Созмони хабарнигорони бидуни марз ё худ Reporters Without Borders (RWB) аз додгоҳи марҳилаи кассатсионии Тоҷикистон даъват кардааст, қарор нисбати рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс”-ро бекор кунад.

Ин созмон қарори додгоҳ, ки Тутубалинаро муваззаф намудааст, барои таҳқири қишри зиёӣ 30 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардозад, беасосу ғайримантиқӣ ва як зарбаи сахт барои рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон хондааст. Созмони хабарнигорони бидуни марз ёдрас кардааст, ки Сарқонуни Тоҷикистон кафолати баёни озодонаи фикр ба ҳар шаҳрвандро додааст ва Тутбалина низ бо истифода аз изҳороти Ленин назарашро баён кардааст: “Аз додгоҳи марҳилаи касатсионӣ хоҳиш карда мешавад, ки бо назардошти талаботи қонун қарор алайҳи Тутубалинаро бекор кунад, чун он зарба ба тамоми журналистикаи Тоҷикистон аст.”

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ дар мавриди баҳси додгоҳии як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик бо Олга Тутубалина, муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” қарор кард, ки ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён мебошад ва ӯ бояд 30 ҳазор сомонӣ пардохт кунад. Аммо вакилони мудофеи нашрияи "Азия-Плюс" ва муҳаррири он - Олга Тутубалина аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикояти кассатсионӣ бурданд.

Тутубалина дар матлаби баҳсбарангезаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

http://ozodagon.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер