Конун (Бунёд)-и байналмилалии Олимпур барои ширкат дар давраи омӯзишии фотожурнализм озмун эълон кардааст.

Давраи омӯзишӣ аз 19-ум то 23-юми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Баргузоркунандагони озмуни мазкур мегӯянд, ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишӣ, ки панҷ рӯз хоҳад буд, назарӣ ва амалӣ мебошанд.

Ҳадафи аввал, баҳсу гуфтугӯ дар бораи асосҳои журнализми чандрасонаӣ ва боло  бурдани сатҳи дониши ҳирфайии ширкаткунандагон аз роҳи мурури усули ҳирфайии рӯзноманигорӣ, ошноӣ бо намунаҳое аз корҳои фотожурнализм дар дунёи имрӯз, гуфтугу дар бораи нақши расонаҳои диҷитол ва ояндаи расонаҳое, монанди рӯзнома, радио ва телевизион.

 

Ва дигар, ин ки бо ҳар ширкаткунанда ба сурати амалӣ руи ин мавзӯъҳо кор хоҳад шуд; истифодаи беҳтар аз акс барои сохтани маводи чандрасонаӣ; шеваи истифода аз акс дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, таъкид бар ҷанбаҳои қонунӣ ва ахлоқӣ ва хутути қирмиз (сурх), копӣ ройт ё ҳуқуқи маънавии аккосон, нақши телефонҳои ҳамроҳ дар журнализми чандрасонаӣ ва саранҷом, таҳияи гузориши чандрасонаӣ бо истифода аз аксу видео ва садо бар асоси достоне ҷолиб ва ҷаззоб дар бораи як мавзӯъи иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ ба интихоби Шумо. (Беҳтарин корҳои ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ дар сойти Конуни Байналмилалии Олимпур ба нашр хоҳанд расид.)

Давраи омузишӣ барои чи касоне муфид аст?

Ин давра, ки ба забони тоҷикӣ ва русӣ баргузор мешавад, барои ҳамаи журналистоне аст, ки бо расонаҳои чопӣ, савтию тасвирӣ ва интернетӣ кор мекунанд ва бо навишта, садо ва тасвир сару кор доранд.

Мураббиён (тренерон) ва омӯзишдиҳандагон, Исфандиёри Одина, хабарнигори ВВС ва дорои таҷруба дар кори таълими чандрасонаӣ, Боқири Муъин, мудири сойти фарҳангӣ ва чандрасонайии ҶадидОнлайн, Девид Мортон, дорои таҷруба дар мудирияти расонаӣ, журнализм ва аккосӣ, Заур Дахте, аккос ва филмбардори ботаҷруба ва устод дар омӯзиш, Муборакшоҳ Гулҷонов, аккоси барҷаста ва дорои таҷрубаи чандрасонаӣ мебошанд.

Барои ширкат дар озмун довталабон бояд асноди зеринро то соати 17:00 рӯзи 12 майи соли ҷорӣ бо имейл ба нишонии Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript бифиристанд:

1. Шарҳи ҳоли мухтасар (CV)-и  шомили таҷрубаи корӣ

2.  Нусхаи шиносномаи довталаб

3. Шарҳи кутоҳе дар мавзуъи “Интизороти ман аз ин давраи омӯзишии фотожурнализм чист” (Дар ин навишта довталаб мухтасар тавзеҳ медиҳад, ки чаро дар ин давраи омӯзишӣ ширкат мекунад ва аз донишҳои андӯхтааш  дар кадом самт ва чи гуна мехоҳад истифода барад.)

4. Фиристодани 10 акс бо тамаркуз бар як мавзӯъ, ки достоне фарҳангӣ ва ё иҷтимоъиро, ки Шумо дар зеҳн доред, баён кунад. Ҳадаф аз ин аксҳо ин аст, ки ошнойии Шуморо бо аккосӣ ва тамаркузи Шуморо бар як мавзӯъ нишон диҳад.

Ташкулкунандагони ин давраи омӯзишӣ, ба 3 кори беҳтарине, ки ширкаткунандагон дар давраи омӯзишӣ таҳия мекунанд, ҷоизаи пулӣ эълон кардаанд.

http://www.tojnews.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер