фото

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Раванди татбиқи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» озмун эълон менамояд.

Дар ин бора, ба faraj.tj аз вазорати мазкур хабар дода, илова намуданд, ки дар озмун хабарнигорони телевизион, радио, рӯзномаю маҷалла ва сомонаҳои иттилоотӣ метавонанд иштирок намоянд.

Тибқи шартҳои озмун, маводҳо бояд ҷараёни амалишавии Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистонро барои солҳои 2013-2015 бо назардошти матритсаи тадбирҳои стратегӣ ва дар ин давра татбиқ гардидани лоиҳаҳо инъикос намоянд.

Ба озмун маводҳое пешниҳод карда мешаванд, ки аз 1-уми январи соли 2014 то 30-юми сентябри соли ҷорӣ тариқи барномаҳои радиою телевизион пахш ва дар матбуоти даврӣ нашр гардидаанд. Маводҳои омодашуда бояд ба забонҳои тоҷикӣ ва ё русӣ то 30-юми сентябр ба озмун пешниҳод гарданд.

Ба ғолибони озмун мукофотҳои пулӣ дар самтҳои зерин супурда мешаванд: Беҳтарин мақола дар рӯзнома - се ҷоиза, беҳтарин барномаи радиоӣ - се ҷоиза, беҳтарин  барномаи телевизионӣ - се ҷоиза, беҳтарин маводи интернетӣ - се ҷоиза.

Барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ дар се диск (формати mp3 ва DVD) бояд ба озмун пешниҳод гарданд. Мақолаҳои чопгардида дар матбуот бошад, бо се нусхаи рӯзнома ва маводҳое, ки дар сомонаҳои иттилоотӣ нашр шудаанд, бояд бо се нусхаи акси саҳифа манзур карда шаванд.

http://faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер