14 созмони ҳифзи ҳуқуқ ва журналистӣ зимни як муроҷиат ба Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз ӯ дархост кардаанд, "оид ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар боздоштгоҳи махсуси Дмитровски Маскав, ки ихроҷашонро ба ватан интизоранд, чораҳои зарурӣ андешида шавад".

Муроҷиаткунандагон менависанд, ки «санаи 18-19 марти соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва як қатор сомонаҳои хабарӣ маълумот оид ба вазъи муҳоҷирини меҳнатии тоҷикистонӣ, ки дар боздоштгоҳи махсуси Дмитровски Маскав то бозгашт ба ватан нигоҳ дошта мешаванд, пайдо шуд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар суҳбат бо Иззат Амон, роҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, аз шароити нигоҳдорӣ ва беаҳамиятии масъулини боздоштгоҳи махсуси Дмитровски Маскав ва ҳамчунин намояндагони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия шикоят мекунанд. Ҳамчунин, занон-муҳоҷирони тоҷик, ки дар ин боздоштгоҳи махсус нигоҳ дошта мешаванд ва миёни онҳо занони ҳомила низ ҳастанд, бо зикри беаҳамиятии масъулини сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар назди дастгоҳи наворбардорӣ муфассал шароити тоқатфарсои нигоҳдорияшонро баён намудаанд».

- Баъди нашри ин видео дар Ютуб, - мегӯянд муроҷиаткунандагон, - фишор болои муҳоҷирони меҳнатӣ афзудааст. Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия ҳуҷраҳои муҳоҷиронро бозҷӯӣ карда, ду муҳоҷирро, ки бештар аз шароити тоқатфарсои боздоштгоҳ танқид намудаанд, дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷой додаанд.

Нусхаи ин муроҷиати 14 созмони ҳифзи ҳуқуқ ва журналистӣ ба унвонии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва воситаҳои ахбори омма низ ирсол шудааст.

http://faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер