Asad

Имрӯз, 09:38:

Асадулло Раҳмонов (Раҳмон Асадулло), раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, низ дар нишасти матбуотии худ ба масъалаи пахши наворҳо дар бораи амалҳои шаҳвонии баъзе афрод, ки бо номи “мулло” ё “табиб”-у “ҷодугар” муаррифӣ мешаванд, дахл кард. Ҷаноби Раҳмонов гуфт, онҳо тамоми наворҳоеро, ки ба одобу ахлоқ ва этикаи хабарнигорӣ мухолифат доранд, ба эфир намедиҳанд.

Раиси Кумитаи телевизион ва радио нигарониҳо дар бораи маъракаи густурда будани пахши чунин наворҳоро рад карда, афзуд, “ин як дарди ҷомеа аст, ки дар баъзан ҳолатҳо хуруҷ мекунад. Ин бемории ҷомеа ҳоло дар хуруҷ аст. Ин кори натанҳо сохторҳои қудратӣ, балки ҳамаи васоити ахбори омма аст. Мо бояд ба мардум фаҳмонем, ки ба доми тазвири муллоҳо наафтанд”.

Асадулло Раҳмонов дар идома гуфт, дар ҳоле ки худи мардум наметавонанд аз банди “муллоҳои ҷодугар” раҳо шаванд, васоити ахбор омма бояд кумак кунанд. “Шаҳрвнади Тоҷикистон рафт, ба доми фиреб афтод, аммо ба хешаш ё ҳамсояаш намефаҳмонад, ки он мулло чӣ кор кард. Вазифаи мо фаҳмондан аст. Ҳарчанд баъзе ҳизбу ҳаракатҳо садо баланд мекунанд, ки ин маъракаи тарҳрезишуда аст, аммо ингуна нест”,-таъкид кард Раҳмонов.

http://ozodagon.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер