Суратмаҷлиси №01

ҷаласаи  Шўрои ВАО-и ҶТ

ш. Душанбе, аз 12 декабри соли 2013

 


Даъват шуданд:

Шарифзода Қироншоњ-раиси Шўрои ВАО-и ҶТ, Боқизода Саидмухтор-узви Шўрои ВАО, Мараимов Раҷаб (Раҷаби Мирзо) – узви Шӯрои ВАО, Исмоилов Зинатулло – узви Шӯрои ВАО, Сафарова Асалмо- узви Шӯрои ВАО, Дадобоев Маҳмудҷон - узви Шӯрои ВАО, Сатторов Акбаралӣ - узви Шӯрои ВАО, Акобирова Шаҳло – узви Шӯрои ВАО, Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атоулло)- узви Шӯрои ВАО.

Иштирок доштанд:

Шарифзода Қироншоњ-раиси Шўрои ВАО-и ЉТ, Боқизода Саидмухтор-узви Шўрои ВАО, Исмоилов Зинатулло – узви Шӯрои ВАО, Сафарова Асалмо- узви Шӯрои ВАО, Дадобоев Маҳмудҷон - узви Шӯрои ВАО, Сатторов Акбаралӣ - узви Шӯрои ВАО, Акобирова Шаҳло – узви Шӯрои ВАО, Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атоулло)- узви Шӯрои ВАО.

Иштирок надоштанд:

Мараимов Раҷаб (Раҷаби Мирзо) – узви Шӯрои ВАО


 

Рўзномаи љаласа:

1)  Дар бораи интихоби раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ.

Сухан гуфтанд:

Шарифзода Қироншоњ-раиси Шўрои ВАО-и ЉТ:

– Њамкорони гиромї, навакак Ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО ба ҷойи аъзои Шӯро Аламшоев Қурбон, Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ ва Ҷониев Рустам, се нафари дигар - Сатторов Акбаралӣ, Акобирова Шаҳло ва Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атоулло)- ро ба ҳайси аъзои Шӯрои ВАО интихоб намуд.

Тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои ойинномавӣ, дар ҷаласаи нахусти ҳайати нави Шӯрои ВАО-и ҶТ, бояд раиси Шӯрои ВАО-ро интихоб намоем.

Интихоби раиси Шӯроро ба таври пӯшида баргузор намоем, ва ё кушода?

 

Сатторов Акбаралӣ - узви Шӯрои ВАО:

- Аввалаш, ин ки ҳама якдигарро хуб мешиносем ва ҳоҷат ба бюллетенсозию рамиятчигӣ нест, яъне, интихоби Раиси Шӯроро бпа таври кушода гузаронем.

Дигар, модоме Ойинномаи Шӯро интихоби раиси Шӯрои ВАО-ро барои соли дуюм низ имкон медиҳад, пешниҳоди ман ин аст, ки номзадии  Шарифзода Қироншоњ ба раисии Шўрои ВАО-и ЉТ арзанда аст. Ҳама шоҳид будем, ки дар тӯли соли ҷорӣ Шарифзода барои нигоҳдории мавқею обрӯи Шӯрои ВАО бисёр заҳмат кашид. Бигзор ҳамчун раиси навинтихобшаванда нақшаю ниятҳои зиёдашро амалӣ гардонад.

Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атоулло) - узви Шӯрои ВАО:

- Пешниҳоди қобили қабул. Ҳама аз талошу кӯшиши Шарифзода баҳри баланд бардоштани таъсиру нуфузи Шӯрои ВАО огоҳ ҳастем.

 

Шарифзода Қироншоњ-раиси Шўрои ВАО-и ЉТ:

- Ташаккур, вале номзадҳои алтернативиро низ пешниҳод намоед.

 

Боқизода Саидмухтор-узви Шўрои ВАО:

- Ман фикр мекунам, барои номзади алтернативӣ зарурат нест.

 

Сафарова Асалмо- узви Шӯрои ВАО:

- Бале, шарт нест, ки боз алтернатива ҷуста гардем. Алтернатива маҳз ба хотири демократия бошад, фаъолияти Шӯро аз ҳама шаффофу демократӣ буду ҳаст.

Бинобар, ман ҳам пешниҳоди Акбари Сатторро дар мавриди номзадии  Шарифзода Қироншоњ дастгирӣ мекунам.

Љаласа қарор кард:

  1. Шарифзода Қироншоњ ба вазифаи раиси Шўрои ВАО-и ЉТ интихоб карда шавад.
  2. Қарори мазкур ба самъи иштирокдорони Ҷаласаи солона расонида шавад.

 

Натиҷаи овоздиҳӣ: «Тарафдор» - 7; «Муқобил» - 0; «Бетараф» - 1.

 

Раиси ҷаласа: Шарифзода Қироншоњ,

Котиби ҷаласа:                               Боқизода Саидмухтор.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер