Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон» бо мақсади ҳавасманд гардонидани рӯзноманигорони нашрияҳои даврӣ ба фаъолияти эҷодӣ, татбиқи принсипҳои демократӣ ва озодбаёнӣ дар матбуот, таблиғи беҳтарин тадқиқоти публитсистӣ - илмӣ, беҳтарин тадқиқоти журналистӣ, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи бештари расонаҳои чопӣ ба инъикоси чунин тадқиқот, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии матбуоти озод - 3 май, озмуни навбатии эҷодии рӯзноманигорони васоити ахбори чопиро барои ҷоизаҳои зерин эълон менамояд:

Ҷоизаи ба номи Пайванди Гулмуродзода, барои беҳтарин тадқиқоти публитсистӣ-илмӣ.

Ҷоизаи ба номи Ҷумъаи Толиб, барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ.

 

Дар озмун рӯзноманигорон ва ҳайати эҷодии рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва соҳавӣ иштирок карда метавонанд.

Ба озмун маводе, ки дар тӯли аз 20-уми апрели соли 2013 то 20-уми апрели соли 2014 дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд, пешниҳод карда мешаванд.

Талаботи Озмун:

1. Тадқиқоти публитсистӣ- илмӣ:

- Барои тадқиқот оид ба таҳавуллоти иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоии рӯзгори мардум, сиёсати байналмилалӣ ва дохилӣ, масоили фарҳангӣ, ки дорои аҳамияти калони ҷамъиятӣ мебошанд.

2. Тадқиқоти журналистӣ:

- Барои тадқиқот оид ба риояи ҳуқуқи инсон, фош кардан ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ, мусоидат ба беҳдошти идоракунии муосир, ки дорои аҳамияти калони ҷамъиятӣ мебошанд.

Шартҳои Озмун:

Маводи пешниҳодшуда тибқи меъёрҳои зерин баҳо дода мешаванд:

- Фарогирии мавзӯъ, сатҳи масъалагузорӣ ва сифати таҳлил, риояи усулҳои (принсипҳои) воқеият, мунсифият ва эътимоднокӣ, риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ.

Дархостнома барои ширкат дар озмун дар шакли озод пешниҳод гардида, маълумоти зеринро бояд дар бар гирифта бошад:

Барои иштирокчиёни инфиродӣ:

- номгуи пурраи ВАО, рақам ва санаи нашри мавод;

- зикри Ҷоизае, ки мавод пешниҳод мегардад;

- ному насаби муаллиф (ё муаллифон);

- маълумотнома оид ба тарҷумаи ҳол, фаъолияти корӣ, суроғаи электронӣ, рақами телефонҳои ҷойи кор ва манзил, 2 дона сурат.

Барои нашрияҳо:

- суроға, рақами телефонҳо, ному насаби сармуҳаррир, суроғаи электронӣ.

Иштирокчиён аз ҷониби идораҳои нашрияҳои чопӣ ба озмун пешниҳод мегарданд. Иштироккунандагон (муаллиф ё муаллифон, идораи рӯзномаву маҷаллаҳо) ба озмун на камтар аз 3 (се) маводи дар мӯҳлати муқарраргардида ба табъ расидаро пешниҳод мекунанд.

Мавод бе зикри унвони Ҷоиза қобили қабул намешаванд. Ҳар довталаб танҳо барои як Ҷоиза иштирок карда метавонад.

Маводи озмунро (бо замимаи нусхаи электронӣ) ба суроғаи зайл ирсол кардан лозим аст:

ш. Душанбе, х. С. Шерозӣ 16, МТН «Шарқи озод», ошёнаи 8, Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон», тел.: 238-58-77; 238-55-23.

Суроғаи электронӣ:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Қабули мавод: то 30-юми апрели соли 2014.

Озмун аз ҷониби Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби намояндагони созмонҳои журналистӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон дар ҷамъомади тантанавӣ, 3-юми майи соли 2014 дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии матбуоти озод бо дипломи фахрӣ, мукофоти пулӣ ё мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер