Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба амалӣ намудани лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» шурўъ мекунад

Ҳадафи асосии лоиҳа бартараф намудани мушкилоти норасоии кадрҳо дар соҳаи ВАО-и ватанӣ мебошад.

Солҳои охир роҳбарони ВАО-и кишвар мунтазам ба норасоии кадрҳо ишора мекунанд. Дар шароити рушди журналистикаи чандрасонаӣ ва конвергентсияи редаксияҳо эҳтиёҷ ба журналистони бо воситаҳои мултимедӣ ошно зиёд шудааст. Ин шароит дар ҳоле ба миён омадааст, ки ҳамасола як факултет ва шаш шўъбаи журналистика то 300 мутахассиси соҳаро тайёр мекунанд.

Мутобиқи тадқиқоти ТҶ «Хома» оид ба бозори телевизионӣ (2012-2013) қариб 90% роҳбарони телевизионҳо қайд намудаанд, ки кормандонашон ба тренингҳо эҳтиёҷ доранд. Бахусус талабот ба тренингҳо оид ба тележурналистика (зиёда аз 60%), маҳорати наворбардорӣ (қариб 70%) ва дизайнери компютерӣ (қариб 40%) бештар аст.

Дар ҷараёни гузариш ба пахши рақамӣ дар соҳаи телевизион ва радио эҳтиёҷоти ин бахшҳои ВАО ба мутахассисони баландихтисоси техникӣ афзудааст. Мутаассифона, мактабҳои олии Тоҷикистон мутахассисони махсуси техникии телевизионро, ба монанди наворбардор, танзимгар, дизайнер ва рушанидиҳанда тайёр намекунанд.

Вобаста ба гуфтаҳои боло лоиҳа омўзиши 4 гурўҳи иборат аз журналистон, наворбардорону танзимгарон, дизайнерон ва коргардонҳову рушанидиҳандагонро ба нақша гирифтааст.

Ба омўзиш зиёда аз 70 нафар довталабон тавассути озмун дар байни журналистон, наворбардорон-танзимгарон, режиссёрон, рушанидиҳандагон, режиссёрони овоз, наворбардорони студияҳо, фаъолони интернет, рассомони дизайнер, веб-дизайнерон ва дизайнерони телевизион ҷалб мешаванд.

Иштирокчиёни лоиҳа давоми 8 моҳ бо ду давраи омўзишии комил ва давраҳои фосилавӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузашта, ҳамзамон бо иҷрои супоришҳо ва омўзиши дистанционӣ фаро гирифта мешаванд. Машғулиятҳо ҷудогона ва муштарак мегузаранд. Як қисми назария ва қариб тамоми машғулиятҳои амалии гурўҳи журналистон ва наворбардорон якҷоя мегузаранд.

Тренинг барои гурўҳи мутахассисони технологияҳои истеҳсоли телевизионӣ, ки он аз наворбардорони студияҳо, равшанидиҳандагон ва коргардонҳо иборат аст, дар заминаи яке аз телевизионҳои пойтахт ба нақша гирифта шудааст.

Қисмати бештари тренингҳо амалӣ буда, дар ҷамъбасти кор иштирокчиён як қатор маводи телевизиониро омода мекунанд.

Яке аз навовариҳои лоиҳа он аст, ки бори аввал дар таърихи телевизиони тоҷик омўзиш барои дизайнерони телевизионӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ҳисоби рассомон ва дизайнерони графикӣ як гурўҳи дизайнерони телевизионӣ ташкил меёбад, ки талабот ба онҳо дар телевизионҳои мамлакат зиёд аст.

Дар доираи лоиҳа ҳамчунин озмун барои маводи беҳтарини журналистони телевизионӣ гузаронида мешавад. Ғолибони озмунро сафари омўзишӣ ба яке аз ширкатҳои телевизионии хориҷӣ интизор аст.

Ба ҳайси тренерон ба лоиҳа мутахассисони хориҷӣ ва ватанӣ оид ба журналистикаи телевизионӣ, маҳорати наворбардорӣ, санъати танзим ва дизайни телевизионӣ ҷалб шудаанд.

Дар доираи лоиҳа барои иштирок дар Мактаби тележурналистика ОЗМУН эълон карда шудааст. Муфассал дар бораи озмун дар ин ҷо – http://khoma.tj/index.php?option=com_content&view=section&layout=blog&id=8&Itemid=12

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер