Дирӯз, 9 апрел, дар маҳфиле бо ширкати намояндагони КМИР, аҳзоби сиёсӣ ва воситаҳои ахбори омма Гузориши ниҳоии нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА – (ДНДҲБ) барои интихоботи ахири президентии Тоҷикистон баргузор гардид.

Роҳбари ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА бону Параскива Бадеску дар оғози ироаи Гузориши ниҳоии ин ниҳод гуфт, ки “Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо нозирони мо ва инчунин бо нозирони созмонҳо ва кишварҳои дигар ҳамкорӣ мекард. Аммо ин ба маъное нест, ки КМИР фаъолияти хеле олӣ дошт. Боз баъзе паҳлуҳои фаъолияти КМИР беҳбудӣ мехоҳад. Мо омодаем дар оянда ба хотири беҳтар кардани фазои интихоботӣ дар Тоҷикистон бо КМИР ҳамкорӣ дошта бошем”.

Аҳли маҳфил пас аз шунидани мавқеи намояндагони КМИР Ҷамшед Ҷамшедов ва Абдуманнон Додоев, оид ба тавсияҳои Гузориш баҳс намуданд.

Аксари мубоҳисон нуктаҳои мундариҷи 34 банди Тавсияҳоро ҷонибдорӣ карда, мавқеъгирии КМИР-ро, ки ба аксари тавсияҳо розӣ набуданд, интиқод намуданд.

Бону Параскива Бадеску дар зимни натиҷагирӣ аз баҳсу мунозираҳои маҳфил изҳор дошт, ки миёни пешниҳодҳои радшуда, аксарашон калидӣ буданд. Аз ҷумла ӯ ба Тавсияе ишора намуд, ки бо назардошти дар хориҷи кишвар қарор доштани теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, САҲА пешниҳод намуд, муҳоҷирони тоҷик барои ҷамъоварии имзоҳо барои пешниҳоди номзадҳо ба мақоми президентӣ ҷалб гарданд. Мутаассифона, ин пешниҳо аз ҷониби  Комиссияи Марказии интихобот ва раъпурсии Тоҷикистон ба далели дар қонунҳои кишвар пешбинӣ нашуданаш, рад гардид.

Дар ҳамин ҳол, раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Қироншоҳи Шарифзода пешниҳод намуд,, ки ба хотири мукаммал гардидани қонунгузориҳои интихобот ва ҷавобгӯи тақозои меъёрҳои байналмилалӣ ҷараён гирифтани раванди интихоботҳо дар Тоҷикистон, аҳзоби сиёсии кишварро мебояд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории доимӣ дошта бошанд: «Аз Гузориши ДНДҲБ ва мавқеъгирии КМИР ба назар мерасад, ки иллати асосии риоя нашудани Тавсияҳо дар номукаммалии қонунҳои интихоботӣ аст. аз ин ҷо, хуб мебуд аҳзоби сиёсӣ, башумули ҳизбҳои парламентӣ, дар таҳриру такмили қонунҳо муташаккил бошанд ва дар ин самт бо дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории доимӣ ва муассир дошта бошанд».

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер