Суратмаҷлиси №02

ҷаласаи  Шўрои ВАО-и ҶТ

ш. Душанбе, аз 08 январи соли 2014

Даъват шуданд:

Шарифзода Қироншоҳ-раиси Шўрои ВАО-и ҶТ, Боқизода Саидмухтор-узви Шўрои ВАО, Мараимов Раҷабалӣ узви Шӯрои ВАО, Исмоилов Зинатулло – узви Шӯрои ВАО, Акобирова Шаҳло - узви Шӯрои ВАО, Сатторов Акбаралӣ - узви Шӯрои ВАО, Дадобоев Маҳмудҷон - узви Шӯрои ВАО, Ниёзов Хуршедҷон - узви Шӯрои ВАО, Сафарова Асалмо- узви Шӯрои ВАО.

Иштирок доштанд:

Шарифзода Қироншоҳ-раиси Шўрои ВАО-и ҶТ, Мараимов Раҷабалӣ - узви Шўрои ВАО, Исмоилов Зинатулло - узви Шўрои ВАО, Сатторов Акбаралӣ - узви Шӯрои ВАО Ниёзов Хуршедҷон - узви Шӯрои ВАО, Сафарова Асалмо - узви Шӯрои ВАО.

Иштирок надоштанд:

Боқизода Саидмухтор, Дадобоев Маҳмудҷон, Акобирова Шаҳло


 

Рўзномаи ҷаласа:

1)      Дар бораи тасдиқи ҳайати  комиссияҳои Шӯрои ВАО;

2)      Дар бораи Нақшаи стратегии Шӯрои ВАО барои солҳои 2014-2015 (дар Замима);

3)      Масъсъалањои љорї.

 

Сухан гуфтанд:

Шарифзода Ќироншоњ-раиси Шўрои ВАО-и ЉТ:

– Њамкорони гиромї, дар љаласаи имрӯзаи Шӯрои ВАО масъалаи тасдиқи комиссияҳои Шурои ВАО меистад. Чӣ тавре хабар доред, дар Шӯро се комиссияи доимӣ амал мекунад, ки аъзои Шӯро дар ҳайати онҳо фаъолият менамоянд.

1)      Комиссияи ВАО-и электронӣ;

2)      Комиссияи ВАО-и чопӣ;

3)      Комиссияи ҳисоб.

Дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО се нафари нав ба узвияти Шӯро кабул гардиданд, ки онҳоро низ ба комиссияҳои мазкур вобаста кардан лозим аст. Чӣ гуна пешниҳодҳо ҳастанд?

Дар ҷаласа пешниҳод шуд, ки Акобирова Шаҳло ба ҳайати Комиссияи ВАО-и электронӣ, Сатторов Акбаралӣ ва Ниёзов Хуршедҷон ба ҳайати Комиссияи ВАО-и чопӣ, Мараимов Раҷабалӣ ба  ҳайати Комиссияи ҳисоб ва  Шарифзода Қироншоҳ ба ҳайати Комиссияи ВАО-и чопӣ вобаста карда шаванд.

Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки ба Комиссияи ВАО-и чопӣ Сатторов Акбаралӣ, ба Комиссияи ВАО-и электронӣ Акобирова Шаҳло ва ба Комиссияи ҳисоб  Мараимов Раҷабалӣ раис интихоб гарданд.

Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзои Шӯро пазируфта шуданд.

 

Оид ба масъалаи дуюм сухан гуфтанд:

Шарифзода Ќироншоњ-раиси Шўрои ВАО-и ЉТ:

- Бояд қайд кард, ки ба ҳамаи аъзои Шӯро  Нақшаи стратегиии Шӯрои ВАО-и ҶТ барои солҳои 2014-2015 тавассути суроғаҳои электронӣ фиристода шуда буд. Агар лозим донед, бори дигар бо нуктаҳои асосии ин нақша шинос мекунем.

 

Оид ба Нақшаи стратегии Шӯрои ВАО дар солҳои 2014-2015 ва гуктаҳои асосии он Қурбонова Майсара баромад карда,  ҳозиринро бо фикру пешниҳодҳои коршиноси САҲА аз Қирғизистон Айҷамал Дуйшебаева шинос кард.

Мараимов Раҷабалӣ – – узви Шӯрои ВАО:

- Дар ин нақша ягон чизи наве нест. Чун солҳои пешина вазифаҳо гузошта шудаанд ва ин ҳамон вазифаҳое ҳастанд, ки пештар гуфта шуда буданд.

Исмоилов Зинатулло – узви Шӯрои ВАО:

- Дар идораи афтари САҲА дар Тоҷикистон вохӯрӣ бо донорон шуда гузашт, аммо мо худ шоҳиди он будем, ки ба муроҷиати мо ягон донор ягон вокунише нишон надод. Ҳамаи он чизҳое, ки дар ин нақша баён гардидааст, аз заминаи молиявӣ вобаста мебошад. Агар заминаи молиявӣ набошад, ҳамаи ин гапҳо рӯи коғаз мондан мегирад.  Мо метавонем аз номи Шӯро ба сарпарастон, ё ба ягон сохтор  муроҷиат кунем, аммо он вақт мустақилиятро гум мекунем. Дар ин ҷо бояд танзимгаре бошад, ки корро қатъӣ талаб карда тавонад.

 

Шарифзода Қироншоҳ – раиси Шӯрои ВАО:

-Дар бобати ба кор гирифтани ҳадди аққал як нафар корманд барои иҷрои вазифаҳо дар Шӯрои ВАО ҳаминро гуфтаниам, ки рӯзи гузашта мо бо Эвалд Орф ва Фаррухшо Ҷунайдов – намояндагони Дафтари САҲА дар Тоҷикистон сӯҳбат доштем. Онҳо ба мо хабар доданд, ки Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба баъзе сафоратхонаҳо муроҷиат ва хоҳиш намудааст, ки барои ҳалли ин масъала мусоидат кунанд. Аз ҷониби сафоратхонаҳо ин масъала дар сатҳи омӯзиш қарор дорад. Рӯзи 21.01.14 аз давлати Шветсия ва Дания як гурӯҳ меҳмонон ташриф меоранд ва шояд, ки ин масъала дар он ҷо баррасӣ гардад. Масъалаи фаъолияти Шӯрои ВАО дар самти афзалятнок қарор дорад, зеро дар Осиёи Миёна созмоне ба он монанд набудааст.

Дар бобати вокуниши сарпарастон ба Шӯрои ВАО ҳаминро гуфтаниам, ки фақат созмони IMS ба мо муносибати хайрхоҳона карда истодааст. Шӯрои ВАО ба ин созмон ду пешниҳоди лоиҳавӣ манзур хоҳад кард.

 

2) Масъалаҳои ҷорӣ:

Шарифзода Қироншоҳ - раиси Шўрои ВАО-и ҶТ:

- Ҳамкорони арҷманд, ба таваҷҷӯҳи шумо мерасонам, ки дар ҷаласаи умумии Шӯрои ВАО як комиссияи ҳафтнафара барои ворид намудани тағйиру иловаҳо созмон дода шуда буд.  Ин комиссия бояд то 15-уми феврали соли 2014 тағйиру иловаҳоро ба санадҳои асосии Шӯрои ВАО пешниҳод намояд. То ин вақт ба аъзои ин комиссия ду маротиба аз тариқи почтаи электронӣ Оиннома ва баъзе тағйиру иловаҳо фиристода шудааст. Танҳо устод Иброҳим Усмонов ба мо пешниҳодҳояшонро фиристоданд.

Ман мехостам, ки дар Оинномаи нав як банди алоҳида оид ба муассисон дошта бошем. Зеро муносибати муассисонро дар Ҷаласаи умумӣ ҳамаамон шоҳид будем, ки се нафари онҳо аз муассис будани худ даст кашиданианд.

 

Сатторов Акбаралӣ узви Шӯрои ВАО:

- Ман чунин пешниҳод дорам, ки  масъалаи муассисонро баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Шӯрои ВАО дида бароем, хубтар аст, зеро дар заминаи ҳамин тағйиру иловаҳо ин масъаларо баррасӣ кардан осонтар мегардад. Бигузор, комиссияи вориди тағйиру иловаҳо як рӯз дар ҳамин толори Иттифоқи журналистон ҷамъ шаванд ва банд ба банд моддаҳо муҳокима шаванд.

 

Исмоилов Зинатулло – узви Шӯрои ВАО:

- Пешниҳоди ман ин аст, ки тағйиру иловаҳо, ки пешниҳод шуд,  онро дар сомонаи Шӯрои ВАО гузошан лозим аст, то ки мавриди муҳокима қарор гирад.

Чизи дигар ҳамин, ки ман ба раис ва аъзои Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда гуфтанӣ ҳастам, марҳамат ба студияи СМТ биёед, мусоҳибаҳо биороем.  Ҳамчунин пешниҳод дорам, ки видеоролики таблиғии Шӯроро дар ТВ-ҳо ва радиоҳои ҳамкори Шӯро пахш кардан лозим аст.

Ҷаласа қарор кард:

  1. Комиссияҳои Шӯрои ВАО дар ҳайати зерин тасдиқ карда шаванд:

 

Комиссияи ВАО-и электронӣ:

Акобирова Шаҳло – раис

Исмоилов Зинатулло – аъзо

Дадабоев Маҳмудҷон - аъзо

 

Комиссияи ВАО-и чопӣ:

Сатторов Акбаралӣ - раис

Ниёзов Хуршедҷон  - аъзо

Шарифзода Қироншоҳ– аъзо

 

Комиссияи ҳисоб:

Мараимов Раҷабалӣ – раис

Боқизода Саидмухтор – аъзо

Сафарова Асалмоҳ – аъзо.

  1. То 15-уми феврал ҷаласаи якҷояи Комиссияи вориди тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Шӯрои ВАО ва аъзои Шурои ВАО даъват карда шуда, пешниҳодҳо муҳокима карда шаванд.
  2. Реклама ва логои Шӯрои ВАО-и ҶТ дар нашрияҳо ва видеоролики таблиғии Шӯрои ВАО дар ТВ-ҳо ва радиоҳои ҳамкори Шӯро нашру пахш карда шавад.

 

Раиси ҷаласа:                                                         Шарифзода Қироншоҳ,

Котиб:                                                                  Қурбонова Майсара.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер