...”, “Аз фолбинҳои муллонамо ҳазар кунед”), бо ҷиноят марбутанд ва тобиши манфӣ доранд.

Муҳтавои маводҳо:

Дар 21 мавод фаъолияти мардон, дар 3 мавод фаъолияти занон ва дар 3 ҳолат якҷоя, инъикос ёфтааст.

Арзёбӣ: Аз маводҳо дар бораи мардон дар 6 мавод: (“Кордзанӣ дар бозори “Корвон” барои як шим”, “Ёқуту зумуррад дар хонаи Махсумов”, “Дузана 4000 сомонӣ ҷарима шуд”, “Пайкур куштори падару писарро пинҳон карданӣ шуданд, аммо...”, “Аз фолбинҳои муллонамо ҳазар кунед”, “Найранги компютерӣ ё чӣ тавр адвокат муҳтоҷи адвокат шуд”), арзёбӣ манфист ва сухан аз ҷиноят меравад.

Аз маводҳо дар бораи занон дар ҳар се ҳолат: (“Соҳибкорони пойлуч....”, “Худо рузаатонро қабул кунад Раис”, “Таҷовуз ба зани украин”) арзёбӣ манфист.

Хулоса: Дар мундариҷаи ҳафтанома на аз нигоҳи шумора ва на аз нигоҳи муҳтаво, мувозинати гендерӣ ҷой надорад. Мардон дар ҳама ҳолатҳо дар мақоми қудрат ва занон дар нақши қурбонӣ инъикос шудаанд. Аз ҷумла дар мақолаи “Соҳибкорони пойлуч...” сухан аз фаъолияти занони палосшуй, ки айни замон муҳитро ифлос мекунанд, дар мақолаи “Худо рузаатонро қабул кунад, Раис” арзи зани иҷоранишине, ки бо зориву тавалло ба Раис муроҷиат кардааст, омадааст. Мардон дар маводҳои манфӣ ҳам тимсоли қудратанд: таҷовузкор, қотил, фиребгар.

Тарзи инъикос дар хабари “Таҷовуз ба зани украин” то андозае хилофи банди 9-и “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” буда, таъкид ба миллати қурбонии таҷовуз ноҷо омадааст.

"Фараж” (№ 28 (397), 09.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо: 29. Мардон – 11, занон- 1, якҷоя – 3.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон, мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 29. Бо номи мардон – 4, бо номи занон -1, ишора ба ҷинс – 1.

Арзёбии ҳам мардону ҳам занон мусбат ва муодил аст.

Муҳтаво:

Дар 17 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод дар бораи зан ва дар 3 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон ҳама тобиши мусбат доранд, дар маводҳои якҷоя ҳам занон ва ҳам мардон, муодил тасвир шудаанд. Дар маводи ягонае, ки дар бораи фаъолияти зан сухан меравад, (“Умед -88 тахфифи рамазонӣ кард”), объекти инъикос Маҳбуба Юсуфова роҳбари ширкат мебошад.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ аз нигоҳи шумора риоя нашудааст.

“Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” риоя шудаанд.

"Чархи гардун” (№28 (931), 09.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо: 45. Мардон- 9, занон- 10, якҷоя – 4.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва муодил аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 38. Бо номи мардон -6, бо номи занон -1,

ишора ба ҷинс – 9.

Арзёбии ҳам мардону ҳам занон мусбат ва муодил аст.

Муҳтаво:

Дар 17 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 4 мавод дар бораи занон ва дар 1 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон ба истиснои 2 ҳолат (“Падари таҷовузкор”, “Ронанда мусофиронро монду ҷуворихурӣ рафт”), дигар ҳама тобиши мусбат доранд, дар маводи якҷоя ҳам занон ва ҳам мардон муодил тасвир шудаанд. Дар 4 маводе , ки дар бораи фаъолияти зан сухан меравад, дар 2 ҳолат тасвири занон мусбат омадааст (“Сабрина маликаи баҳор 2014”, “Азия плюс барои “наҷосатиЛенин” ҷарима месупорад”) ва дар ду мавод занон (“Модари ҷоҳил дастгир шуд”, “Фоҳишагӣ хатар ба солимии ҷомеа”), маҳкум карда шудаанд. Дар маводи якҷоя ҳам мардон ва ҳам занон муодил инъикос ёфтаанд.

Дар се мақола сухан аз мушкилоти занон рафтааст, дар ҳамаи онҳо “Об ба куҷо меравад” ва “Фоҳишагӣ хатар ба солимии ҷомеа” “Кӣ аз занаш наметарсад?” маводҳо аз нигоҳи ҳирфавияти гендерӣ костаанд.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ чи аз диди шумора ва чи аз диди муҳтаво, риоя нашудааст.

“Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” риоя шудаанд.

“Пайк” (№27 (52), 09.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо: 37. мардон- 17, занон- 3, якҷоя – 7.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 30. Бо номи мардон -3, бо номи занон -0. Ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи сарлавҳаҳо мардон мусбат арзёбӣ шудаанд.

Муҳтаво: Дар 13 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод дар бораи зан ва дар 3 мавод дар бораи ҳар ду ҷинс меравад.

Арзёбӣ: Маводҳо дар бораи фаъолияти мардон ҳама тобиши мусбат доранд, дар маводҳои якҷоя занон чеҳраи манфӣ доранд. Аз ҷумла, дар хабари “Қотили котибаи прокурор 12 сол зиндонӣ шуд” зан қурбонии ҷиноят, дар мақолаи “Сарчашмаи маблағгузории Додоҷон Атоуллоев ёфт шуд”, зан фиребгар ва қаллоб, дар маводи “Хайру саховат ҳаст, вале маҷбурӣ”, зан нотавон ва муҳтоҷ инъикос ёфтааст.

Хулоса: Мувозинати гендерӣ на аз ҷиҳати шумора ва на аз ҷиҳати муҳтаво, риоя нашудааст.

Вале “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” риоя шудаанд.

“Азия – плюс” (№52 (935), 10.07.2014):

Общее количество фотографий: 69. Мужчины -33, женщины -10. вместе – 7.

Все фотографии оцениваются положительно и нейтрально.

Заголовки: общее количество: 44. С мужскими именами -7, с женскими именами -0, ссылка на пол – 3, вместе -1.

Все заголовки оценены как положительные и нейтральные.

Содержание:

В 24 материалах отражается деятельность мужчин, в 3 деятельность женщин, в 4 совместно.

Оценка:

Все материалы о деятельности мужчин, кроме 1-го несут положительный оттенок. В статье “Больных солдат заставляли зимой чистить двор”, мужчины отражаются как жертвы. В 2 статьях о женщинах (“Фарах 2014” продолжается...”, “Таджичка стала “Королевой очарования”), женщины отражены также в положительном

ракурсе. В третьей статье оценка нейтральна. В материале, где отражается деятельность и женщин и мужчин - “Душанбе собирает спортсменов из 42 стран” полностью соблюден гендерный баланс. В другом материале этого ряда “Жертва изнасилования” получит 200 тысяч за оскорбленную честь”, женщина отражена как жертва, однако в то же время и как борец.

В номере также опубликована статья о нарушения прав женщин при заключении брака – “Подростковые браки есть, но их не регистрируют”.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается в количественном представление материалов, однако в плане содержания отдельных статьей этот баланс соблюдается.

Нормы этики журналистики не нарушены.

“Минбари халқ” (№28 (955), 10.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо: 29. Мардон – 4, занон – 2, якҷоя – 9.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 30. Бо номи мардон -3, бо номи занон – 0. Ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбии номҳои мардон дар сарлавҳаҳо мусбат аст.

Муҳтаво:

Дар 17 мавод сухан фаъолияти мардон, дар 2 ҳолат аз фаъолияти якҷоя меравад. Оид ба фаъолияти занон ягон мавод интишор нашудааст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо арзёбии фаъолияти мардону занон мусбат аст, онҳо чун тимсоли қудрат тасвир шудаанд. Дар ду маводе, ки сухан аз мардону занон якҷоя меравад (“Швейтсария шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон”, “Пешравиҳо назаррасанд”), фаъолияти занон дар баробари мардон дар мақоми роҳбарӣ инъикос ёфтааст.

Хулоса: Аз нигоҳи шумора мувозинати гендерӣ вуҷуд надорад, вале аз нигоҳи муҳтаво дар ду мақола (“Швейтсария шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон”, “Пешравиҳо назаррасанд”) он ба назар мерасад.

Дар мақолаи “Роғун бунёд мешавад, аммо ҳамсоя боз норозӣ” Тимур Зафаров ном мухолифи сохтмони Роғун мавриди интиқод қарор гирифтааст,

вале муаллиф ҳангоми таҳлили мавод ба шахсияти ин одам низ дахолат намуда дар эътирози худ ибораҳои аз нигоҳи қолабҳои гендерӣ барои мардон таҳқиромез “кампиракҳои ғайбатчӣ”, “нула кашидан”-ро истифода кардааст ва то андозае банди 7 - и “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” - ро халалдор намудааст.

“Наҷот” (№ 28 (798), 10.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо: 28. Дар 17 акс мардон, дар 3 акс занон, дар 1 акс якҷоя тасвир шудаанд.

Арзёбӣ дар ҳамаи аксҳо мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ - 30. Дар 8 сарлавҳа номи мард омадааст, номи зан дар ягон сарлавҳа нест.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи ҳолатҳо арзёбӣ мусбат ва нейтрал аст.

Муҳтаво:

Дар 13 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 2 маврид аз фаъолияти занон ва дар 1 мавод аз фаъолияти якҷояи занону мардон меравад. Дар маводҳои дигар ба ҷинс истинод нест.

Дар шумора ягон мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқи занон ҷой надорад.

Дар матолиби шумораи мазкур меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

***

Мониторинги матолиби сомонаҳои интернетӣ (07 июл - 12 июли 2014):

www.ozodagon.com:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта 78 мавод интишор намудааст.

Шумораи умумии аксҳо: 88. Дар аксҳо дар 63 маврид мардон, дар 8 маврид занон дар 6 ҳолат якҷоя тасвир шудаанд. Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо:

Дар 64 сарлавҳа номи мард, дар 2 сарлавҳа номи зан, дар 5 ҳолат ишора ба ҷинс омадаст.

Арзёбии номҳо дар сарлавҳаҳо мусбат аст, ишора ба ҷинс дар 3 ҳолат вобаста ба ҷиноят омадааст.

Муҳтавои маводҳо:

Дар 51 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 7 мавод аз фаъолияти занон меравад. Дар 3 мавод фаъолияти мардону занон якҷоя омадааст. Дар як мавод ишора ба ҷинс омадааст. Дар 4 мавод (“Посухи вазири маориф ба Бибиннисо: “Бояд ҳақ ба ҳақдор бирасад!”, “АКС: Ҷавоби хаттии Бибиннисо ва "рақибаш" ба саволҳои Вазорати маориф”, “Эшони Маҳмудҷон: “Зан гули сари сабад аст, на пешхидмати ресторану роҳрӯби кӯча”, ”Салимзода гуфт, онҳо фоҳишаҳоро аз дигар беморон ҷудо намекунанд”) мавзуи ҳуқуқи занон матраҳ шудааст. Дар ду маводи аввал сухан атрофи як қазияи поймол шудани ҳуқуқи Бибинисо Мамадҷонова, хатмкунандаи мактаби рақами 18-и ноҳияи Носири Хисрав дар мавриди гирифтани квота ва талоши ин духтарак, дар маводи саввум сухан дар мавриди мушкилоти муҳоҷирати занон меравад. Дар маводи мазкур инчунин дастури шаръии ҳифзи ҳуқуқи занон аз забони руҳонии мазкур оварда шудааст: “Зан аз назари Ислом дар сурати доштани сарпараст вазифадор нест барои таъмини нафақаи худ кор ва ё сафари корӣ бикунад. Бояд падар ва ё бародарҳо дар сурати надоштани шавҳар нафақаи ӯро таъмин намоянд”. Дар маводи дигар сухан аз масоили табобати фоҳишаҳо меравад.

Ишора ба ҷинс дар ду мавод омадааст ва яке ба ҷинояти марде аз Қазоқистон мансуб аст , дигаре ба рузгори духтари президенти Узбекистон.

Вижагии сомона дар мавриди инъикоси масоили гендерӣ иттилоъ додан оид ба оилаҳои мардони мансабдор аст. Ин тарзи муносибат барои шикастани қолаби маъмулии аз оила ҷудо тасвир шудани мардон мусоидат мекунад. Сомона расман доимо пайгирӣ шудани ин усулро эълон кардааст. “Озодагон” тасмим гирифтааст, дар ҷараёни нишастҳои хабарии масъулони вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатии Тоҷикистон аз онҳо дар бораи дороӣ ва фарзандонашон бипурсад. Иттилои бадастомада дар торнамо нашр мешавад”.

Дар 2 мавод нақзи гендерии ҳуқуқи мард (ҳалокат ва маҷруҳ шудани аскарон ҳангоми хизмат) низ тасвир шудааст.

Арзёбӣ: Мардон ва занон (ба истиснои ахбори ҷиноӣ) мусбат инъикос шудаанд

Хулоса: аз нигоҳи миқдор занону мардон нобаробар инъикос ёфтаанд. Дар маводҳои ба масоили занон бахшидашуда тарзи ифода ва инъикос хилофи меъёр нест.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

www.ruzgor.tj :

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта 9 мавод интишор намудааст. Маводҳо аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» ва сомонаи «Озодӣ» бознашр шудаанд.

Ҳар мавод бо 1 акс оро ёфтааст. Дар аксҳо дар 6 маврид мардон, дар 2 маврид занон тасвир шудаанд. Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо:

Дар 1 сарлавҳа номи зан омадааст, номи мард ва ишора ба ҷинс тамоман нест.

Арзёбии зан дар сарлавҳа куллан мусбат аст.

Муҳтавои маводҳо:

Дар 5 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод аз фаъолияти занон меравад. Дар 1 мавод мардону занон якҷоя омадаанд.

Дар ду мавод сухан оид ба занони фарҳангӣ- актрисаҳои синамо Анҷелина Ҷолӣ ва Маҳнози Афшор меравад. Дар маводи дуюм инчунин актёрони мард Марат Орифов ва дигарон низ ёдовар мешаванд.

Хулоса: аз нигоҳи миқдор занону мардон нобаробар инъикос ёфтаанд.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

www.avesta.tj :

Общее количество материалов: 115.

Заголовки: С мужскими именами - 11, с женскими именами – 0, ссылка на пол – 7.

Фотографии: Общее количество – 10. Мужчины: 4, женщины: 0, вместе: 0.

Все фотографии оцениваются положительно и нейтрально.

Все заголовки оценены как положительные и нейтральные.

Содержание:

В 74 материалах отражается деятельность мужчин, в 6 деятельность женщин, в 4 совместно.

Оценка:

Все материалы о деятельности мужчин, кроме 2, несут положительный оттенок. Материалы о женщинах за исключением одной статьи несут негативный оттенок: “В Исфаре совершила самоубийство ученица 11 класса”, «Жительница Душанбе подозревается в купле-продаже новорожденного», «В Ганчи пыталась повеситься ученица 9 класса», «В Душанбе изнасилована гражданка Украины», «Таджикистан: Борьба с проституцией вызывает обеспокоенность у активистов».

Из 4 материалов, где отмечены и мужчины и женщины, только в выступлении Президента имеется замечание о гендерном дисбалансе в прокуратуре: «Однако количество женщин в руководящем составе органов прокуратуры составляет всего 5,2%, этот показатель требует принятия необходимых мер». В другом случае женщины упомянуты в связи с реализацией Госпрограммы по защите матери и ребенка. В сообщении «Таджикские тренеры приняли участие в инструкторских курсах АФК в Ташкенте» наряду с 10 тренерами мужчинами названо только одно женское имя - Ольга Ким.

Заключение: Нарушение гендерного баланса наблюдается как в количественном представлении материалов, так и в содержательном.

Нормы этики журналистики не нарушены.

www.khovar.tj :

Сомонаи мазкур дар ин давра 107 хабар ба табъ расонидааст, ки дар онҳо 42 сурат истифода гардидааст. Дар 27 акс мардон, дар 1 акс занон, дар 11 акс занону мардон якҷоя тасвир шудаанд. Ќобили зикр аст, ки њамаи аксҳо мусбатанд.

Дар 19 сарлавҳа номи мардон, дар 1 сарлавҳа номи зану мард якҷоя ва 2 сарлавҳа ишора ба ҷинс омадааст. Дар ягон сарлавҳа номи зан наомадааст.

Ҳамаи сарлавҳаҳо оҳанги мусбат доранд.

Муҳтавои хабарҳо:

Дар 66 хабар фаъолияти мардон ва дар 4 хабар фаъолияти занон инъикос ёфтааст. Дар 5 хабар фаъолияти занону мардон якҷоя инъикос шудааст.

Арзёбӣ: Аз хабарҳо оид фаъолияти мардон 2 -тоаш манфӣ арзёбӣ мешаванд (бо ҷиноят ва фалокатҳо марбутанд), аз хабарҳо оид ба фаъолияти занон ҳама оҳангги мусбат доранд.

Мувозинати гендерӣ аз нигоҳи шумора вуҷуд надорад.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер