«Ҳар сухани гуфта ва ё навишта дар пайи парвозу интишори озод, масъулияте низ ба дунбол дошта бошад, вагарна он аз худдонамию худситоӣ беш нахоҳад буд».

«Усули худтанзимкунии ВАО ҳангоме ба азарурат табдил меёбад, ки дар баробари афзудан ва эҳсос гардидани неруи таъсиргузорӣ дар ҷомеа, ба ҳамон андоза тазъиқу фишор аз ҷониби мақомоти расмӣ, норозигию бадгумонӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа низ сурат бигирад».

Ин пораҳое аз навиштаҳое дар китоби тозанашри муҳаққиқи журналистика, раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Қироншоҳи Шарифзода аст, ки таҳти унвони «Озодӣ ва масъулияти сухан» (Маҷмӯаи мақолаҳо) аз ҷониби Нашриёти «Ирфон» дар матбааи «Кайҳон» ба табъ расидааст.

Маҷмӯаи мазкур матни суханрониҳо ва навиштаҳои муаллифро дар маҳфилҳои ихтисосӣ ва нашрияҳои чопӣ тӯли солҳои 2010-2013 дарбар гирифтааст.

Бо вуҷуди дар вақту фазои мухталиф эҷод гардидани гузоришу мақолаҳо, баррасию таҳлили вазъи озодӣ ва масъулияти сухан, мулоҳизаҳо перомуни рушду дурнамои он меҳвари аслии матолибро ташкил медиҳанд.

Маҷмӯаи  «Озодӣ ва масъулияти сухан» баҳри омӯзиши рӯзноманигорони ҷавон, кормандони матбуот ва алоқамандони сухан муфид хоҳад буд.

Odob.tj

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер