Як гурӯҳ ҷавонони тоҷики муқими Русия бо роҳбарии журналисти ҷавон Халили Қаюмзод азм доранд, ки 3-юми майи соли равон, дар Рӯзи байналмилалии озодии баён сомонаеро бо мақсади боло бурдани обрӯи миллати тоҷик дар ҷаҳон роҳандозӣ намоянд.

Тибқи иттилои муассиси ин кор Халили Қаюмзод, сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маводҳо нашр мекунад.

Номбурда мегӯяд, ки ҳадаф аз таъсиси як сомона ошно кардани мардуми ҷаҳон, бахусус мардуми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо расму оин, муҳоҷирон, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии дохили Тоҷикистон аст.

- Ҳадаф аз таъсиси чунин сомона ба даст овардани пул ва ё навъе тиҷорат нест. Мо ният дорем то ҳадди имкон обрӯи миллати тоҷик ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло барем. Дар пушти мо касе намеистад, на ҳукумати Тоҷикистон, на ягон ҳизби сиёсӣ. Нақшаи мо таъсис додани як сомонаи миллӣ аст, на сиёсӣ,- афзуд ӯ.

http://faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер