(Изҳороти созмонҳои журналистии Тоҷикистон)

27.02.2014. соати 16.00

Қарори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли ҷорӣ дар нисбати муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») –и Ольга Тутубалина («Азия-плюс», №40, аз 30.05.2013), бо даъвои панҷ иттиҳодияи илмию эҷодӣ бо ҳамроҳии 3 намояндаи зиёиёни кишвар - Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов, ки муаллифи матлаби мазкурро ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ва чопи раддия дар нашрия вазифадор менамояд, мо, намояндагони ҷомеаи журналистиро нигарон месозад.

Мо бар онем, ки тавассути суди одилона баррасӣ ва ҳал намудани баҳсҳои рӯйзада миёни васоити ахбори омма ва ниҳодҳову шаҳрвандон дар ҳар кишвар аз арзишҳои воло ва тақозои низоми демократӣ аст, вале ҳамзамон тарзи бархӯрд ва муносибати судҳо, ба хусус судҳои марҳалаи аввал, ба ин масъала низ ҷавобгӯ ба муқаррароти қонунҳои миллӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сурат бигиранд.

 

Бо таассуф қайд менамоем, ки мурофиаи судии қазияи муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён» ва иттиҳодияҳо ва намояндагони қишри зиёии кишвар бо халалдор шудани меъёру муқаррароти қонунҳои мурофиавӣ, яктарафа, бе назардошти ҳолатҳои воқеӣ ҷараён гирифта, қарори суди марҳалаи аввал принсипҳои объективият ва беғаразии мақоми судиро зери суол бурд.

Илова бар ин, Шўрои ВАО-и Тољикистон матлаби мазкурро баррасї намуда, дар он халалдор шудани «Меъёрњои ахлоќии касбии фаъолияти журналистї дар Точикистон»-ро дарнаёфта буд.

Ҳолати мавҷудияти кафолати конститутсионии озодии баён дар Тоҷикистон ва эътироф шудани санадҳои байналмилалии танзимгари озодии сухан аз ҷониби давлати Тоҷикистон, таъин намудани чунин муҷозоти судӣ дар нисбати рӯзноманигоре, ки тавассути матбуот ақидаи хешро вобаста ба зуҳуроте дар ҷомеа баён доштааст, мояи нигаронӣ набуда наметавонад.

Боис ба таъкид аст, ки чунин муносибати мақомоти судӣ дар нисбати қазияҳои вобаста ба фаъолияти журналистон бори аввал набуда, тамоили анъанавӣ касб намуда истодааст. Қарори суди марҳалаи аввал дар нисбати рӯзноманигор Ольга Тутубалина - муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён», намунаи тозаи чунин муносибати ноодилонаи мақоми судӣ буда, як навъ фишороварӣ ба  фаъолияти озоди журналист, таҳдиде ба озодии баён дар ҷомеаи демократияхоҳи мо мебошад.

Шӯрои  ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон,

Медиа-Алянси Тоҷикистон,

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома».

шаҳри Душанбе, 27 феврали с.2014.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер