(Паёми шодбоши Шўрои ВАО- и Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Аз чопи нахустрўзномаи тоҷикии “Бухорои шариф”, ки ба ифтихори зодрўзи он дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола 11 март чун Рўзи матбуот таҷлил мегардад, яксаду ду сол сипарӣ гардид.

Боиси сарфарозии аҳли қалам аст, ки беш аз як аср навиштани сухани ҳақ, интишори афкори созанда, тарғиби ғояҳои пешбари ҷомеа бо ҳадафи маърифатбахшӣ, гиромидошти фарҳангу суннатҳои миллӣ дар меҳвари фаъолияти нашрияҳои чопӣ қарор доштааст.

 

Матбуоти даврии мо бо арҷгузорӣ ба анъанаву суннатҳои пешгузаштагони хеш, имрӯз дар амри таҳкими давлатдории навин, тарбияи эҳсоси ватандорӣ, боло бурдани худшиносии миллӣ, мусоидат ба ташаккулу рушди равандҳои демократисозии ҷомеа, чун оинаи шаффофи рўзгори мардум хидматгузорӣ дорад.

Бо вуҷуди фароҳам будани заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию эҷодии озодии сухан дар кишвар, садду монеъаҳое барои фаъолияти озоди расонаҳо, ба мисли эҷоди маҳдудият дар дастрасӣ ба иттилоот, фишору таъқиби журналистон, қазияҳои судии давомдор, баҳри татбиқи ин озодиҳо ҳамоно аз мушкилоти матбуоти даврӣ ҳастанд. Дар чунин шароит, вусъат додани ҳамкории баробар бо ниҳодҳои расмию ҷамъиятӣ, рўй овардани идораи нашрияҳо, кормандони ВАО ва созмонҳои касбӣ ба усули худтанзимкунӣ бо риояи бемайлони “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”, аз омилҳои муассири истифода аз озодии сухан ва эътирофу соҳибэҳтиром гардидани нашрияҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа мебошад.

Қавли нахустрўзномаи миллиамон - “Бухорои шариф”, ки ҳанӯз дар шурӯъи фаъолияташ эълон доштаву то вопасин шумора бемайлон пайравӣ менамуд -  «мақолоти муғойира ба маслаки тараққихоҳона дарҷ нахоҳанд кард», бояд шиори касбии аҳли нашрияҳо гардад.

Аҳли эҷоду истеҳсол, ҳамкорону ҳаводорони матбуоти даврӣ ва истифодабарандагону истеъмолгарони маҳсулоти чопиро бо иди касбӣ шодбош гуфта, комёбиву муассирии фаъолияташонро дар қаламрави озодиву масъулияти сухан таманно дорем.

Қироншоҳи Шарифзода,

раиси Шўрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер