Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, Шӯрои уламои Тоҷикистон мухолифи тақсим ва паҳн кардани наворҳои видиоии “Нури наҳзат” дар назди масоҷиди кишвар аст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар сӯҳбат ба TojNews гуфт, ин наворҳо обурӯ ва ҳайсияти мусалмононро паст зада, як навъ тарғиби фаҳш ва бадахлоқӣ дар ҷомеаи мусалмонии Тоҷикистон аст. Ба ҳамин хотир мо ҷонибдори онем, ки натаҳо чунин наворҳои ғайри ахлоқии “Нури наҳзат”, балки ҳамагуна наворҳои ғайриахлоқӣ ва бадномкунандаву пастзанандаи шаъну шарафи миллати тоҷик мусодира ва нест карда шаванд.

Пеш аз ин наворҳои “Нури наҳзат” 1-2 дар назди баъзе масҷидҳои ҷомеъи шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо паҳн карда мешуд ва расонаҳои чопӣ низ дар ин маврид гузориш дода буданд.

Наворҳои видиоии “Нури наҳзат” 1-2 аз номи Хадамоти амнияти дохилаи ҲНИТ бо номи “Нури наҳзат” алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор ёфта буд ва навори 3-юми онҳо ду рӯз дар пеш ин шабака мунташир гардид.

Дар навори аввал қаҳрамон Ризоев Маҳмадраҷаб, ноиби раиси ҲНИТ дар шаҳри Турсунзода муаррифӣ шуда, ҳамҷинсгароии ӯ намоиш дода шуда буд.

Қаҳрамони навори дуюм Холов Иброҳим, имомхатиби масҷиди деҳаи Сомони ҷамоати Чимтеппа ва узви ҲНИТ муаррифӣ шудааст, ки гӯиё ба баҳонаи табобат бо як зан муносибати маҳрамона кардааст.

Наворҳо баъди ҳазф шудан аз интернет, дар масҷидҳо аз сӯйи афроди алоҳида паҳн карда шуданд.

ҲНИТ таъсиси чунин як шабакаеро дар дохили ҳизб рад карда, гуфт наворҳо аз ҷониби мақомоти амниятӣ барои сиёҳ кардан ва поин бурдани ҳизби мухолиф паҳн шудааст.

Ба пахши ин наворҳо бино ба сензураи ВАО дар кишвар ва талаботи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ имкон нест.

Пахши матлабҳои чандрасонаӣ ё мултимедияи "Нури наҳзат" дар интернет зидди ҲНИТ ҳодисаи нав нест.

Қаблан барномаҳои монанд дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ пахш мешуданд. Пештар матолиби зидди ин ҳизб тариқи мақолаҳои дар расонаҳои давлатӣ ва наздик ба ҳукумат, бо имзои мустаор роиҷ буданд, ки дар доираҳои журналистӣ онҳоро ба "фабрикаи ҷавоб", гуруҳи хосае, ки бо супориши мақомот ба навиштани мақолаҳои вокунишӣ ба фаъолияти мухолифин машғуланд.

tojnews.org

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер