http://www.tojnews.tj/ - 11 март, 2014 - 17:05:

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 5 нафарро бо ҷоизаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ сарфароз кард.

Бино ба иттилои хабарнигори “TojNews” имсол, ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши телевизион ба Ғайратшоҳи Аҳмадшоҳ ва Моҳсафар Яҳёева, ровиёни шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, дар бахши матбуот ба Ҳусейни Нарзулло, хабарнигори нашрияи “Садои Мардум” ва Мирзоалӣ Ҷураев хабарнигори нашрияи “Паёми Душанбе” супорида шуд. Дар бахши радио бошад ба хабарнигори радиои Тоҷикистон, Алихон Зарифӣ ва дар бахши тадқиқоти журналистӣ Мирзоалӣ Ҷӯраев супорида шуд.

Ҳамчунин ба Мансур Бойзода ва Сипеҳри Кароматулло донишҷӯи курси 5-уми факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷоизаи Воҳид Асрорӣ супорида шуд.

Ҷоизаи Воҳид Асрорӣ ҳамасола ба донишҷӯёни фаъоли соҳаи журналистика дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи ба номи Аблулқосими Лоҳутӣ ҳамасола аз соли 1968 инҷониб барои дастовардҳо дар соҳаи рӯзноманигорӣ супорида мешавад.

Рӯзноманигорони тоҷик то мустақилияти Тоҷикистон 5-уми май, рӯзи нашри “Правда”-ро чун иди касбӣ таҷлил мекарданд, аммо аз соли 1994 ин сана ба 11-уми март, зодрӯзи нахустин нашрияи тоҷикӣ, “Бухорои Шариф” гузаронда шуд, ки аввалин шуморааш 11-уми марти соли 1912 ба табъ расида аст.

 

 

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер