Вазъи саломатии Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки субҳи 19 феврал бад шуда, ба бемористони Қарияи Боло интиқол ёфт, феълан муътадил арзёбӣ мешавад. Пайвандони Қаюмзод дар суҳбат бо “Озодагон” дар ин бора хабар дода, гуфтанд, ҳоло вазъи рӯзноманигор каме беҳтар шуда, дар шуъбаи эҳёгарии “корпус”-и ҳаштуми Қарияи Боло бистарист.

 

Ба қавли онҳо, шаби 18 ба 19 феврал нафасгирии Абдуқаюми Қаюмзод мушкил шуда, баъдан ба бемористони Қарияи Боло оварда шудааст. То нисфирӯзи чоршанбе вай дар “корпус”-и панҷуми ин бемористон буд ва сипас ба “корпус”-и ҳаштум интиқол ёфт.

Абдуқаюми Қаюмзод, барандаи Ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, аз соли 2001 то моҳи декбари соли 2012 ба Радиои Озодӣ гузориш медод. Аммо баъдан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад.

Ин рӯзноманигори тоҷик баъд аз чанд муддати бекорӣ дубора дар нашрияи тозатаъсиси “Ҳафта” ба ҳайси муҳаррир ба кор даромад. Аммо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баъд аз чопи шумораи нахустини нашрия, ки дар он сӯҳбати Мӯъмин Қаноат бо номи “Метарсам, таркиш нашавад” чоп шуда буд, шаҳодатномаи ин нашрияро лағв кард. Худи рӯзноманигор дар суҳбат бо “Озодагон” далели ин иқдоми Вазорати фарҳангро сирф сиёсӣ ва беинсофӣ хонда, гуфта буд, масъулини вазорат метавонистанд, дар аввал бо додани огоҳӣ ин хатои онҳоро ислоҳ кунанд.

http://www.ozodagon.com

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер