Недоступен ни однин перевод.

 

ш. Душанбе, 20 июни соли 2014

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ва Шӯрои ВАО Тоҷикистон амалҳои ғайриқонунии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маҳдудсозии дастрасӣ ба манбаъҳои миллӣ ва байналмиллии иттилоотиро маҳкум менамоянд.

Маҳдудсозии дастрасӣ ба сомонаҳои алоҳида, ки дар натиҷаи он ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба иттилоот нақз мегарданд, дар фаъолияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як навъ тамоюл табдил меёбад. Аллакай тӯли як ҳафта инҷониб дастрасӣ ба сомонаи TojNews маҳдуд гаштааст.

Ҳолати мазкур бори аввал нест, ки Хадамоти алоқа дастрасӣ ба манбаи мазкури иттилоотиро (www.tojnews.org) маҳдуд менамояд. Аз рӯзи 9 июн инҷониб дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Youtube ва Google низ баста шудаанд.

Мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ қатъ кардани сомонаҳои интернетӣ ё мавод дар асоси дар онҳо мавҷуд будани танқид ба унвони ҳукумат ё доираҳои наздики ҳукумат маҳдуд карда намешаванд. Маҳдудсозии дастрасӣ ба Интернет барои тамоми аҳолӣ ё як қисми ҷомеа, ё қатъ намудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳеҷ ваҷҳ мақбул нест. Иттиҳоди Урупо дар робита ба озодии ВАО, аз ҷумла баста шудани сомонаҳо, дар ҷараёни Даври шашуми Муколама оид ба ҳуқуқҳои инсон дар байни Иттиҳоди Урупо ва ҶТ изҳори ташвиш намуд. Қаблан намояндаи САҲА оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович низ аз Ҳукумати Тоҷикистон тақозо намуда буд, ки дастрасии бемонеаи шаҳрвандон ба Интернетро таъмин гардонад, зеро масъалаи мазкур, тибқи суханони вай, ба доираи масъулиятҳои ҳукумат дахл дорад. «Ҳар навъ маҳдудсозии пешбининамудаи қонун бояд баробар ва бо қарори суд асоснок шуда бошад», — андеша дорад Миятович.

Иқдоми анҷомдодаи Хадамоти алоқа қаблан ҳам таҳти интиқоди созмонҳои миллӣ ва байналмиллии журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқ қарор гирифта, онҳо оид ба танзими Интернет тадбирҳои мушаххас пешниҳод карда буданд.

Ба андешаи мо, ҳар гуна тадбири маҳдудсозандаи дастрасӣ ба манбаи Интернет бояд бо қонун асонок шуда, тарзе мавриди истифода қарор гирад, ки танҳо ба маводи мушаххаси барои маҳдудсозӣ пешбинишуда таъсир расонад. Вазъи баамаломада оид ба бастани манбаъҳои Интернет дар қаламрави Тоҷикистонро ба ҷуз «феодализми маъмурӣ»-и Хадамоти алоқа ба таври дигар ном бурдан мумкин нест.

Созмонҳои журналистӣ аз роҳбарияти олии сиёсии мамлакат тақозо менамоянд, ки аз мақоми ваколатдори давлатӣ қатъ намудани нақзи қонун дар муҳити иттилоотии ҷумҳуриро талаб кунад.

Акбаралӣ САТТОРОВ, раиси ИЖТ,

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОМТ,

Қироншо ШАРИФЗОДА, раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон.

 

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер