Филми «Журналист»-и коргардони тоҷик Аъзами Розиқ барои ширкат дар Фестивали байналмилалии филмҳои детективии DetectiveFEST роҳхат гирифтааст.

Бино ба иттилои Аъзами Розиқ, фестивали мазкур аз 16 то 20 апрели соли 2014 дар шаҳри Маскави Русия баргузор мегардад ва онҳоро зарур аст, ки то 28 март тасмимашонро дар мавриди иштирок дар ин чорабинии байналмилалӣ тавассути почтаи электронӣ ба мутасаддиёни фестивал бирасонанд.

Филми «Журналист» аз рӯи асари «Марги журналист»-и рӯзноманигори маъруфи тоҷик Хуршед Атовулло ба навор гирифта шудааст. Наворбардории ин филм дар давоми 50 рӯз дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ёвон идома ёфта, нахустнамоиши он 19 январи соли 2012 дар Кохи Ҷомии пойтахт баргузор гардид.

Дар филми «Журналист» ҳунармандони тоҷик Аъзами Розиқ, Сӯҳроб Ҷанҷолов, Давлат Убайдуллоев, Қурбони Собир, Нозим Меликов, Абдукарим Машрабов, Моҳпайкар Ёрова, Таҳмина Раҷабова ва дигарон нақш офаридаанд.

http://faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер