Шўрои ВАО ба хотири мусоидат  намудан ба инъикоси касбии масоили гендерї дар ВАО-и чопї ва сомонањои интернетї ба пайгирии (мониторинги) маводи чанд њафтанома ва сомонањои интернетї шурўъ намуд. Ба пайгирї њафтаномањои “Нигоњ”, “Фараж”,  “Тољикистон”, «Чархи гардун», “Азия-плюс”, “Пайк”, «Минбари халќ», «Наљот» (нашрияњои љамъиятї, хусусї ва њизбї) инчунин 4 сомонаи интернетї (www.ruzgor.tj ;  www.ozodagon.com ;  www.avesta.tj ;  www.khovar.tj) фаро гирифта мешаванд.

Дар пайгирї ба масоили инъикоси њаёту фаъолияти занон, ба хусус риояи њуќуќу озодињои онњо дар фаъолиятњои сиёсию иљтимої, иќтисодию фарњангї, дар муњити оила ва муносибатњои мењнатї, дар такя ба «Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон» таваљљўњ зоњир мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки иќдоми мазкур дар доираи лоињаи «Мониторинги ВАО оид ба масоили гендерї», ки аз љониби созмони байналмилалии International Media Support (IMS) дастгирї ёфтааст, роњандозї мешавад.

 

 

Мониторинги матолиби њафтаномањо (02 июл-03 июли 2014):

 

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” (№ 15 (397), 02.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо - 32. Дар 17 акс мардон, дар 1 акс занон, дар 8 акс мардону занон якҷоя тасвир шудаанд.  Арзёбӣ дар ҳамаи аксҳо мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ - 24. Дар 5 сарлавҳа номи мард, дар 1 сарлавҳа номи зан омадааст.

Номи мардон дар мавриди сиёсат ва адабиёт (“Қаҳҳор Маҳамов: Боз нагуед, ки чӣ хел президент будааст“, “Збигнев Бзежинский: Мифологияи путинӣ роҳ ба нокуҷост”), номи зан дар мавриди бунёди оила (“Туйи арусии Нигора Холова”) омадааст.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи ҳолатҳо мусбат ва нейтрал аст.

Муҳтаво:

Дар 16 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 3 мавод аз фаъолияти якҷоя меравад.

Арзёбӣ: дар 1 ҳолат мавод дар бораи мард ва дар як ҳолати фаъолияти якҷоя арзёбии манфӣ ҷой дорад.

Дар матолиби шумораи мазкури нашрия меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

Ҳафтаномаи “Тољикистон” (27(1069), 03.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо:-23. Мардон:-18;  занон:-8. Арзёбии аксҳои занон мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ:30. Бо номи мардон-6; бо номи занон-3. Ишора ба ҷинс- 3.

Арзёбӣ: Танҳо дар бораи занон, 2-то манфӣ (доир ба ҷиноят) 1-то нейтрал.

Муҳтавои маводҳо:

Дар 9 мавод фаъолияти мардон, дар 5 мавод фаъолияти занон инъикос ёфтаанд.

 

Ҳафтаномаи “Фараж” (№ 27 (396), 02.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо - 26. Дар 16 акс мардон, дар 2 акс занон, дар 1 акс мардону занон якҷоя тасвир шудаанд.

Арзёбӣ: дар 4 акси мардон манфӣ, дар боқии аксҳо мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: -16. Дар 7 сарлавҳа номи мард рафтааст, номи занон тамоман оварда нашудааст. Арзёбӣ дар ҳамаи ҳолатҳо мусбат ва нейтрал аст.

Муҳтаво:

Дар 8 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 3 мавод аз фаъолияти якҷоя меравад.

Арзёбӣ:

Дар ҳамаи ҳолатҳо арзёбӣ мусбат ва нейтрал аст.

Дар матолиби шумораи мазкур меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

 

Ҳафтаномаи «Чархи гардун» (№ 27 (930),  02.07.2014):

Дар шумораи мазкур 48 акс истифода шудааст. Мардон: -16. Арзёбии аксҳои мардон: 14 акс мусбат, 2 акс манфӣ. Занон: -11. Арзёбии аксҳои занон: 9 акс мусбат, 2 акс манфӣ. Якҷоя: 6. Ҳамаи аксҳо мусбат.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ - 44. Бо номи мардон – 6; бо номи занон -3.

Ишора ба ҷинс: 4. 3 -то ишора ба занон, 1 -то ишора ба ҳарду ҷинс.

Арзёбӣ:мардон -манфӣ, занон 3 -то манфӣ, 1 -то мусбат.

Муҳтавои маводҳо:

Дар 15 мавод фаъолияти мардон, дар 8 мавод фаъолияти занон, дар 8 мавод фаъолияти мардону занон якҷоя инъикос ёфтаанд. 4 мавод хоссатан ба занон бахшида шудааст. Аз ин маводҳо 2 -тоаш комилан мусбат ва 2 -то ба мушкилоти рўзгори занон бахшида шудаанд. Мақолаҳое, ки оид ба падидаи фоҳишагӣ ва муҳоҷирати занон бахшида шудаанд, хусусияти таҳлилии солим доранд. Муаллифон дар баҳодиҳӣ муодилият (нейтралитет)-ро риоя намудаанд.

Дар як мақола -“Таронаҳои муҳоҷир ё чеҳраи занонаи муҳоҷирати меҳнатӣ”, масоили ҳуқуқи занони муҳоҷир матраҳ шудааст.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

Ҳафтаномаи “Пайк” (№ 26 (51), 02.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо - 42. Дар 35 акс мардон, дар 1 акс занон тасвир шудаанд.

Арзёбӣ дар 4 акси мардон манфӣ, боқӣ ҳамаи аксҳо мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо:шумораи умумӣ - 34. Дар 5 сарлавҳа номи мард омадааст, номи зан дар ягон сарлавҳа нест.

Дар 1 сарлавҳа ишора ба ҷинси зан омадааст ва сухан аз ҷиноят меравад.

Муҳтаво:

Арзёбӣ: Дар ҳамаи маводҳо сухан аз фаъолияти мардон ва танҳо дар 1 мавод номи Ойниҳол Бобоназарова омадааст.

Дар матолиби шумора меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

Ҳафтаномаи “Азия плюс” (№ 50 (933), 03.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо -53. Дар 19 акс мардон, дар 11 акс занон, дар 12 акс якҷоя тасвир шудаанд.

Арзёбӣ дар ҳамаи аксҳо нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ - 31. Дар 6 сарлавҳа номи мард омадааст, номи зан дар ягон сарлавҳа нест. Дар 1 сарлавҳа ишора ба ҷинси зан омадааст ва сухан аз ҷиноят меравад.

Муҳтаво:

Дар 22 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 5 мавод аз фаъолияти занон  меравад.

Арзёбӣ: Дар маводи оид ба занон сухан аз ҷиноят меравад. Дар ҳамаи ҳолатҳои дигар арзёбӣ мусбат ва нейтрал аст.

Дар матолиби шумораи мазкур меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

Ҳафтаномаи “Минбари халқ” ( № 27(954), 03.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо: 28. Дар 12 акс мардон, дар 4 акс занон, дар 7 акс мардону занон якҷоя тасвир шудаанд. Танҳо ё акси якҷоя манфӣ арзёбӣ мешавад. Аксҳои дигар ҳама мусбатанд.

Сарлавҳаҳо: 38. Дар 1 сарлавҳа номи мард рафтааст, номи занон тамоман оварда нашудааст. Ишора ба ҷинс дар 1 сарлавҳа ҷой дорад. Номи мардон дар мавриди сиёсат ва роҳбарӣ оварда шудааст. Арзёбӣ дар ҳамаи ҳолатҳо мусбат ва муодил аст.

Муҳтаво: Дар 20 мавод сухан аз фаъолияти мардон ва дар 2 мавод аз фаъолияти занон меравад ва дар 8 мавод онҳо якҷоя инъикос шудаанд.

Як мавод оид ба масъалаи хушунат дар нисбати зан (“Хушунат нобахшиданист”) аст.

Дар матолиби шумораи мазкур меъёрҳои одоби рўзнманигорӣ риоя шудаанд.

Ҳафтаномаи “Наҷот” (№ 27 (797) 03.07.2014):

Шумораи умумии аксҳо:29. Дар 23 акс мардон тасвир шудаанд, занон дар ягон ҷой тасвир нашудаанд.

Арзёбӣ:Дар ҳамаи аксҳо ҳолатҳо мусбат ва нейтрал аст.

Сарлавҳаҳо: Шумораи умумӣ - 28. Дар 7 сарлавҳа номи мард омадааст, номи зан дар ягон сарлавҳа нест.

Муҳтаво:Дар 20 мавод сухан аз фаъолияти мардон, дар 1 мавод аз фаъолияти якҷояи занону мардон меравад.

Арзёбӣ: Дар ҳамаи ҳолатҳои дигар арзёбӣ мусбат  ва нейтрал аст.

Дар матолиби шумораи мазкур меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

 

Мониторинги матолиби сомонањои интернетї (01 июл-06 июли 2014):

www.ozodagon.com “Озодагон”:

Тўли ин ҳафта дар сомона 53 хабар ва 8 маводи видеоӣ интишор шудааст.

Азбаски ҳамаи хабарҳо бо акс оро ёфтаанд, шумораи хабарҳо бо аксҳо баробаранд. Фақат дар як хабар оид ба фаъолияти суратгирзан Ивлева 19 акс  омадааст. Дар ин миён шумораи умумии акси мардон - 41, акси занон - 12, зану мард якҷоя - 6.

Ҳамаи аксҳои мардон тимсоли қудратанд. Аксҳои якҷоя: 4 акс муҳтавои сиёсӣ доранд, (президент бо ҳамсараш, бо намояндагони кишварҳои дигар), ду акс: духтарча дар оғуши падар (Александр Содиқов), пирамарди гуреза бо духтари ҷавоне (эҳтимол наберааш бошад). Ин аксҳо нейтраланд.

Аз 53 сарлавњаи маводи њафта дар 28 сарлавҳа номҳои мардон, дар 2 сарлавҳа номи занон зикр шудааст.

Муҳтавои сарлавҳаҳо бо номи мардон комилан мусбат аст. Номҳои мардон дар сарлавҳаҳо пайваста бо сиёсат ва варзиш омадааст, ки қолаби зеҳнии мард-қудратро инъикос ва устувор менамояд. Чанд мисол:

Шералӣ Мирзо: “Масъалаи пойгоҳи Русияро мусбат ҳал кардаем”.

«Дастури Раҳмон барои санҷиши кормандони “Барқи Тоҷик”.

«Танқиди додарарӯси президент аз суи Гулмаҳмадов:Ҷасорат ё ҷуғрофия?»

«Баҳси вазъи минтақа дар суҳбати Зоҳидов бо Ҷим Болҷер».

Ду сарлавҳа бо номи занон манфист ва пайваста бо қонуншиканӣ омадааст:

“ВКД: Зиёдагул сари духтари 6-солаашро аз тан ҷудо кардааст”.

“Хабаргирии баҳсбарангези Шабнам ва Фарзона аз Фурқат Қосимов дар зиндони №1”.

Як сарлавҳа бо номи зан бо муҳтавои мусбат аст:

“Гузориши аксии Ивлева аз ҷанги Тоҷикистон: Ҷанг гунаҳкору бегуноҳ надорад”.

Як сарлавҳаи дигар, ки дар он номи мард омадааст, вале ба масоили занон ишора мешавад:

«Эшони Нуриддинҷон: "Бародар метавонад, ҳамсари бародари мурдаашро... бигирад".

Дар ин сарлавҳа як бор номи «мард», ду бор калимаи «бародар» акскунандаи мақоми мард ва як бор калимаи «ҳамсар» -муродифи зан омадааст ва он ҳам объекти амал аст на субъект.

Дар 7 хабар оид ба занон сухан меравад ва танҳо мунтариҷаи яктои он “Гузориши аксии Ивлева аз ҷанги Тоҷикистон: Ҷанг гунаҳкору бегуноҳ надорад” мусбат аст. Дар 6 хабари дигар:“ВКД:Зиёдагул сари духтари 6-солаашро аз тан ҷудо кардааст”;  “Хабаргирии баҳсбарангези Шабнам ва Фарзона аз Фурқат Қосимов дар зиндони №1”; “Фуруши кудак ба ивази200 $-у 150 сомонӣ дар Душанбе”;  Ҳабси“мулло”-и 86-сола ба гумони дастдарозӣ ба номуси духтарон»; “Қонеъ шудани даъвои "ҷабрдидаи таҷовуз"аз болои Шуҳрат Қудратов”; “Абдулқодирзода:“Дар сар саллаву дар тан ҷелаку... фаҳш...Хуни сарам то ҳол меҷӯшад”; занон дар пайвастагӣ бо ҷиноят мавриди зикр қарор гирифтаанд ва дар хабари: “Эшони Нуриддинҷон: "Бародар метавонад,ҳамсари бародари мурдаашро... бигирад" сухан аз фатвои “руҳонии саршиноси тоҷик” оид ба раво будани никоҳи бародар бо зани бародари мурда меравад, вале аз иродаи он зан сухан намеравад.

Аз 3 маводи видеоӣ дар 2 -тоаш чеҳраи мард њувайдо бошад, яктоаш бе чеҳра аст. Мавзуи ин маводҳо дин ва тиҷорат мебошад.

Хулоса, тайи як ҳафта аз 56 хабари интишоршуда танҳо дар як маврид симои зан оҳанги мусбат дорад (“Гузориши аксии Ивлева аз ҷанги Тоҷикистон: Ҷанг гунаҳкору бегуноҳ надорад”) ва он ҳам зани тоҷик нест.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

www.ruzgor.tj :

Сомонаи мазкур дар давоми њафта  12 мавод интишор намудааст. Маводҳо аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» ва сомонаи «Озодӣ» бознашр шудаанд.

Ҳар мавод бо 1 акс оро ёфтааст. Дар аксҳо дар 9 маврид мардон, дар 1 маврид зан, дар 2 маврид манзара тасвир шудаанд.

Мардон ҳама бо чеҳраҳои мусбат тасвир шудаанд, вале азбаски зан аз пушти сар аккосї шудааст, чењраи ўро наметавон муайян намуд.

Сарлавҳаҳо:

Дар 2 сарлавҳа номи 3 мард омадааст, дар10 сарлавҳа ишора ба ҷинс нест.

Арзёбии номи мардон дар сарлавҳа куллан мусбат аст.

Муҳтавои маводҳо:

Танҳо як мавод, ки мусоҳиба бо зани 38 -сола аст, ба мушкилоти занон бахшида шудааст. Дар оҳанги саволгузории рўзноманигор оҳанги танқид, ё маҳкум кардан нест. Мусоҳиба саҳнаҳои зиндагии занро беғаразона рушан кардааст.

Дар маводи дигаре «Таронаи муҳаббат: аз Мавлоно то Лоиқ” мактубҳои хонандагон (се нафар зан ва ду нафар мард) оварда шудааст. Мавзуи суҳбати хонандагон мардони эҷодкор (Мавлоно, Лоиқ, Аҳмад Зоҳир, Тоҷиддин Муҳиддинов, Икромӣ ва Шераки Ориён) мебошанд.

Хулоса, аз нигоҳи миқдор занону мардон комилан нобаробар инъикос ёфтаанд Вале аз нигоҳи муҳтавои мақолаи ягонае, ки ба мавзуи занон бахшида шудааст, қобили қабул буда, хулосаҳои яктарафа надорад.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

www.avesta.tj :

Ин сомона дар давоми њафта 100 хабар интишор додааст.

Бояд гуфт, ки сомонаи мазкур аксҳоро хеле кам истифода мебарад ва аксҳо танҳо манзараро тасвир мекунанд.

Сарлавҳаҳо: Дар сарлавҳаҳо номҳо хеле кам истифода шудаанд. Танҳо дар 8 сарлавҳа номҳо омадаанд ва ҳамаи он номҳои мардонаанд ва ба олами сиёсат мансубанд. 4 сарлавҳа бе ном ба ҷинси мард ишора мекунад ва онҳо оид ба ҷиноятанд: «Житель Душанбе подозревается в краже более $70 тыс. из припаркованной иномарки»; «В Кулябе студент местного госуниверситета задержан с партией наркотиков» ва м.и.

Танҳо 2 сарлавҳа (“Женская юниорская сборная Таджикистана продолжает готовиться к отборочному раунду чемпионата Азии”; “Жительница Турсунзаде подозревается в продаже собственного ребенка”); ба занон ишора мекунад, вале дар сарлавњањо ном истифода нашудааст.

Аз нигоҳи шумора баробарӣ нест. Арзёбии мардон бештар мусбат ва камтар манфӣ, арзёбии занон ҳам мусбат ва манфӣ баробар аст.

Муҳтаво:

Аз 100 хабар дар 88 хабар дар бораи мардон (чеҳраҳои сиёсӣ, роҳбарони кишвар ва шаҳру ноҳияҳо) сухан меравад. Дар 4 хабар сухан дар бораи занон меравад, яке аз соҳаи варзиш, 2 ахбори ҷиноӣ, 1 хабар фалокат бо духтарчаи дусола. Дар 9 хабар ишора ба ҷинс нест.

Дар мавод дар бораи мардон дар 3 хабар арзёбӣ манфӣ ва дар 86 хабар мардон мусбат арзёбӣ шудаанд. Дар 4 мавод дар бораи занон, бонувон дар якеаш мусбат, дар сетояш манфӣ арзёбӣ шудаанд.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

 

www.khovar.tj :

Сомонаи мазкур дар тўли њафта 96 хабар ба табъ расонидааст, ки дар онњо 21 сурат истифода гардидааст. Дар 15 акс мардон, дар 5 акс занон тасвир шудаанд. Ќобили зикр аст, ки њамаи аксҳо мусбатанд.

Дар 14 сарлавҳа номи мардон, дар 1 сарлавҳа номи зан омадааст. Дар 4 сарлавҳа (“Модари солим- ҷомеаи солим”; “Ташкили фоҳишахона дар ҳаммом”; “Куштори ваҳшиёнаи духтар аз ҷониби модар”; “Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2015 байни дастаҳои мунтахаби занона”) ишора ба ҷинс ҷой дорад.

Ҳамаи сарлавҳаҳое, ки номи мардон ҷой дорад, инчунин 2 сарлавҳа бо номи занон, оҳанги  мусбат доранд. Аз 4 сарлавҳае, ки ишора ба ҷинс аст, ҳама ба занон дахл доранд, ки 2 -тоаш тобиши мусбат, 2- тоаш дар робита бо ҷиноят, тобиши манфї гирифтааст.

Муҳтавои хабарҳо:

Дар 60 хабар фаъолияти мардон ва дар 7 хабар фаъолияти занон инъикос ёфтааст. Дар13 хабар фаъолияти занону мардон якҷоя инъикос шудааст. Аз хабарҳо оид фаъолияти мардон 9 -тоаш манфӣ арзёбӣ мешаванд (бо ҷиноят ва фалокатҳо марбутанд), аз хабарҳо оид ба фаъолияти занон 1 -тоаш бо ҷиноят вобаста шудааст.

Дар матолиб меъёрҳои одоби рузноманигорӣ риоя шудаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер