Суратмаҷлиси №03

ҷаласаи  васеи Шўрои ВАО-и ҶТ

ш. Душанбе, аз 31 январи соли 2014

 

Даъват шуданд:

Шарифзода Қироншоҳ-раиси Шўрои ВАО-и ҶТ, Боқизода Саидмухтор-узви Шўрои ВАО, Мараимов Раҷабалӣ (Раҷаби Мирзо) узви Шӯрои ВАО, Исмоилов Зинатулло – узви Шӯрои ВАО, Акобирова Шаҳло - узви Шӯрои ВАО, Сатторов Акбаралӣ - узви Шӯрои ВАО, Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атовулло) - узви Шӯрои ВАО;

Усмонов Иброҳим – узви Комиссияи таҳияи тағйиру иловаҳо ба Ойинномаи Шӯрои ВАО, Дӯстов Саймиддин - узви Комиссияи таҳияи тағйиру иловаҳо ба Ойинномаи Шӯрои ВАО, Ализода Ҳуринисо - узви Комиссияи таҳияи тағйиру иловаҳо ба Ойинномаи Шӯрои ВАО, Ҳамдампур Шариф – муассиси Шӯрои ВАО, Асозода Мӯсо - муассиси Шӯрои ВАО, Қаршибоев Нуриддин - муассиси Шӯрои ВАО, Тоҷибоева Зебо - муассиси Шӯрои ВАО, Маликов Абдувоҳид – коршиноси мониторингкунанда;

Муҳаммад Ғоиб - сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият»,,

Назири Нусрат – сармуҳаррири рӯзномаи «ИмрӯзNews».


 

Иштирок доштанд:

Шарифзода Қироншоҳ-раиси Шўрои ВАО-и ҶТ, Боқизода Саидмухтор-узви Шўрои ВАО, Мараимов Раҷабалӣ (Раҷаби Мирзо) узви Шӯрои ВАО, Исмоилов Зинатулло – узви Шӯрои ВАО, Акобирова Шаҳло - узви Шӯрои ВАО, Сатторов Акбаралӣ - узви Шӯрои ВАО, Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атовулло) - узви Шӯрои ВАО.

Усмонов Иброҳим – узви Комиссияи таҳияи тағйиру иловаҳо ба Ойинномаи Шӯрои ВАО, Дӯстов Саймиддин - узви Комиссияи таҳияи тағйиру иловаҳо ба Ойинномаи Шӯрои ВАО4

Идиев Иззатбек - намояндаи муассиси Шӯрои ВАО аз ҶДММ «Оила», Асозода Мӯсо - муассиси Шӯрои ВАО, Қаршибоев Нуриддин - муассиси Шӯрои ВАО, Маликов Абдувоҳид – коршиноси мониторингкунанда4

Мирзоҷалолов Атохоҷа – муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», Қурбон Мадалиев- хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  Рустами Ҷонӣ - бунёдгузори рӯзномаи «ИмрӯзNews».

Иштирок надоштанд:

Сафарова Асалмоҳ, Дадобоев Маҳмудҷон, Ализода Ҳуринисо, Тоҷибоева Зебо.

Рўзномаи ҷаласа:

1)     Дар бораи муроҷиати нашрияҳои «Имрӯз News» ва «Ҷумҳурият» дар бораи мақолаи «Озодии ман то нӯги бинии рақибам ҳаст? (Мулоҳизаҳо дар ҷамъбасти мониторинги Шӯрои ВАО») www.Odob.tj – 23 январи соли 2014.

Гузоришгарон: Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атовулло) – узви Шӯрои ВАО, Мараимов Раҷабалӣ (Раҷаби Мирзо) – узви Шӯрои ВАО;

2)     Масъсъалаҳои ҷорӣ.

Сухан гуфтанд:

Шарифзода Қироншоҳ-раиси Шўрои ВАО-и ҶТ:

-Ҳамкорони гиромӣ, дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои ВАО муроҷиати нашрияҳои «Имрӯз News» ва «Ҷумҳурият» дар бораи мақолаи «Озодии ман то нӯги бинии рақибам ҳаст? (Мулоҳизаҳо дар ҷамъбасти мониторинги Шӯрои ВАО»)  www.Odob.tj – 23 январи соли 2014 меистад. Мо пас аз сӯҳбату мубоҳисаҳо тасмим гирифтем, ки барои баррасии ин масъала ҷаласаи ваеи аъзои Шӯро, аъзои Комиссияи таҳияи тағйиру иловаҳо ба Ойинномаи Шӯрои ВАО, муассисони Шӯрои ВАО, муаллифони мониторинг ва намояндагони тарафҳои шикояткунандаро даъват намоем. Оид ба масъалаи рӯзнома ягон фикру мулоҳиза нест? Тағйирот нест? (Не) . Кворум вуҷуд дорад, ҳафт нафар аъзои Шӯро ин ҷо ҳузур доранд, ҳамчунин муассисон низ ҳузар доранд.

Ба ҳамаи ширкаткунандагон маводи дар сомона чопшуда ва нусхаи шикояти  рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Имрӯз News» фиристода шуда буд.  Ба ҳамаатон дастрас гардид? (ҲА). Пас, ҳоҷат ба хондани ин шикоятҳо нест.

Ба маълумоти ҳама мерасонам, ки аз 15 июли соли 2013 аз ҷониба САҲА лоиҳаи хурди Шӯрои ВАО оид ба гузаронидани мониторинги панҷмоҳа, фаъол намудани сомонаи Шӯрои ВАО ва чопи 2 шумораи Бюллетени «Одоби сухан» тасдиқ гардида буд. Ҳамаи аъзои Шӯро аз тариқи интернет дар ин бобат огоҳ карда шуда буданд. Аз байни аъзои Шӯро Раҷаби Мирзо ва Саидмухтор Боқизода ба ин даъват акси садо доданд ва як коршиноси дигар – Абдувоҳид Маликов ба ин кор ҷалб карда шуданд. Дар давоми панҷ моҳ – аз 15 июл то 27 декабри чсоли 2013 ин мониторинг гузаронида шуд. Сипас, мо аз муаллифон хоҳиш кардем, ки мониторингро ҷамъбаст кунанд ва ин мулоҳизаҳо дар сомонаи Шӯрои ВАО нашр шуд. Пас аз нашри ин мавод акси садои пуршуре ба вуҷуд омад ва чанд рӯз пештар аз номи сармуҳаррири рӯзномаи «Имрӯз News» Назири Нусрат ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Муҳаммад Ғоиб ба Шӯрои ВАО шикоятҳо ворид шуданд. Барои баррасӣ кардани ин масъалаҳо шикояти рӯзномаҳо ба Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атовулло) – узви Шӯрои ВАО ва Мараимов Раҷабалӣ (Раҷаби Мирзо) – узви Шӯрои ВАО супорида шуда, онҳо вазифадор гардиданд, ки оид ба ин масъалаҳо гузориш тайёр кунанд. Аз сабаби он ки намояндагони рӯзномаи «Имрӯз News» ҳоло ин ҷо ҳузур надоранд, сухан ба Раҷаби Мирзо дар бораи баррасии шикояти рӯзномаи «Ҷумҳурият».

Мараимов Раҷаб узви Шӯрои ВАО:

-Чи хеле ки ин ҷо гуфтанд, аз ҷониби коршиносон мониторинг гузаронида шуд ва натиҷаҳои он дар сомонаи Шӯрои ВАО инъикос гардид. Ва мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ин мониторинг аз рӯзҳои аввал аз ҷониби ҳамаи расонаҳо - ҳам аз тариқи нашрияҳо, ҳам сомонаҳо, ҳам шифоҳӣ ва ҳам аз тариқи зангҳои телефонӣ хуш истиқбол карда шуда буд. Танҳо маводи охирин – «Мулоҳизаҳо ....» боиси норозигиҳо гардида, ҳатто он ба сифати як рейтинг ҳам қабул гардид. Худи ман ҳам  дар аввал ба моҳияти масъала сарфаҳм нарафтам, баъдан дарк кардам, ки моҳияти масъала дигар чиз аст ва ин нуқтаи назар наметавонад нуқтаи назари Шӯрои воситаҳои ахбори омма бошад ва аз ҷониби дигар ҳамкасбони мо бар ин ақидаанд, ки модоме, ки ин мавод дар сомонаи расмии Шӯро нашр гардидааст, пас ин нуқтаи назари Шӯрои ВАО мебошад. Пас аз ин, аз ҷониби роҳбарияти рӯзномаи «Ҷумҳурият» мактуби норозигӣ ба Шӯрои ВАО ворид гардид. Бояд қайд кунам, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» меъёрҳои ахлоқиро эътироф накардааст ва шояд узви Шӯрои ВАО нест. Мактубро қироат кунам? (Садоҳо аз толор: Мо ҳама хондем, чунки нусхаи мактуб ба ҳама аз тариқи почтаи электронӣ ирсол гардида буд).

Асоси шикояти ин рӯзнома аз ҳамин як ҷумла иборат аст, ки дар ин мавод рӯзнома ба қатори ВАО-и «носолим» дохил гардида ва паҳнкунандаи фаҳш ва фисқу фучур ва пастзанадаи шаъну шараф шуморида шудааст.

Ман барои таҳлил ҳамаи мониторингҳоеро, ки аз ҷониби муаллифони мониторинги нашрияҳои чопӣ мавриди пайгирӣ қарор додаанд ва ҳамчунин мониторинги сомонаҳои электрониро, ки ман худам онро пайгирӣ мекардам ва дар қатори сомонаҳои электронӣ сомонаи  «Ҷумҳурият»-ро низ мавриди таҳлил қарор дода будам, бори дигар омӯхтам, ки  рӯзнома дар кадом маврид барои нақзи кадом бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мавриди танқид қарор гирифтааст. Мутаассифона ё хушбахтона, дар мавриди  паҳнкунандаи фаҳш ва фисқу фучур, паҳнкунандаи фаҳш ва фисқу фучур будан рӯзнома гунаҳкор нест, аммо дар мавриди паст задани шахсият дар саҳифаҳои рӯзнома маводҳо чоп гардидаанд. Мешавад хулоса кард, ки дар бобати «фаҳшу фисқу фуҷур» иштибоҳ рафтааст. Иштибоҳи аслӣ ҳамин ҷост. Фикр мекунам, ки мақолаи натиҷавӣ на ба сифати мавқеи Шӯрои ВАО, балки ҳамчун матлаби оддӣ аз ҷониби муаллифон пазируфта шавад.

Ман аз муаллифон хоҳиш мекунам, ки иштибоҳи вожаҳои «фисқу фуҷур» дар нисбати  «Ҷумҳурият» ислоҳ карда шавад. Ва пешниҳод дорам, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба ҷои ин кор  Меъёрҳои ахлоқиро эътироф кунад, беҳтар аст.

Шарифзода Қироншоҳ:

- Хуб, гузориш ба охир расид. Ба гузоришгар кӣ савол дорад? Агар саволҳо бошад, марҳамат.

Акобирова Шаҳло:

- Раҷаб. Чӣ гуна метавонад одам дар мониторинг иштирок кунад ва  дар мавод он ҳамчун фикри шахсӣ ҳисобида шавад?

Мараимов Раҷаб:

-Савол бисёр мантиқӣ аст. Мо шикоятҳоеро дорем, ки дар бораи тарзи навишти худи матлаб ҳастанд. Худи ман ҳам дар бораи тарзи навишти матлаб, ки расонаҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунад, эродҳо дорам.

Дӯстов Саймиддин:

- Саволи ман ин аст, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ оё як нафаре, ки дар мониторинг иштирок кардааст, ҳаққи мақола навиштан дорад ё ки не?

Саволи дигар: Ба андешаи Шумо пастзанандаи  шаъну шараф ва ҳайсият кори бадахлоқӣ аст ё паҳнкунандаи фисқу фучур? Кадоме аз инҳо шармандатар ҳастанд? Ташаккур.

Мараимов Раҷаб:

- Тақрибан ҳар дуяшро метавон ба як мизон гузошт.

Исмоилов Зинатулло:

- Шумо ин ҷо мегӯед, ки муаллифони мақола дигар асту мониторинг чизи дигар ва муаллифон фикри шахсии худро навиштаанд. Ин чӣ маънӣ дорад, яъне ин муаллифони мақола ин маводро нанавиштаанд ё муаллиф каси дигар аст?

Мараимов Раҷаб:

- Ман ин чизро намедонам, аммо боз ҳам мегӯям, ки мониторинги гузаронидашуда тамоман  чизи дигар буд, чизе ки дар он тамоман даъво вуҷуд надорад.

Акобирова Шаҳло:

- Мониторинги гузаронидашуда чӣ гуна буд? Методология буд? Классификатсия вуҷуд дошт?

Мараимов Раҷаб:

- Методология набуд. Классификатсия буд, масалан, нашрияҳо ба гурӯҳи расонаҳои чопӣ ва электронӣ ҷудо шуда буданд.

Шарифзода Қироншоҳ:

- Дигар саволҳо нест?

Мирзоҷалолов Атохоҷа – муовини аввали сармуҳаррири  рӯзномаи «Ҷумҳурият»:

- Ман як савол дорам. Ба ғайр аз ҳамин се нафари номбаршуда, яъне, Тӯраҷонзода, Атовуллоев, Зойиров, рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба шахсияти дигарон кордор нашудааст?

Мараимов Раҷаб:

- Асосан дар бораи ҳамин се шахсият махсусан, дар арафаи интихобот, хеле маводҳои пастзанандаи ҳайсият чоп шудааст.

Ато Мирхоҷа:

- Биёред барои тасдиқи фикратон ҳамон ҷумлаҳоеро, ки дар онҳо шахсияти касе паст зада шуда бошад. Аз он се нафар, ду нафар дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, Зойиров ҳам ҳастанд, Тӯраҷонзода ҳам ҳастанд.

Мараимов Раҷаб:

- Ман мисол меорам аз мавод бо номи «Писари нафақадузд». Гап сари кӣ ба кӣ симпатия дораду надорад, намеравад, гап сари худи мӯҳтавои мақола меравад.

Ато Мирхоҷа:

- Не, шумо ҳамон калима, ибора, ҷумлаҳоеро биёред, ки шаъну шарафро паст мезананду дар онҳо фисқу фуҷур ҳаст.

Мараимов Раҷаб:

- Ман пораеро аз ин мавод мехонам: «Дар асри гузашта дар деҳаи Ворӯи Боло дар шаҳри Панҷакент марде зиндагӣ мекард бо номи Асад Атовулло. Одами майда, ҷоҳил ва хеле якрав буд. Хоксорона рӯз мегузаронид, аммо ҷанҷолӣ буд».

Дӯстов Саймиддин:

- Ягон хулосаи пастзанадаи шахсият дорад ин мавод? Ин ҷо дар бораи одами зинда сухан меравад?

Мараимов Раҷаб:

- Ин суханҳо дар бораи падари Додоҷони Атовулло аст, ки ҳозир дар қайди ҳаёт нест. Менависанд, ки шахси бепадар, бепадар. Ин таҳқир аст, паст задани шахсият аст, охир.

Исмоило Зинатулло:

- Ин мақолаи журналистӣ аст ё нуқтаи назар?

Сайёфи Мизроб:

- Ман ин ҷо як фикрро гуфтанӣ ҳастам, ки ин гуна мавод дар ҳамаи газетаҳои мо чоп мешаванд, ин гуна маводҳо ҳастанд. Аммо оё ба хотири як мақола метавонем, ки масалан, як газетаи ҷиддиеро ба монанди «Ҷумҳурият», носолим номем?

Мараимов Раҷаб:

- Ин маводи пастзанандаи шахсият аст, ки дар газета чоп шудааст.

Рустами Ҷонӣ:

- Ба баромадкунанда як савол. Кадом давраро ин мониторинг дар бар мегирад?

Мараимов Раҷаб:

-Аз 15 июл то охири декабрро.

Рустами Ҷонӣ:

- Чанд шумора чоп шудааст? Не, монед, ман ин саволро гап занам. Чанд шумора чоп шудааст? Ва чанд мақола чоп шудааст дар «Ҷумҳурият»?

Мараимов Раҷаб:

- Мӯҳтарам Рустами Ҷонӣ! Ман мониторинг накардаам.

Рустами Ҷонӣ:

- Саволи ман ҷавоби «ҳа» ё «не» дорад. Ман бори дигар ин саволро такрор мекунам.

Мадалиев Қурбон - намояндаи «Ҷумҳурият»:

- Савол ин аст, ки мониторинг аз ҷониби кӣ гузаронида шудааст, ба ғайри он шаш мавод боз кадом мавводҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст?

Мараимов Раҷаб:

- Аслан ман муваззаф нестам, ки ба ин савол ҷавоб диҳам. Аммо мегӯям, ки сездаҳ матлаб мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Сатторов Акбаралӣ:

- Ман инро гуфтанӣ ҳастам, ки мо аз аввал Шӯроро дастгирӣ мекардем. Аммо ин ҷо гап дигар аст. Гузоришдиҳанда ҳама айбро бар гардани муаллифон партофта, масъулияти раиси Шӯро, яъне Қироншоҳро дур бурда истодааст. Вақте Шӯро супориш дод, ки чунин мониторинг гузаронида шавад ва ин мавод нашр мегардад, Шӯро ҳатто ҳуқуқ надошт, ки аз имзои ин ду нафар муаллифон истифода кунад. Бояд сари ин мавзӯъ гап занем, ки кӣ мониторинг кардааст. Ва дар ин ҷо ба гуфти Рӯдакӣ «муаллифонро под удар» намонем. Гап сари ин аст, ки ин ду нафар супоришро иҷро карданд. Бояд аз натиҷаҳо Шӯро аъзои Шӯроро хабардор мекарданд, баррасӣ мекарданд, он гоҳ нашр мекарданд.

Дӯстов Саймиддин:

- Кӣ медонад, ки ин ду нафар бо супориш мониторинг кардаанд? Муаллифон худашон гап зананд.

Сатторов Акбаралӣ:

- Вақте ки бо супориш мониторинг мекунанд, муаллифон ҳаққи қалам мегиранд. Мо ҳам дар ИЖТ ин гуна супоришҳоро медиҳем ва дигарон онро иҷро мекунанд. Ман ҳамчун узви Шӯро ва муассиси он мегӯям, ки аз ин гуна супориш мо умуман огоҳӣ надоштем.

Мараимов Раҷаб:

- Раиси мӯҳтарам, тибқи он рӯзномае, ки мо қабул кардем, гап сари дигар чиз меравад, гап сари рӯзномаи «Ҷуҳурият» меравад.

Сатторов Акбаралӣ:

- Шарҳ додан даркор ҳаминро ба намояндагони рӯзномаи «Ҷумҳурият».

Мараимов Раҷаб:

- Мо шарҳ додем, ки дар матлабҳои «Ҷумҳурият»  фисқу фуҷур нест, аммо матлабҳои пастзанандаи шаъну шараф хеле зиёд мавҷуд аст.

Сатторов Акбаралӣ:

- Чӣ хел, охир дар ҳамон мавод ин вожаҳо паси ҳамдигар омадаанд, пас  «паҳнкунандаи фисқу фуҷур» низ ба ин газета тааллуқ дорад.

Дӯстов Саймиддин:

- Вай ҷумла вергул дорад, як бор ҷумларо дуруст хонед, ҳамаашро мефаҳмед.

Сайёфи Мизроб:

- Чӣ хел ҷумларо дуруст хонем, агар мо гӯем, ки ин нафари аълохон, хуб, пешқадам буд, мегӯед, ки не, вай аълохону хуб не, фақат пешқадам буд?

Мараимов Раҷаб:

- Ман намедонам, он бо хатои техникӣ аст ё чизи дигар, ки дар тартиби гузоштани муайянкуниҳо аввал фисқу фуҷур омадааст ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар қатори рӯзномаҳо аввалин шуда омадааст, ин ҷумла ҳамин тавр фаҳмида мешавад. Шояд ин хатои муаллифон бошад ё шахсони масъул.

Қурбон Мадалиев - намояндаи «Ҷумҳурият»:

- Ҳамин мониторинг бояд беғаразона гузаронида шавад ё бо ғараз?

Мараимов Раҷаб:

- 14 мониторинг гузаронида шудааст. Натиҷаҳои онҳо дар сомонаи Шӯрои ВАО дарҷ гардидааст. Дар онҳо ҳамон матнҳое, ки  ягон банди «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» вайрон шудааст, оварда шудааст. Дигар ягон гапи беҳуда надорад. Мо онро наметавонем хулоса бигӯем. Инро метавонем танҳо нуқтаи назари шахсии муаллифон номем.

Ҷониев Рустам:

- Биёед, шумо гапа ин ҷо омехта накунед. Ман ҳам узви Шӯро будам. Мониторинг гузаронида шудааст. Хулоса карда шудааст. Гап сари ин намеравад. Гап сари он меравад, ки дар матлаби хулоса матбуот ба се гурӯҳ тафриқа шудааст, яъне «солим», «калаванда» ва «носолим», агар онро тарҷума кунем, «здоровый», «нездоровый» ва «колеблющий». Ин масъала, ки Шумо мониторинг гузаронидед, хатоиҳоро гуфтед, мо ислоҳ кардем, гап сари ин намеравад. Шумо хатоиҳои моро гуфтед, дар мониторинг сармуҳаррири моро сармуҳарири «Нигоҳ» Назири Нусрат эълон кардед ва он то 12 декабра ислоҳ нашуд, гап сари ин нест. Гап дар сари хулосабарории охирин аст.  Мо меҳоҳем бифаҳмем, ки барои чӣ ва дар кадом асос, Шӯрои ВАО ин мавқеъгирия кардаст ва онро ҳамчун пресс-релиз дар сомонаи odob.tj нашр кардааст? Масъала тамом, ана ҳамин қадар гап аст.

Мараимов Раҷаб:

- Мо одобу ахлоқ мегӯему. Одоби ҷаласагузаронӣ ҳаст? Ман боз мегӯям, ки он маводи охиринро чун мавқеи Шӯро қабул накунем.

Мадалиев Қурбон - намояндаи «Ҷумҳурият»:

- Гуфтан мумкин аст, ки ин мониторинг бо ибтикори киҳо ба роҳ монда шудааст?

Мараимов Раҷаб:

- Бо ибтикори Шӯрои ВАО ва дастгирии САҲА.

Мадалиев Қурбон - намояндаи «Ҷумҳурият»:

-Хуб, ҳозир фаҳмо шуд, ки дар саҳифаҳои «Ҷумҳурият» фаҳш нест, аммо чаро бетаҳрир  дар бораи як газетаи давлатӣ изҳороти бемасъулиятона чоп мекунед?

Ҷониев Рустам:

- Ҳамчун аъзои Шӯро аз натиҷаи мақолаи Абдувоҳид Маликов ва Саидмухтор Боқизода, аз табақабандии рӯзномаҳо розӣ ҳастед?

Мараимов Раҷаб:

- Ин чиз дар ҷаласаи аъзои Шӯро мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Аммо ин матлаб аст.

Ато Мирхоҷа:

- Ман якчанд пешниҳод дорам: Ба як хулосае омада, ба номи рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар масъалаи паст задани шаъну шараф расман хулосаи худро пешниҳод кунанд. Мониторинг дар байни чанд кас гузаронида шуд?

Мараимов Раҷаб:

- Мониторинг аз рӯи риояи меъёрҳои ахлоқӣ гузаронида шудааст.

Ато Мирхоҷа:

- Чизи дуюм, шумо гуфтед, ки  мо аъзои Шӯро нестем ва меъёрҳоро эътироф накардаем ва гӯё бояд эътироф кунем. Мо эътироф накардаем, аммо танқид мешунавем.

Дӯстов Саймиддин:

- Ин масъала ба аҳли эҷоди  рӯзномаи «Ҷумҳурият» пешниҳод шавад.

Усмонов Иброҳим:

- «Ҷумҳурият» ҳамеша Шӯрои ВАО-ро дастгирӣ мекард, ҳарчанд меъёрҳои ахлоқиро расман эътироф накардааст, аммо ҳамеша дар ҷаласаҳои Шӯро иштирок мекарданд.

Акобирова Шаҳло:

- Ман ба тозагӣ ба Шӯрои ВАО пайвастам, яъне узви он шудам ва бояд бигӯям, ки аз аввал тарзи гузаронидани мониторинг нодуруст буд. Мониторинг классификатсия дорад, индикатор дорад ва дар охир тавсияхо оварда мешавад.  Мақоларо чун рекомендатсия овардан нодуруст аст. Аслан натиҷаи баҳогузориро нашр кардан нодуруст аст. Классификатсияи солиму носолим нодуруст аст. Ин корро фақат созмони «Репортеры без границ» анҷом дода метавонад. Гуфтанд, ки агар нашрия аъзои Шӯро нест, бояд мониторинг нашавад. Ин гап ҳам нодуруст аст. Бояд ин нашрия мониторинг шавад, аммо эҳсосӣ нашавем. Нодуруст он чиз буд, ки мо – аъзои Шӯро ин хулосаҳоро баррасӣ накардем. Дар ин масъала нозуктар шудан лозим аст.

Дӯстов Саймиддин:

- Мониторинг беҳтарин роҳи таъсиррасонӣ мебошад. Дар худи мониторинг методология сад фоиз дуруст аст. Худи бандҳо метавонанд классификатсия бошанд. Хулосаи ҳуқуқӣ дар мониторинг лозим  нест. Худи аъзои Шӯро магар ҳақ надорад, ки хулосаҳои худро чоп кунад? Ман, масалан, розӣ ҳастам, ки ин гуна маводро панҷ маротиба дар нашрия чоп кунам. Ман мехоҳам ин гуна мулоҳизаҳо дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Нигоҳ» чоп шавад.

1) Ман пешниҳод дорам, ки масъалаи узвияти «Ҷумҳурият» ба Шӯрои ВАО дар ҷаласаи ҳайати эҷодӣ баррасӣ карда шавад;

2) Натиҷаи мониторинг ба ҳамаи нафарон равон карда шавад.

Қаршибоев Нуриддин:

- Худи ҳамин муроҷиати рӯзномаи «Ҷумҳурият» як тарзи мутамаддин аст. Намояндагони рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ҳамаи ҷаласаҳои Шӯро аз аввал ширкат мекарданд. Ин ҷо маълум шуд, дар гузаронидани мониторинг нуқсҳо мавҷуданд. Он мушаххас нест.  Бояд раддабандӣ мушаххас мешуд.

Дар тамоми ҷаҳон раддабандӣ мекунанд. Он абзори таъсиррасонӣ аст. Камбудӣ дар ташкили мониторинг рух додааст ва онро бояд ислоҳ кард ва ин натиҷаи кор аст. Онҳое, ки умуман ба Шӯро дахл  надоранд, ба монанди «ТВ Конибодом» ба Шӯро таҳдид кардаанд, ки ин кори нодуруст аст, мо аз ҳайати Шӯро мебароем... Ман хоҳиш мекунам, ки расонаҳо минбари худро барои мубориза истифода накунанд. Ба «Ҷумҳурият» вобаста ба паст задани шахсият ин хусусияти тавсиявӣ дорад ва ин ҳеҷ гоҳ ҳукм нест. Онҳое, ки шахсияташон паст зада шудаасту худашон дар дохили кишвар зиндагӣ мекунанд, бояд оид ба ин масъала худашон муроҷиат кунанд.

Мадалиев Қурбон - намояндаи «Ҷумҳурият»:

- Ҳамаи олам хонд, ки «Ҷумҳурият» паҳнкунандаи фисқу фучур аст. Ҳозир Шумо акнун андова накунед.

Қаршибоев Нуриддин:

- Агар ман дар ҷои Тӯраҷонзода мешудам, шуморо барвақт ба суд медодам.

Дӯстов Саймиддин:

- Бадахлоқонатарин раддабандиро созмони «Зеркало» кард. Ба ҳафтаномаи «Оила» унвони ҳафтаномаи дӯстдоштатарин дода шуд. Он вақт ҳеҷ кас аз нодуруст будани раддабандӣ гап назад.

Усмонов Иброҳим:

- Вақте ман дар мақола дар нисбати «Ҷумҳурият» ифодаи  паҳнкунандаи фисқу фучурро дидам, ба ман ҳам сахт расид. Раҷаби Мирзо дуруст гуфт, ки касе дар бораи мониторинг гап надорад. Гап сари мулоҳизаҳо рафта истодааст. Бояд Шӯро ҳам ба гардан гирад, ки чунин таркиб вуҷуд надорад ва он дар ВАО чоп шавад дар бораи  «Ҷумҳурият» ва «Имрӯз News» дар бораи баҳои ба ин ду рӯзнома додашуда. Ман ба раддабандии солиму носолим розӣ нестам. Ин ифодаро дигар хел, ба илм наздиктар карда гуфтан лозим буд. Раддабандӣ шарт нест. Ман фикр мекунам, ки камбудии эҷодӣ дар «Мулоҳизаҳо…» ҳаст. Аммо ҳама чиро ба сифати ғараз қабул кардан ҳам хуб нест.

Сатторов Акбаралӣ:

- Ман чунин фикр дорам, ки на муаллифон, балки Шӯро узр пурсад. Муаллифон заказ иҷро кардаанд. Ман дидам, ки дар маводи муаллифон ҳамааш дуруст аст. Ман, ки узви Шӯро ҳастам, фикрамро гуфтам. Худи Шӯро бояд узр пурсад ва он чизе, ки тарафи дигар талаб мекунанд, пешниҳод карда шавад.

Сайёфи Мизроб:

- Аз ин хулосаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар Шӯрои ВАО ба ғайри Қироншоҳ ягон нафар маводро нахондааст. Масъули сайт низ ин ҷо даст дорад. Ин диктатура аст. Ба иллати он, ки мавод нохонда, нашр шудааст. Вақте ки матлабе дар газета чоп мешавад, масъулият бар гардани ду нафар партофта шудааст. Шӯрои ВАО посухгӯйи ин мониторинг бояд бошад. Ман аъзои Шӯро нестам ва Меъёрҳоро эътироф ҳам намекунам, аммо ман фикр мекунам, ки ин кор як низоъандозӣ аст. Ба хотири низоъандозӣ дар байни матбуоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ин кор иҷро шудааст. Баъд, чизи дигар, шумо созмонҳои ҷамъиятӣ ҳастед. Касе муваззаф нест, ки дар маҷлисаш чиро баррасӣ кунад, бо шумо маслиҳат кунад. Беҳтарин суол дар ин ҷо суоли Рустами Ҷонӣ буд. Ду нафари муаллиф худашон ба сари худ наметавонанд ин корро иҷро кунанд. Ин фикри шахсии ман аст.

Мараимов Раҷаб:

- Ман гуфтам, ки ин мавқеи Шӯро нест. Ман, ки узви Шӯро ҳастам ва аз ин кор бехабар будам, чаро узр пурсам? Бигузор Қироншоҳ Шарифзода ва ду нафар муаллифон узр пурсанд.

Ҷониев Рустам:

- Мо ҳамаамон гапа тоб медиҳем. Бояд ҳар гап асоснок карда шавад. Мана калаванда гуфтед, инро исбот кунед. Ман аъзои Шӯро будам, бояд ин мониторинг пешниҳод мешуд, аммо ба мо пешниҳод намешуд. Ман бовар надорам, ки «Имрӯз News» чем «Фараж» калаванда бошад. Ҳадафи инҳо чӣ бошад? Саймиддин Дӯстов, агар худатро калаванда мегуфтанд, баъд маро фаҳмида метавонистӣ. Ман се сол рейтинг сохтам. Шумо яксаду бист шумораро қиёс кунед, баъд гап занед. Ин ҷо Саймиддин Дӯстов вазифадор аст, ки шуморо ҳимоя кунад, Иброҳим Усмонов гуфтед, ки розӣ нестед. Ман ба мониторинг гап надорам, ман занг зада бо муаллифон гапамро радду бадал кардам. Шумо фикрҳоятонро дар бораи газетаҳо таҳмил мекунед, ин корро специально, махсус кардаед. Шумо нияти шикастани Шӯроро доред? Хулосаро аз номи ман медиҳед! Шумо маҳалчиед!

Исмоилов Зинатулло:

- Ҳамаи мо аз ҳамин ҷо ҳастем. Мониторингро дидем, ки чӣ чиз аст. Ин барои журналистский цех лозим аст. Раиси имрӯзаи мо худаш эътироф намекунад. Муаллифон ҳузур доранд, пас, Рустам, шумо «маҳалчӣ» гуфта, ҳамаро дар назар доред?

Ҳамаи он чизе, ки мегӯем, характери тавсиявӣ дорад, касе нахоҳад, то ба ҳамин чиз расида бошад. Тавсияву хулосаҳо бояд аввал дар Шӯро муҳокима шавад ва беинтишор ба редаксияҳо равона карда шаванд. Ин таври масъалагузорӣ моро ба ҳукмбарорӣ мебарад.

Усмонов Иброҳим:

- Ман мехоҳам, ки журналистика ва худро ҳимоя кунем… Ман дар ин ҷо ду изҳорот шунидам, ду гапи безеб. Сайёф мутаассифон, дар бораи дастгирии Тӯраҷонзодаву Додоҷони Атовулло гуфта истодааст. Изҳороти дуюм маҳалпарастӣ, ба сифати маҳалпарастӣ ба вуҷуд омада истодааст. Ба пардаи маҳкам пӯшонда, маҳалпарастӣ карда лозим нест. Ин кор журналистикаро аз байн мебарад. Агар маҳалпараст мебудед, имрӯз шумо дар матбуот кор намекардед. Лекин хоҳиш мекунам, ки ба шакли сиёсӣ ба ҳам бор накунед. Агар Боқизода ва дигарон мехоҳанд, Тӯраҷонзодаро ҳимоя кунанд… Шумо соҳибматбуот ҳастед, ҳеҷ гоҳ ин корро накунед.

Ато Мирхоҷа:

- Ман ба устод Қироншоҳ, ба устод Усмонов эҳтиром дорам. Инҳо ин қадар моро тарбия кардаанд. Ман имрӯз дидам, ки ин ҳолат ноҷиддӣ аст. Худи Зойиров ва Тӯраҷонзода оид ба паст задани шахсияташон ягон бор ба мо муроҷиат накардаанд. Зеро мо дар асоси фактҳои санҷида мавод чоп мекунем. «Ҷумҳурият» нашрияи давлатӣ аст, дар вазифаҳо шахсон аз ҷониби Президент таъин мешаванд. Агар ҳамон мавода пеши мо меовардед, ягон гап набуд. Монанди он, ки

Дар шаҳрҳо овозаи бадномии ту рафт,

Акнун дусад фаришта накӯ гӯядат, чӣ суд?

Ин ҷо устодон нишастаанд ва ба гап ҳоҷат намемонад. Аммо бояд эҳтиёт шуд. Вақте, ки Додоҷони Атовулло ин қадар гапҳои зиёд мегӯяд, пас мо ҳақорат накунем? Монем, ки моро ҳақорат кунанд? Ин газетаи давлатӣ аст, ин фикри давлат аст, ки дар он чоп мешавад. Ҳастанд маводҳое, ки мо ба чопашон иҷозат намедиҳем, аммо вақте гап сари нангу номус меравад, мо бояд гапамонро гӯем.

Саидмухтор Боқизода:

- Як чизро шарҳ диҳам. Гап сари Додоҷони Атовулло ва Тӯраҷонзода нест. Гап сари ибораву вожаҳое, ки шумо истифода кардаед, меравад.

Ато Мирхоҷа:

- Албатта, қурбоққа ҳам бачаи худашро хушрӯ гуфтааст.

Шарифзода Қироншоҳ:

- Ман ҷонибдори он ҳастам, ки адолат риоя шавад. Мақсад аз гузаронидани мониторинг то куҷо риоя шудани 17 банди «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» буд. Ман ҳам ҷонибдори ин фикрҳо ҳастам, дар ҳақиқат аз ҷониби мо гузашт, ҳар кори навро бо гузашти вақт хубтар мефаҳмед.  Ман ба он мувофиқ ҳастам, ки дар ҳақиқат «Ҷумҳурият» дар қатори «паҳнкунандагони фисқу фуҷур» нодуруст ҷо гирифтааст.

Усмонов Иброҳим:

- Ман ба шумо ба забони дигар мефаҳмонам, ки ин гап маънои онро дорад, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ибораҳое ҳастанд, ки фалону фалон бандҳои меъёрҳои ахлоқӣ риоя нашудаанд.

Мадалиев Қурбон:

- Қироншоҳ Шарифзода истеъфо диҳад.

Шарифзода Қироншоҳ:

- Мо расман аз ин рӯзнома узр мепурсем ва расман навишта дар сомона мегузорем.

Намояндагони «Ҷумҳурият» иҷозати рафтан мепурсанд. Иҷозат диҳем?

( Садоҳо аз толор): -Бале.

Шарифзода Қироншоҳ:

- Масъалаи дигар – муроҷиати рӯзномаи «ИмрӯзNews». Сухан ба гузоришгар, узви Шӯрои ВАО Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атовулло) дода мешавад.

Ниёзов Хуршедҷон– узви Шӯрои ВАО:

- Аллакай ҳоҷат ба гузориши ман ҳам намонд. Агар ба ҷои Рустами Ҷонӣ ман ҳам мешудам, ба ин масъала ҳамин хел баҳо медодам.

Санаи 23 январ мақрлае дар пайи ҷамъбасти мониторинги доиркардаи Шўрои ВАО зери унвони «Озодии ман то нўги бинии рақибам аст?» дар сайти www.odob.tj нашр шуд, ки бо истифода аз ин сарчашма, навиштаи мазкур дар  дигар сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Зери мониторинг имзои ду коршинос – Мухтор Боқизода ва Абдувоҳид Маликов гузошта шуда буд. Тавре баъдтар маълум гардид, муаллифи аслии мониторинги мазкур Мухтор Боқизода буда, аз коршиноси дигар Абдувоҳид Маликов роҷеъ ба гузоштани имзояш зери ин мониторинг розигиаш тариқи тилфон гирифта шудааст. Дар қатори дигар нашрияҳо роҷеъ ба вайрон шудани меъёрҳои ахлоқӣ дар рўзномаи «Имрўз - нюс» баъзе далелҳо оварда шудааст.

Рўзи дигари нашри мақолаи мазкур, санаи 24 январ сармуҳаррири рўзномаи «Имрўз нюс» Назири Нусрат ба унвони раиси Шўрои ВАО Қироншоҳ Шарифзода бо номаи расмӣ муроҷиат карда, норозигии ҳайати эҷодии рўзномаро аз мониторинги мазкур баён кардааст. Номаи мазкур ба шакли зайл аст: (Матни номаро мехонад).

Бояд гуфт, ки Назири Нусрат дар мавриди он, ки коршиносон иштибоҳан вайро сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нигоҳ» эълон кардаанд, сад дар сад ҳақ аст. Ин хатои дағали техникӣ аст.

Дар мавриди раддабандии ВАО бошад, коршиносон риояи кодекси ахлоқро тақозо карда, худ ба вайрон кардани кодекси мазкур роҳ додаанд. Ҳарчанд бо раддабандии нашрияҳо ба солим, ғайрисолим, калаванда, эшон мавқеъгирии нашрияҳоро вобаста ба риояи меёрҳои ахлоқи касбӣ, на мавқеъгирии сиёсӣ, дар назар доштанд, вале аз назари банда ҳарчанд гузаронидани мониторинг ва хулосаҳои коршиносон сирф хусусияти тавсиявӣ дорад, вале чунин раддабандӣ ҷоиз нест.

Аз ҷониби дигар, аъзои Шўрои ВАО шудан ё нашудан кори ихтиёрӣ аст, на маҷбурӣ ва ҳар ВАО бояд дар ин маврид мустақилона тасмим гирад…

Ман ҳам чунин фикр дорам, ки он нафароне, ки ин мониторингро иҷро кардаанд, бигузор ҳамонҳо узр пурсанд.

Дӯстов Саймиддин:

- Ҳар шумораи рӯзнома  баррасӣ мешуд?

Ниёзов Хуршедҷон:

- Шаш шумораи рӯзнома  мавриди эрод қарор гирифтааст. Чанд шумора  мониторинг шудааст, инаш барои ман номаълум.

Ҷониев Рустам:

- Бо мӯҳтавои мавод ва раддабандӣ розӣ ҳастед? Бо он ки рӯзномаро аз ҳафтанома фарқ намегузоранд, розӣ ҳастед?

Ниёзов Хуршедҷон:

- Не.

Дӯстов Саймиддин:

- Дар ҳамаи қоидаҳо  ҳаст ки ё ВАО ё  газета мегӯянд. Майлаш, ман журналисти профессионал нестам, аммо ин ба 21 нафар коргари ман дахл надорад.

Усмонов Иброҳим:

- Ман як шарҳи хурд медиҳам барои чӣ будани ҳафтанома ва рӯзнома: Ҳамаи он чизи чопие, ки маҷалла нест, он чизе, ки ба ахбор такя мекунад, рӯзнома мебошад.

Ҷониев Рустам:

- Ман бо чандин нафар сӯҳбат кардам. Ман рӯзнома гуфтам, яъне чизе, ки ҳаррӯза нест. Агар ин чиз аз рӯи қонунгузорӣ нодуруст бошад, ман узр мехоҳам.

Боқизода Саидмухтор:

- Ин ҷо Хуршед мегӯяд, ки ман бахшиш пурсам. Раддабандии ман аз кадом нуқтаи назар нодуруст аст? Ман ҳақ дорам, зеро нуқтаи назари шахсӣ муҳокима намешавад.

Дӯстов Саймиддин:

- Оё огоҳӣ доред, умуман, дар ҷаҳон аз ҷониби дигар Шӯроҳо, ҳамин хел раддабандӣ ҳаст?

Қаршибоев Нуриддин:

-Шӯрои матбуоти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба чунин раддабандӣ машғул аст. Онҳо нашрияҳоро аз рӯи риояи меъёрҳои ахлоқӣ ба гурӯҳи расонаҳои риоякунанда, риоянакунанда ва қисман риоякунанда, раддабандӣ мекунанд.

Дӯстов Саймиддин:

- Ба фикри ман зарур аст, ки дар худи Низомномаи Шӯро ҳамин чиз бошад.

Ниёзов Хуршедҷон:

- Бале. Ман ба ин мувофиқам.

Қаршибоев Нуриддин:

- Натиҷаи ҳамон 14 мониторинг оё ба рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «ИмрӯзNews» рассылка карда мешуд?

Шарифзода Қироншоҳ:

- Ҳама аз он тавассути сомонаи Шӯрои ВАО - www.odob.tj огоҳ буданд.

Қаршибоев Нуриддин:

- Мақсад аз амалӣ гардидани мониторинг беҳтаршавии ВАО бошад, ҳар касе мавриди таҳқиқ бошад, ба фикри ман, ба онҳо ин маводҳоро аз тариқи почтаи электронӣ низ фиристодан лозим буд. Чизи дигар он, ки ин хулосаи охирин, хулосаи инфиродӣ буд ва сатҳи хулосаҳои инфиродӣ ва дастҷамъонаро боло бурдан лозим аст. Масалан, дар бобати изҳороти «ТВ Конибодом», ки гуфтанд, ман ҳайрон шудам. Зеро ТВ-е, ки дирӯз пайдо шудааст, изҳорот додааст, ки аз ҳайати Шӯрои ВАО берун мешавад, ҳол он ки он ТВ умуман аъзо набуд.

Баъд, эътирофи меъёрҳо, кодексро,  аввал бояд худамон риоя кунем.

Боқизода Саидмухтор:

- Ман ҳамчун муаллифи мониторинг ҳаминро қайд карданиам, ки дар бобати рӯзномаи «ИмрӯзNews», Рустами Ҷонӣ аз кори мониторинг огоҳ буд, аз ин чиз хабар дошт, мо байни ҳам  муҳокимаҳо мекардем ва Рустам эродҳоро хуб қабул мекард. Ман ин мониторингро аз рӯи эҳсосот накардаам. Мулоҳизаҳоро ман ба Шӯрои ВАО фиристодам ва умед надоштам, ки  он дар сомона нашр мешавад. Ман нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» эҳтиром дорам. Гузоришгар Ниёзов мегӯяд, ки ҳамагӣ шаш шумора мавриди тадқиқ қарор гирифтааст. Ман аз шумораи 672 то 720-и ин рӯзномаро мавриди тадқиқ қарор додам. Ва барои тасдиқи фикри худ аз шаш шумора мисолҳо овардаам. Дар ягон ҷои хулосаи ман тафриқаандозӣ набуд. Ман аз маводи муаллифи дигари мониторинг Абдувоҳид Маликов хабар надоштам. Ягон чизи ғайриқонунӣ нагуфтаам. Масалан, 68 маводи рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро як ба як омӯхтаам, ҳарчанд мониторинги ин рӯзнома дар ихтиёри ман набуд. Дар бораи он маводе, ки дар он оид ба таҷовузи  ду ноболиғ сухан мерафт, тамоми матбуоти Тоҷикистон навишт. Ман эродҳои худро вобаста ба ин мавод гуфтам. Ман ҳайрон шудам, ки дар тӯли 14 гузориш ба ин маводҳо ягон нафар, ғайри Рустами Ҷонӣ эрод нагирифт. Ман ба ҳамаи мониторингҳои кардаам факту далелҳои зиёд дорам ва ягон ҳарфи ман беисбот нест.

Исмоилов Зинатулло:

- Дар асоси кадом меъёрҳо шумо калаванда будани нашрияҳоро муайян кардед?

Боқизода Саидмухтор:

- Ин фақат аз рӯи риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ буд. Худатон гӯед, агар нашрия он меъёрҳоро гоҳ риоя кунаду гоҳ не, онро чӣ гуфтан мумкин буд?

Усмонов Иброҳим:

- Ин сарлавҳаи хуб не, ин илм нест. Шумо набояд чунин мегуфтед. Дигар хел карда гуфтан мумкин буд-ку.

Исмоилов Зинатулло:

- Ҳамаи мо ҳамчун шахс ҳуқуқ дорем ба Шӯро шикоят пешниҳод кунем. Шӯро дар ин бобат тасмим мегирад. Сарлаҳаи мавод магар чунин мешавад?

Мараимов Раҷаб:

- «Фараж»-ро масалан, рӯзномаи солим гуфтед, чаро онро калаванда нагуфтед? Он ҷавобҳои «Фабрикаи ҷавоб»-ро чоп мекард.

Дӯстов Саймиддин:

- Гап сари он ки Хуршед маводҳоро таҳрир мекунад.

Усмонов Иброҳим:

- Чизе, ки чоп шуд, ин ҷамъбасти хулоса аст ё назари Шумо дар бораи мониторинг?

Боқизода Саидмухтор:

- Ин фикри шахсии ман буд, ки ба Қироншоҳ Шарифзода фиристодам.

Ҷониев Рустам:

- Дар дасти шумо чунин маълумоте ҳаст, ки чанд маводи рӯзномаи моро дар қиёс бо дигар рӯзномаҳо дидед?

Боқизода Саидмухтор:

- Ман нуқтаи назари худро оид ба 52 маводи рӯзнома гуфтам.

Ҷониев Рустам:

- Дар қиёс бо «Фараж», дар қиёс бо «Чархи гардун» чӣ қадар?

Боқизода Саидмухтор:

- Ман 79 маводи «Чархи гардун», 60 мақолаи «Оила»-ро тадқиқ кардам. 60% маводи «Оила» дорандаи фисқу фуҷур аст. Дар «Муҳаббат ва оила» дар 36 мақола 60 ҳолати риоя нашудани меъёрҳо ба назар расид. Дар мавриди рӯзномаи «ИмрӯзNews» ман он маводеро мисол овардаам, ки дар онҳо меъёрҳои ахлоқӣ коста шудааст.

Акобирова Шаҳло:

- Ба Шумо дар рафти мониторинг ягон сотсиолог  кумак кард? Гап сари методология ва система меравад.

Дӯстов Саймиддин:

- Это какая социология? Ман мубоҳиса мекунам дар ин бобат.

Акобирова Шаҳло:

- Саймиддин, гапи ман асос дорад. Ин кас агар дуруст мониторинг мекарданд, дар ин ҷо бемалол гап мезаданд, на ин ки 64 коғаза бардошта.

Ҷониев Рустам:

- Як саволи охирин: Воқеан ҳам рӯзномаи «ИмрӯзNews» калаванда аст? Саволои ман тамом.

Боқизода Саидмухтор:

- «ИмрӯзNews»-ро ман дар қатори рӯзномаҳои хуб эътироф мекунам.

Абдувоҳи Маликов:

- Ман ҳам ҳамчун муаллифи мониторинг, ҳақ дорам сухан гӯям? Ман низ дар мулоҳизаҳоям фикри худамро гуфтаам. Раддабандии ман аз рӯи китобчаи меъёрҳои ахлоқӣ ҷудо карда шудааст. Ман 18 номгӯи газетаву маҷаллаҳоро мониторинг кардаам, агар дар нисбати он мониторингҳо ва мулоҳизаҳо эроде бошад, ман ҷавоб медиҳам. Ин кори аввалини мо буд. Агар дар рафти кор хатоие аз мо гузашта бошад ва агар ман ҳуқуқи касеро поймол карда бошам, узр мепурсам.

Сатторов Акбаралӣ:

- Ман, ки узви Шӯрои ВАО ҳастам, даъвои ман он буд, ки мониторинг гузаронидан кори Шӯро аст. Натиҷаҳои монторинг нашр мешуд, мо онро эътироф мекардем. Ҳама гап сари он аст, ки номгузорӣ, раддабандии солим, носолим, калаванда нодуруст буд. Касе ҳуқуқ надорад, ки ин хел ном гузорад. Ман пешниҳод мекунам, ки Қироншоҳ Шарифзода истеъфо диҳад. Ин кор ба хотири нигоҳ доштани Шӯро ва ором кардани тарафҳо бояд амалӣ гардад.

Усмонов Иброҳим:

- Ин масъаларо аъзои Шӯро ҳал мекунанд.

Дӯстов Саймиддин:

- Ман фикр мекунам, ки ин пешниҳоди бадахлоқона аст.

Акобирова Шаҳло:

- Масъалагузории рафтан ба истеъфо ба  фикрам, ҳоло барвақт аст. Шояд ба Қироншоҳ имкон медиҳем, ки ин фаъолиятро пеш баранд ва хатоиҳоро ислоҳ кунанд.

Ҷониев Рустам:

- Агар фактҳо дар вақташ хуб фаҳмонда мешуданд, ҳама кор хуб ҳал мешуд. Ман шахсан аз гузаронидани мониторинг истиқбол карда будам, хатоиҳоро ислоҳ мекардем. Масалан, маводи Қамар Нурулҳақовро чоп кардем, дар натиҷа боз чанд маводи дигарро чоп кардем.

Қадри аъзои Шӯро куҷо шуд, ки хулоса бе муҳокима, дар сомонаи odob.tj чоп шуд? Ман чунин фикр дорам, ки дар гузаронидани мониторинг методологияи муайян нест. Канӣ варақаи ҳисобу китоби инҳо? Дар қиёси 960 мақола 6 -то таҳлил шудааст, магар ин бо дигар газетаҳо баробар аст? Аз рӯи инсоф кор кунед, бародарҳо! Ғаразнок ба он маъно аст, ки дар бораи  натиҷаҳо мегӯему сафоратхонаҳо инро мегиранду аз рӯи ҳамин натиҷаҳо гап мезананд... Вақте, ки ман ба раиси Шӯро занг задам, эҳсосӣ будам. Чаро шумо онро чун мавқеи расмӣ дар сомона чоп мекунед. Мо нигоҳ мекунем, ки тасмими шумо чӣ гуна хоҳад буд. Ман дар масъалаи истеъфо бо Акбари Саттор мувофиқ ҳастам.

Дар бобати маҳалчигӣ… Охир ин гапро аз рӯи алам мегӯӣ. Агар паси девор мегуфтам, ана баъд гап мезадед. Аммо шумо имрӯз маро мутмаин карда натавонистед, ки мо калавандаем.

Дар бораи мақолаҳои фармоишӣ: вазъият баъзан ҳаминро талаб мекард, ки мо онҳоро чоп кунем, дар он лаҳзаҳо шояд тақдири рӯзнома ҳал мешуд. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» як газетаи ҷиддӣ, газетаест, ки дар он қонунҳои мо чоп мешаванд, онро ҳам дар ҳамин қатор гузоштед.

Ман аз акаи Қироншоҳ узр мепурсам, ман дар ҳақиқат, бар сари шумо дод задам.

Абдувоҳид Маликов:

- Ман аз аҳли ҷаласа иҷозати рафтан мепурсам.

Мараимов Раҷаб:

- Хулоса, акаи Мухтор ҳам асоснок карда натавонистанд. Методология мегӯед, охир  ин чиз тадқиқоти сотсиологӣ набуд, ин мониторинг як чизи содда буд.

Ман ҳамарӯза сомонаҳоро медидам, агар вайронкунии меъёрҳои ахлоқӣ ҳаст, менавиштам, агар нест, не. Ман пешниҳод дорам, ки ҳамон матлаби охирини нашршуда ё таҳрир шавад ё умуман он хулосаҳо аз сомона гирифта шавад, раддабандӣ ҳам гирифта шавад. Мо маълум накардем, ки ҳар чизе дар сомона чоп шавад, ин ақидаи Шӯро аст. Фикри ман ҳамин: матлаб ё гирифта шавад ё ислоҳ.

Усмонов Иброҳим:

- Ана ҳамин қисмати ҷаласа ба ман маъқул аст. Номи ин мавод хулосаи матбуот буд. Барои ин тадқиқоти сотсиологии журналистӣ лозим буд. Шаҳло, агар ба хотиратон бошад, ман шумоҳоро ба таҷрибаомӯзӣ мебурдам ва мегуфтам, ки ин корҳоро кардан лозим аст ва дигарашро не. Сотсиологоҳо бисёр системаҳоро истифода мекунанд.

Мақсад аз саволи Боқизода – ин хулосаи он чиз нест, ки анҷом дода шудааст. Бояд дар ҷаласаи Шӯро баррасӣ карда шавад. Касе, ки кори сомонаро пеш мебарад, низ ба ин кор масъул аст. Ба ин масъала бояд бо масъулияти касбии журналистӣ диққат додан лозим аст. Ҳар касеро ки нисбаташ нодурустӣ ҳаст, онро бо хушӣ ҳал кардан лозим. Хоҳиш мекунам, касе дар дил ғаразе дошта бошад, онро аз худ дур кунад. Масъалаи рақобати касбиро дар масъалаҳои умумӣ кардан лозим. Қироншоҳ дар ҳақиқат ин ҷо ҳамчун барандаи сомона ба каммасъулиятӣ роҳ додаанд.

Исмоилов Зинатулло:

- Хулоса, ба фикри ман ин мавқеи Шӯро нест ва бигзор Қироншоҳ Шарифзода узр пурсад.

Сатторов Акбаралӣ:

- Ин мавқеи Шӯро аст.

Акобирова Шаҳло:

- Бигузор Қироншоҳ узр пурсад. Пешниҳоди ман ин аст, ки лабу лунҷи натиҷаҳои мониторингро дуруст кардан лозим. Он маводро аз сомона бардошта, ҳамин ду корро кардан лозим: хулосабандӣ ва узр гуфтан.

Сатторов Акбаралӣ:

- Мақсади мо ором кардани тарафҳо аст. Тафриқагузорӣ шуд, акнун ором кардан лозим.

 

Аъзои Шӯро дар ин масъала ба ду қисм ҷудо шуданд.

  1. Ин мулоҳизаҳо назари Шӯро нест
  2. Мавод гирифта шавад ё таҳрир шавад.

 

 

  1. Муаллифон ва раиси Шӯро Шарифзода аз рӯзномаҳо узр пурсанд
  2. Шӯрои ВАО узр пурсад.

Ҷаласаи васеъ қарор кард:

  1. Мақолаи «Озодии ман то нӯги бинии рақибам ҳаст? (Мулоҳизаҳо дар ҷамъбасти мониторинги Шӯрои ВАО») -  www.Odob.tj – 23 январи соли 2014, аз сомонаи расмии Шӯрои ВАО бардошта шавад;
  2. Барои дар раддабандӣ нодуруст ҷой додани нашрияҳое, ки роҳбарияташон ба Шӯрои ВАО расман муроҷиат намудаанд, Қироншоҳ Шарифзода ҳамчун мутасаддии чопи мақолаи ҷамъбастӣ дар сомонаи Шӯро, аз аҳли эҷоди рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «ИмрӯзNews» узр пурсад;
  3. Масъалаи ба истеъфо рафтани Қироншоҳ Шарифзода дар ҷаласаи Шӯрои ВАО баррасӣ гардад.

***

Баъди танаффуси кӯтоҳ ҷаласа дар ҳайати аъзои Шӯрои ВАО идома ёфт.

Дар ҷаласа иштирок доштанд:

Шарифзода Қироншоҳ-раиси Шўрои ВАО-и ҶТ, Боқизода Саидмухтор-узви Шўрои ВАО, Мараимов Раҷабалӣ (Раҷаби Мирзо) узви Шӯрои ВАО, Исмоилов Зинатулло – узви Шӯрои ВАО, Акобирова Шаҳло - узви Шӯрои ВАО, Сатторов Акбаралӣ - узви Шӯрои ВАО, Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атовулло) - узви Шӯрои ВАО.

Шарифзода Қироншоҳ-раиси Шўрои ВАО:

- Аъзои муҳтарами Шӯро, ба хотири назокати масъала, раисии ҷаласаро ягон нафари дигар аз аъзои Шӯро пеш барад?

(Садоҳо: ин шарт нест, масъаларо эълон кунед).

Шарифзода Қироншоҳ:

- Масъала ҳамоно пешниҳоди узви Шӯрои ВАО Сатторов Акбаралӣ дар бораи ба истеъфо фиристодани Шарифзода Қироншоҳ аз раиси Шӯрои ВАО аст.

(Ба овоз мнда шавад).

Шарифзода Қироншоҳ:

- Марҳамат, масъаларо ба овоз мемонам:

Барои ҳалли масъалаи ба истеъфо фиристодани Шарифзода Қироншоҳ аз раиси Шӯрои ВАО мавқеатонро муайян намоед.

«Кӣ тарафдор?»

1 овоз (Сатторов Акбаралӣ).

«Кӣ муқобил?»

5 овоз (Шарифзода Қироншоҳ, Боқизода Саидмухтор, Мараимов Раҷабалӣ (Раҷаби Мирзо), Акобирова Шаҳло, Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атовулло).

«Кӣ бетараф?»

1 овоз (Исмоилов Зинатулло).

Ҷаласаи Шӯрои ВАО қарор кард:

Бо 1  овози «тарафдор» 5 овози «муқобил» ва 1 овози «бетараф», ба истеъфо фиристодани Шарифзода Қироншоҳ аз раиси Шӯрои ВАО, қабул нашуд.

 

Раиси ҷаласа:                                                 Шарифзода Қироншоҳ,

Котиб:                                                               Қурбонова Майсара.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер