Худро аз шогирдони мактаби журналистии Отахон Латифӣ, профессорон Асадулло Саъдуллоев, Абдусаттор Нуралиев, Иброҳим Усмонов ва марҳум Пайванди Гулмуродзода медонад. Ва мегўяд дар амалияи журналистика аз сабақҳои Усмон Олим, Ҷӯра Юсуфӣ (дар нашрияи ноҳиявӣ), Мақсудҷон Ҳусейн, Насибҷон Амонӣ, Шамсиддин Насриддин, Азизи Азиз, Мансур Султонов, Амонқул Одилов ва дигарон баҳра бардоштааст.

Гулов Сангин Нурович 12-уми июли соли 1965 дар хонаводаи табиб дида ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миён ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст ва факултаи журналистикаи ин боргоҳи илмро соли 1991 хатм кардааст.

 

 

Аммо фаъолияти меҳнатиаш дар соҳаи журналистика соле пеш аз хатми донишгоҳ оғоз шудааст. Соли 1991 ҳамзамон бо анҷоми таҳсил  дар ҳамин факулта ба сифати ассисент ба кор оғоз кардааст. Муддате муҳаррири ҳафтаномаи донишгоҳии “Ба қуллаҳои дониш” низ будааст.

Соли 1997 таҳти роҳбарии  доктори илм, профессор Асадулло Саъдуллоев дар мавзуи “Поэтикаи очерки муосири тоҷик” рисолаи илмӣ навиштаву дифоъ кардааст. Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ барои донишҷўён маводи илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷалла, рӯзнома ва маҷмӯаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ ба табъ расонидааст.

Дар муддати фаъолияти корӣ ба ҷуз он ки сармуҳарририи нашрияи донишгоҳро ба уҳда дошт, боз дар солҳои гуногун ассистент, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, муовини декан ва декани факултаи журналистика буд.

Аз соли 2011 мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ таъин гардид.

Дорандаи нишонҳои Аълочии матбуот, Аълочии фарҳанг ва Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо ифтихорномаҳои соҳавӣ мукофотонида шудааст.

Таҳти роҳбариаш 1 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карда, 4 нафар тадқиқоти илмӣ мебаранд.

Муаллифи беш аз 50 мақолаи илмӣ, китобҳои «Амвоҷи сухан», «Махсусияти очерки муосир», ҳаммуаллифи дастурҳои таълимии «Жанрҳои журналистикаи радио» (дар 2 қисм), «Тадқиқоти журналистӣ», ҳаммураттиби китобҳои «Гавҳаршинос» (доир ба фаъолияти профессор Асадулло Саъдуллоев), «Озодамард» (доир ба фаъолияти профессор Иброҳим Усмонов), «Ойини ҷавонмардӣ» (дар бораи кору амали Усмон Назири Оташ) ва ғайра мебошад.

Журналисти собиқадори тоҷик, устоди Донишгоҳ ва Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода, ки солҳои сол бо Сангин Гулов ҳамкор аст, мегўяд аз назари ў се фазилат аст, ки хислатҳои ўро барҷаста ва миёни устодону шогирдон ангуштанмо кардааст. Ва ин фазилатҳо барои устоди факултети журналистика зарур ва ҳатто ҳатмӣ мебошад.

«Аввалан, ӯ собиқаи зарурии кори амалӣ дар расонаҳои ҳам чопӣ ва ҳам электронӣ дорад. Сабақи бардоштаи ӯ аз устодони соҳа Отахон Латифӣ, Нур Табаров, Насибҷон Амонӣ ва дигарон дар нашрияи замоне маруфи «Сухан», тули фаъолияти солҳои минбаъда дар Радиои тоҷик сайқал ёфтааст. Яъне, Сангин Гулов ба шоҳроҳи омӯзгорӣ бо кулбори пурбори касбӣ ворид гардидааст.

Дигар, зеҳни гиро ва ҳофизаи қавӣ доштани ӯ, ҳангоми дарсу машғулиятҳо муколамаву мубоҳиса бо шогирдон, баҳсу нишастҳои илмию назарӣ бо ҳамкорону ҳамкасбон имкон медиҳад, ки Сангин Гулови омӯзгори муҳаққиқ бо далелу санад сухан гуфтаву аз мавқеъ ва принсипҳои касбӣ дифоъ карда тавонад.

Посдории анъанаву корномаи шахсиятҳои фарҳанги миллӣ ва талоши идомаи фаъолиятҳои сабақангези онҳо дар доираи тавону имкони худ, фазилатҳои Сангин Гуловро миёни ҷамоаи меҳнатӣ ва касбӣ ба ҳайси устоди хайрхоҳу некназар меафзояд»,- мегӯяд ӯ.

Таҳти роҳбарии Сангин Гулов бори аввал дар замони истиқлолият Стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои журналистӣ омода ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд. Мураттиби барномаҳои таълими фанҳои журналистӣ ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳои журналистӣ аст. Дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ба ҳайси тренер барои журналистон курсу давраҳои омӯзиширо гузаронидааст.

Дар Маскав, Киев, Қазон, Бишкек, Алма-ато сафарҳои илмиву таълимӣ анҷом додаст. Ҳамчунин як давраи омўзиширо соли 2007 дар ИМА гузаштааст.

Оиладор аст, соҳиби 5 фарзанд ва 2 набера мебошад.

www.tojnews.t

PS: Шӯрои ВАО- и ҶТ ба хидматҳои  арзишманди   Сангин Гулов дар рушди журналистикаи тоҷик арҷ гузошта, бо таъкиди заҳматҳои ӯ барои созмон ёфтани ниҳоди худтанзимкунии ВАО- Шӯрои ВАО, зодрӯзи эшонро таҳният гуфта, комёбиву  хонаободиро барояш таманно дорад.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер