Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 20 феврал бо аризаи шикоятӣ алайҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои кишвар ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муроҷиат кардааст.

ҲНИТ зимни аризаи худ аз суд талаб намудааст, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамҷавобгарон Маҳмадулло Холов, Кумитаи телевизион ва радио, инчунин шабакаҳои телевизионии «Сафина» ва «Шабакаи якум» «уҳдадор карда шаванд, ки ташвиқоту тарғиботи фаъолияти зиддиҳизбӣ нисбат ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оғоз ва давомдодаашонро қатъ ва раддия оид ба он пахш намоянд, ки Холов Маҳмадулло ҳеҷ вақт узви ҲНИТ набуд…».

Ёдовар мешавем, ки навори боздошти табиби мардумӣ Маҳмадулло Холови 63-сола, ки бо истифода аз сеансҳои табобатӣ ва васоили мадҳушкунанда дар аввал ба номуси духтарандари 17 солааш Мадина таҷовуз карда, баъди ҳомила шудани ӯ ба духтарандари 13 солааш Рухшона низ дастдарозӣ кардааст, шоми 7 феврали соли равон тавассути телевизионҳои давлатии кишвар пахш шуд. Дар навор гуфта мешуд, ки боздоштшуда узви ҲНИТ мебошад.

Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як баёния ин даъвои мақомотро инкор кард ва ин ҳамаро амали бофтаву сохтаи мақомоти қудратӣ ва давоми силсиланамоишҳои зиддинаҳзатӣ донист.

www.faraj.tj

 

 

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер