Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон 24-уми апрел дар Кобул ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии матбуот ва тарғиб ва ташвиқи "Озодии баён”  хиёбонеро ба номи “Озодии баён” дар пойтахти ин кишвар номгузорӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", ин вазоратхона  дар айни замон 4 хиёбони дигарро дар Шаҳринави Кобул низ ба номҳои “хиёбони Истиқлол”, “хиёбони Машрутият”, “хиёбони Ҳуқуқи башар” ва “хиёбони Қонуни асосӣ” номгузорӣ кард.

Сайидмахдум Раҳин, вазири иттилоъот ва фарҳанги ин кишвар иллати номгузории ин хиёбонҳоро тақдир аз фаъолиятҳои таъсиргузори расонаҳои ин кишвар дар ростои баёни воқеиятҳо ва ошкор кардани костагиҳои мавҷуд дар коркарди идораҳои давлатии ин кишвар баён кард.

Вай ҳамчунин хабар дод, ки тамоми вазоратхонаҳои ин кишвар ва ниҳодҳои мудофеи мудофеи расонаҳои Афғонистон барои ҳимоят аз хабарнигорон ва расонаҳо кумитаи муштараке таъсис додаанд.

Давлати феълии Афғонистон “Озодии баён” ва рушди фаъолиятҳои расонаӣ  дар ин кишварро яке аз дастовардҳои муҳими давраи ҳукуматдории худ медонад ва ба он ифтихор мекунад.

Гуфтанист, ки пас аз шикасти ҳукумати Толибон ва таъсиси низоми нави сиёсӣ дар Афғонистон, фаъолиятҳои расонаи ва дар кул озодии баён дар ин кишвар рушд ва пешрафти қобили мулоҳизае дошта аст.

tojnews.tj/

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер