Рӯзноманигор Абдуқаюми Қаюмзод, ки субҳи 19 феврал ба сабаби бад шудани саломатияш дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи «Қарияи боло»-и пойтахт бистарӣ гардида буд, баъди беҳтар гардидани вазъи саломатияш аз беморхона мураххас шудааст. Бино ба тавсияи табибон, Қаюмзодро мебояд таи чанд муддати дигар табобатро дар хонааш идома диҳад.

Абдуқаюми Қаюмзод яке аз рӯзноманигорони маъруфи тоҷик аст, ки ду соли пеш бо пешниҳоди ҳафтаномаи "Фараж" барои силсиламусоҳибаҳояш ба дарёфти ҷоизаи Лоҳутӣ сазовор дониста шуд. Қаюмзод таи чанд соли охир дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» фаъолият дошт, ки ахиран бо баҳонаҳои гуногун аз кор ронда шуд ва чанд муддат бекор буд.

Дар ин миён давоми як моҳ ба ҳайси сухангӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон фаъолият кард ва пас аз бекории чандмоҳа дабири нашрияи "Ҳафта" таъин шуд. Вале ахиран вазири нави фарҳанг Орумбеков бо баҳонаҳои гуногун фавран нашрияро баъди чопи як шумора баст ва Қаюмзод дубора бекор монд.

 

www.faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер