Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврал даъвои як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина -- муҳаррири “Азия-Плюс” ва муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро қисман қонеъ кард.

Додрас Сурайё Ҷобирова ҳангоми қироати қарор гуфт, ин матлаби Тутубалина як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён буда, “Азия-Плюс” вазифадор аст, дар тӯли ду ҳафта раддия чоп намояд. “Додгоҳ ба хулосае омад, ки даъвогарон шомили табақаи зиёиён буда, мақолаи Олга Тутубалина нисбат ба онҳо таҳқир ҳисоб мешавад”,-гуфт ӯ.

 



Хонум Ҷобирова илова кард, Олга Тутубалина ва "Азия-Плюс", инчунин, ба Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева, ки мегӯянд, баъд аз хондани матлаби ӯ зарари маънавӣ дидаанд, 10 ҳазор сомонӣ (дар маҷмуъ 30 ҳазор сомонӣ) ҷуброн пардохт мекунад. Худи Тутубалина баъд аз эълони қарори додгоҳ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, интизорияш бароварда нашудааст. Ӯ афзуд, бо вакилони мудофеаш машварат карда, сипас тасмим хоҳанд гирифт, ки аз болои ин қарор шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд, ё на.

 

 

Иноят Иноятов, яке аз вакилони мудофеи Олга Тутубалина, мегӯяд, хулосаи додгоҳ ба ҳолатҳои воқеӣ мухолифат мекунад.“Ман пурра бовар дорам, ки додгоҳ ҳалномаро мустақилона набаровардааст. Мо, албатта, нисбат ба ҳалнома шикоят мекунем. Ин ҳалнома комилан ғайриқонунӣ ва бе асос аст”,-афзуд ӯ.

Қаблан, ҷониби даъвогарон дар додгоҳ баромад карда, аз додрас хоста буданд, ба фоидаи зиёиён аз ҳисоби нашрияи русизабони “Азия-Плюс” 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнда шуда, бо пахши як раддия аз онҳо маъзаратхоҳӣ низ шавад. Даъвогари асосӣ дар ин баҳс -- Иттиҳодияи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. 

Тутубалина дар ин матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

http://www.ozodagon.com/15037-30-000-somoni-charimai-tutubalina-baroi-harfhoi-lenin.html

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер