Фонди Ҷамъиятии “Гуфтугўи тамаддунҳо”,  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Шўрои Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Сомонаи www.Dialog.tj барои журналистон ва муҳаққиқони ҷавоне, ки дар мавзўи тамаддун ва геополитикаи Осиёи Марказӣ менависанд ва таҳқиқ мекунанд, аз 26 то 31 майи соли 2014 Курси омўзишии якҳафтаина баргузор менамоянд.

Ба ин даври омўзишӣ ҳудуди 10 нафар журналистон ва муҳақиқони ҷавон аз идораи нашрияҳо, сомонаҳои интернетӣ ва пажўҳишгоҳҳои илмӣ фаро гирифта  шуданд.

Ҳадаф аз баргузории Курси омўзишӣ мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию фарҳангии рўзноманигорони ҷавон дар инъикоси проблемаҳои байналхалқӣ, фаҳмиш ва дарки дурусти масоили муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар шароити кунунии равандҳои ҷаҳонишавӣ ба хотири ноилгардӣ ба журналистикаи хушсифат мебошад.

Барои гузаронидани машғулиятҳо бо усулҳои лексияи мухтасар, сўҳбат ва саволу ҷавоб, сиёсатшиносону фарҳангшиносони ватанӣ ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон, инчунин роҳбарони нашрияҳои пешбари ҷумҳурӣ, даъват шудаанд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер