http://www.bbc.co.uk/tajik/news/-Сешанбе, 11 Март соли 2014 - 10:03:

Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки вазъияти озодии баён ва матбӯъот дар Тоҷикистон дар муқоиса бо бештари кишварҳои минтақа беҳтар аст

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки вазъияти озодии баён ва матбӯъот дар Тоҷикистон дар муқоиса бо бештари кишварҳои минтақа беҳтар аст.

Шукурҷон Зуҳуров, ки рӯзи сешанбеи 11 март дар иртибот бо Рӯзи матбӯъоти тоҷик бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт: "Озодии матбӯъот бо меъёрҳои Шӯрои СММ дар умури ҳуқуқи башар мувофиқат мекунад. Порлумони Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ садди роҳҳи фаъъолияти озоди расонаҳо нахоҳад шуд. Баръакс Маҷлиси намояндагон омодаи ҳамкорӣ бо расонаҳо аст."

Ҳамзамон, оқои Зуҳуров аз хабарнигорон даъват кард, ки ба хотири таҳкими ваҳдат ва рушди ҷомеъаи демукротик дар кишвар хидмат карда ва аз аъмоле, ки "мунҷар ба низоъу харобкорӣ" мешавад, парҳез кунанд. Ӯ аз қавли Моҳотмо Гондӣ, сиёсатмадори маъруфи Ҳинд, нерӯи иттилоъоти нодурустро шабеҳи селобе хонд, ки метавонад харобии зиёд орад.

Раиси Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон гуфт: "Қалами аз назорат берунмондаи журналист (рӯзноманигор) танҳо барои вайронкорӣ хидмат мекунад. Агар назорат аз берун бошад, вайронкортар мешавад. Назорат танҳо дар он сурат муфид аст, ки агар он аз ботин амалӣ шавад."

Ҳарчанд вай дар ин замина аз ҳеч расона ё нашрияе ном набурд, аммо ба гумони ғолиб мухотабаш нашрияҳо ва расонаҳои мустақилли Тоҷикистон будаанд, ки ба таври ошкор аз мавориди фасод ва навоқис дар фаъъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, Маҷлиси намояндагон, интиқод мекунанд.

Дар фароварди суханҳояш оқои Зуҳуров ба мавориди зиёди нақзи қонун аз ҷониби нашрияҳо ва расонаҳои мустақил ишора карда ва гуфт, ки бо ин вуҷуд ҳукумати Тоҷикистон ба хотири озодии баён ва рушди матбӯъоти мустақил аз андешидани чораҳои қонунӣ худдорӣ мекунад.

Вазорати хориҷаи Омрико аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон интиқод кардааст

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои мустақилли рӯзноманигорӣ ва ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз мавонеъи фаровон дар роҳи озодии баён дар Тоҷикистон ва таъқибу фишорҳо бар хабарнигорони мустақил ҳамвора интиқод мекунанд.

Аз ҷумла, дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Омрико дар бораи ҳуқуқи башар, ки моҳи гузашта мунташир шуд, ба мавориди зиёди нақзи озодии баён ва матбӯъот аз сӯйи мақомоти тоҷик, назири боздошт, таъқиб ва таҳдиди ҷаримаи сангин алайҳи расонаҳои мустақил таъкид шудааст. Масалан, мумкин аст як хабарнигор барои таҳқири раиси ҷумҳурӣ ба муддати 5 сол равонаи зиндон шавад.

Дар моҳи феврали соли 2013 додгоҳ нашрияи “ИмрӯзNews”-ро барои чопи матолиби интиқодӣ дар бораи наздикони раиси ҷумҳурӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ё 10 ҳазор дулори омрикоӣ ҷарима кард. Рӯзи 28 октябри соли гузашта Маҳмадюсуф Исмоъилов ба иттиҳоми таҳдид ва ришваситонӣ ба миқдори 400 сомонӣ ба муддати 11 сол равонаи зиндон шуд.

Дар паёми шодбоши Шӯрои расонаҳо, як ниҳоди мустақилли хабарнигорӣ дар Тоҷикистон, низ ба мавонеъи зиёд дар роҳи озодии баён дар ин кишвар ишора шудааст: "То ҳол садду мавонеъ барои фаъъолияти озоди расонаҳо, ба мисли эҷоди маҳдудият дар дастрасӣ ба иттилоъот, фишору таъқиби рӯзноманигорон, қазияҳои додгоҳии давомдор вуҷуд доранд."

Ин дар ҳолест, ки тибқи паёми ин ниҳод, расонаҳо ва матбӯъот дар амри таҳкими давлатдории навин, тарбияти эҳсоси ватандорӣ, боло бурдани хештаншиносии миллӣ, мусоъидат ба ташаккулу рушди равандҳои демукротисозии ҷомеъа хидмати зиёд мекунанд.

Дар Рӯзи матбӯъоти тоҷик Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдон ва раҳбари ҳизби мухолифи сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ), аз мавзеъгирии "муғризонаи" нашрияҳои давлатӣ, бахусус нашрияи русизабони “Народная газета”, ки нашрияи расмии давлати Тоҷикистон аст, алайҳи худ интиқод кардааст.

Дар баёнияи оқои Зойиров таъкид шудааст, ки дар соли гузашта ин нашрия дар мавриди фаъъолияти сиёсии ӯ 20 матлаби интиқодиро бо имзоҳои мустаъор, ки гуфта мешавад муаллифи онҳо Сироҷиддин Иззатуллоев маҳсуб мешавад, чоп кардааст.

Оқои Зойиров гуфт, ки нашрияи "Народная газета" ба минбари “пучгӯйӣ” мубаддал шудааст

Раҳбари ҲСДТ гуфтааст, ҳадди ақал ин "журнолист" барои сӯиистифода аз озодии баён ва мақоми хидматӣ бояд бар асоси муфодди Қонуни кайфарии Тоҷикистон муҷозот мешуд.

Ба гуфтаи оқои Зойиров, чун Сироҷиддин Иззатуллоев барои аъмоли худ муҷозот нашуд, ин беҷазоӣ дар авоили соли ҷорӣ дасти ӯро барои ҳамалоти лафзӣ ба Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумон, низ боз карда ва оқои Шабдоловро барои мухолифаташ бо муъоф шудани нерӯгоҳи "Роғун" аз пардохти молиёт мавриди интиқод қарор додааст.

Оқои Зойиров аз он ибрози таассуф карда, ки як нашрияи давлати Тоҷикистон ба минбари “пучгӯйӣ” мубаддал шудааст.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлат, дар авохири моҳи гузашта Кумитеҳои амният ва телевизиюнҳои давлатии “Шабакаи аввал” ва “Сафина”-ро ба иттиҳоми нақзи ҳуқуқу озодиҳои аъзои ҲНИТ ба додгоҳ кашид, аммо додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти ҳизбро рад кардааст.

Дар ҳами ҳол, баъд аз зуҳри сешанбеи 11 март, дар бинои теотри Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе маросими таҷлил аз Рӯзи матбӯъот баргузор шуда ва ҷоизаҳои Лоҳутии Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар бахшҳои матолиби беҳтарини сол дар матбӯъот, телевизиюн, родию ва таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ба барандагон эъто хоҳад шуд.

Мақомоти вазоратҳои умури хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон низ хабарнигоронро бо Рӯзи матбӯъот шодбош гуфтаанд.

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравии пешин аз рӯзи 5 май, рӯзи чопи нахустин шумораи рӯзномаи “Правда”, нашрияи Ҳизби кумунисти шӯравӣ, ба унвони Рӯзи матбӯъот таҷлил мешуд.

Пас аз касби истиқлол рӯзи 11 март, таърихи оғози чопи нашрияи “Бухорои шариф” дар соли 1912, нахустин нашрияи форсӣ дар Варорӯд, Рӯзи матбӯъот дар Тоҷикистон эълом шуд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер