Суратмаҷлиси

300

Ҷаласаи  умумии солонаи Шўрои ВАО-и ҶТ

ш. Душанбе  аз 12..12.2013

 

 

Даъват шуданд:

59  нафар вакилон, аз ҷумла 17 нафар аз минтақаҳо, 22 нафар меҳмонон аз сохторҳои давлатӣ ва 14 нафар меҳмон аз созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ

Иштирок доштанд:

48 нафар вакилон, аз ҷумла, 13 вакил аз минтақаҳо, 14 нафар меҳмон аз сохторҳои давлатӣ ва 7 нафар аз созмонҳои байналмилалӣ

Иштирок надоштанд:

11 нафар вакилон


 

 

Рўзномаи ҷаласа:

  1. Ҳисоботи Шўрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шарифзода Қироншоҳ - раиси Шўрои ВАО-и ҶТ)
  2. Ҳисоботи Комиссияи ҳисоби Шўрои ВАО-и ҶТ
  3. (Боқизода Саидмухтор, раиси Комиссияи ҳисоби Шўрои ВАО-и ҶТ)
  4. Вазъ ва дурнамои Шўрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Айҷамал Дуйшебаева – коршинос аз Қирғизистон
  5. Суолу ҷавоб
  6. Муҳокимаи маърўзаҳо ва баромади вакилон
    1. Пешбарии номзадҳо ва интихоби аъзои нави Шўрои ВАО
    2. Ҷамъбасти Ҷаласа.

 

 

Сухан гуфтанд:

Шарифзода Қироншоҳ – Раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро оғоз кард.

Қаршибоев Нуриддин – раиси Анҷумани мустақили воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон – ҷаласаро раисӣ кард.

Шарифзода Қироншоҳ – Раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи ҳисоботӣ ироа намуд (Замима мешавад).

Боқизода Саидмухтор – Раиси Комиссияи ҳисоби Шӯрои ВАО-и ҶТ ҳисобот дод (Замима мешавад).

Дуйшебаева Айҷамал - коршинос аз Қирғизистон оид ба Нақшаи стратегии Шӯрои ВАО дар солҳои 2014-2015 ва нуктаҳои асосии он (Замима мешавад)..

Дар муҳокима ширкат доштанд:

Дадобоев Маҳмудҷон – узви Шӯрои ВАО:

- Дар мавриди пардохти ҳаққи аъзогӣ мо дар ҳақиқат саҳлангорӣ дорем. Дар як сол, ки як маротиба ҷамъ мешавем, бояд ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, роҳи ҳаллашро ёбем. Ман пешниҳод дорам, ки хуб мешуд, агар мо, аъзои Шӯро ба маҳалҳо сафар кунем.

Дӯстов Саймуддин – раиси Шӯрои директорони нашрияи «Нигоҳ»:

- Як савол дорам ва мехоҳам ба ин масъала рӯшанӣ андозед. То омадани Шарифзода ба вазифаи Раисии Шӯро, дар Шӯро чӣ қадар маблағ сарф шудааст ва саҳми «Кооператив» чи гуна аст?

Сатторов Акбаралӣ - раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон:

- Ин ҷо муҳокимаи хуб рафта истодааст. Мушкилоте, ки Шӯрои ВАО дорад, ин набудани дастгоҳи иҷроия аст ба монанди ИЖТ. Дастгоҳи боқувват, ҳамн ки ба кор сар кард, маблағ ҳам ёфт мешавад.

Дар бораи лоиҳаи «Кооператив» ба Дӯстов гуфтанӣ ҳастам, ки ин як лоиҳаи хуб буд, аммо қарз шояд нодуруст буд. Лоиҳа 17 нафар муассис дошт, ки дар якҷоягӣ кор карда натавонистанд. Коргузорӣ нодуруст ба роҳ монда шуд ва дар натиҷа ихтилофи манфиатҳо ба миён омад. Ҳозир ҳам кӯшишҳо ҳастанд, ки ин созмон амал кунад, аммо боз ҳамон ихтилофи манфиатҳо халал мерасонад.

Зафари Сӯфӣ - муассиси Гурӯҳи расонаҳои «Озодагон»:

- Аввалаш бояд ин ҷо фикр кунем, ки мо аз Шӯро чӣ мехоҳем? Аз ин ҷавоб воқеияти Шӯро берун меояд. Мо то имрӯз ҳамкориро ёд нагирифтаем. Агар мо худамон хуб кор кунем, ҳоҷат ба маблағгузории беруна (донор) набуд. Агар воқеан барномарезӣ кунем, вазъи молии Шуро хуб шуданаш мумкин аст. То кай аз берун маблағ гирем? Нӯҳ созмон муассис будааст. Бигузор дар ҷои касоне, ки муассис будан намехоҳанд, касони хоҳишманд биёянд. Ман суоле дорам, ки агар хидматрасониҳои пулакиро ба роҳ монед, аз назари қонунгузорӣ дуруст мешавад? Шояд хароҷоти Шӯро калон бошад? Ҳамаи ин харҷҳо ба сари ин лоиҳа бор мешавад.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ– узви Шӯрои ВАО:

- Нисбати фаъолияти аъзои Шӯро дар минтақаҳо танқиди дуруст садо дод. Нуқсу иллат ҳам дар фаъолияти мо ва ҳам дар фаъолияти умум дида мешавад.

Дар масъалаи супоридани аъзоҳаққӣ бояд худи аъзоҳоро пурсем. Яксаду бист сомонӣ маблағи калон нест. Аммо онро созмонҳои аъзо намесупоранд. Зеро Шӯро фақат характери тавсиявӣ дорад. Мақомоти боло ин чизро ба инобат мегиранд ё не?

Ниёзов Хуршедҷон – директори Маркази татқиқоти журналистии Тоҷикистон:

- Зафари Сӯфӣ дуруст қайд карданд. Мо пештар гумон мекардем, ки Шӯро ин боз як худсензураи навбатӣ аст. Аммо маълум шуд, ки дар Шӯро низ метавонанд аз мақомоти давлатӣ ширкат кунанд. Бигузор аз мақомот низ дар ҷаласаҳои Шӯро иштирок кунанд, масалан аз Агентии мубориза зидди фасод низ бошанд ва ба мо, корро то суд нарасонида, масъалаҳоро фаҳмонанд.

Атоев Асомиддин – раиси Ассотсиатсияи интернетрасон:

- Ман шахсан таъсири фаъолияти Шӯроро дар кори худ ҳис кардам. Ин ҷамъияти саҳҳомӣ нест, ки саҳмгузорон иштирок кунанд ва манфиат гиранд. Ҳар саҳмгузорӣ саҳмгузорӣ ба оянда аст. Мо тасмим гирифтем, ки  «Одобномаи шаҳрванди электронӣ»-ро таҳия кунем. Аввал ман якравӣ карда, пешниҳодҳои намояндагони Шӯрои ВАО-ро напазируфтам. Аммо намояндагони Шӯро кушод ва дӯстона бо ман сӯҳбат карданд ва ман таъсири хуби кори Шӯроро ҳис кардам. Ҳоло ман барои ҳамкории хуби Шӯро миннатдорӣ баён мекунам ва барои рафтори ғайриҳирфаӣ аз намояндагони Шӯро узр мепурсам.

Ҷониев Рустам – узви Шӯрои ВАО, бунёдгузори рӯзномаи «ИмрӯзNews»:

- Мо бояд ба дӯши донорон бори худро бор накунем ва баъд миннат накашем. Даст кашидан аз кӯмак аз донорон бояд дар кадом шакл бошад? Баргузории конфронсҳо, омӯзишҳо, ҳузури донорон халал мерасонад. Раиси Шӯрои ВАО пул кор карда истодааст ва донорон нишон медиҳанд, ки пул дода истодаанд. Мушаххас ягон чиз механизми пешрафти корро нишон диҳед. Агар раиси Шӯрои ВАО аз ҷониби аъзоҳо интихоб шавад, директори иҷроияро муассисон таъин кунанд ва маблағи кори яксолаашро диҳанд. Аъзои Шӯрои ВАО ваколати назорати хароҷоти директори иҷроияро дорад. Раиси Шӯро бо пешниҳодҳо баромад мекунад ва директори иҷроия хароҷотро муайян мекунад. Агар аъзоҳаққиро гирем, дар ҳамаи ин муддат маблағи ҷамъшуда ба шаш ҳазор сомонӣ наздик шудааст, ки бо ин маблағ кор пеш намеравад.

Агар сухани мо қатъӣ ва боадолатона бошад, дарҳои Шӯрои ВАО кушода мегарданд. Ман гумон мекунам, ки вазифаи Шӯрои ВАО тарафгирии журналистон аст. Шахсан ман муқобили он ҳастам, ки Шӯрои ВАО қатъиян муқобили як расона баромад кунад. Ҳоло дигар гап сари ин масъала намеравад, ки Шӯрои ВАО лозим аст ё не. Ин масъала аз миён бардошта шуд, Шӯро лозим аст, ҳоло бояд механизми кори онро баррасӣ кардан зарур аст.

Дӯстов Саймиддин - раиси Шӯрои директорони нашрияи «Нигоҳ»:

- Я заявляю, что по прежнему считаю, что ОБСЕ не является уважаемой организацией. На нашу заявку  только ОБСЕ и еще один мафиози не ответили. Думаю, что господин Орф будет работать на этой стороне вопроса.

Я сделаю несколько предложений:

  1. Структурное укрепление Совета по СМИ
  2. Финансирование
  3. Мониторинг нужно усилить
  4. 4 комиссии (непостоянные) должны действовать
  5. Сайт: усиленно не хватает связи со СМИ
  6. Очень много плагиата в СМИ
  7. Предложение по взносу – 2 доллара за месяц – это мало. Изменение в Устав, нужно увеличить, не меньше 50 сомонов в месяц. Я еще не предвидел благотворительных взносов. Есть такие люди, которые дают денег за благотворительность.

Вопрос этики (главы 7), радиои Озоди и Азия плюс – целый день говорят «Муллои ҷодугар» и наши уважаемые господа ничего не сделали на этот счет. Я настаиваю, что корреспонденты радиои Озоди сотрудничают со спецслужбами.

Ҳафтаномаи «Оила»-ро маҳбубтарин ҳафтанома эълон кардаанд. Ман фикр мекунам, ки Қаҳрамон Бақозода дар ҷомеаи журналистӣ имкон доштани манипуляцияро нишон медиҳад. Хуб мешуд, ки Шӯро бо Прокуратура низ ҳамкорӣ дошта бошад.

Эвалд Орф – мушовир оид ба ВАО-и Дафтари Душанбегии САҲА:

- Здесь я слышал патриотические взгляды, чтобы Совет по СМИ был независимым, если это было бы  действительно правда, мы достигли бы цель. Я хочу дать слово Фаррухшо Джунайдову.

 

Ҷунайдов Фаррухшо – мушовири миллӣ оид ба ВАО-и Дафтари Душанбегии САҲА:

- Мо танқидро эҳтиром мекунем, аммо дар ин ҷо фаъолияти Дафтари САҲА-ро ғайришаффоф эълон карданд, ки ин нодуруст аст. Ба дархости чаноби Дӯстов ҷавоб фиристода шудааст.

Да бораи маблағҳои шудошуда ба Шӯрои ВАО аз ҷониби Дафтари САҲА ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ин сирри махфӣ нест ва ман метавонам ин рақамҳоро ин ҷо номбар кунам:

Соли аввал – 11 ҳазор евро

Соли дуюм – 15 ҳазор евро

Соли сеюм – 16 ҳазор евро

ҷудо шудааст.

Музди кори 4 нафар корманд – Дабири кулл, котиба, муҳосиб, пардохти иҷораи бино, интернет, хароҷоти семинарҳо дар тамоми ҳудудуи Тоҷикистон, нашри маводҳое, ки Шӯро таҳия кардааст ва хариди таҷҳизоту мебел ба ҳамин маблағ ворид мешавад. Агар лозим бошад, рақамҳои дақиқро пешниҳод карда метавонам.

Шарифзода Қироншоҳ - раиси Шӯрои ВАО:

- Ҳамкасбони арҷманд! Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Ойиннома ва дигар санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти Шӯрои ВАО пайдо шудааст. Агар хоҳед, ин масъаларо ба рӯзномаи Ҷаласа дохил кунем. Ба Ойиннома, Низомномаи шӯрои ВАО тагғйиро ворид намудан лозим аст. Лоиҳаи пешниҳодот омода аст, метаонем ба рӯзнома ворид кунем? Ҳамчунин мавқеи муассисон бояд муайян карда шавад ва масъалаи дигар масъалаи мӯҳлати фаъолияти Раиси Шӯроро низ баррасӣ кардан лозим аст.

Усмонов Иброҳим – раиси Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо»:

- Ман пешниҳод дорам, ки комиссия ташкил карда шавад, баъд тағйиру иловаҳоро чоп кунед, сипас онҳоро дохил кунед, ин масъалаҳое мебошанд, ки баҳсро талаб мекунад. Моҳи март тағйиру иловаҳоро чоп ва сипас қабул кунем.

Ализода Ҳуринисо – муовини раиси Китобхонаи Миллии Тоҷикистон:

- Мутаассифона, ин ҷо баҳси ҳуқуқӣ ба миён меояд. Муассиси Шӯрои ВАО будани мо барои худи мо норӯшан буд. Хоҳиш мекунам, ба ин масъала рӯшанандозед.

Шарифзода Қироншоҳ - раиси Шӯрои ВАО:

- Дар ин масъала аз яке аз муассисони Шӯрои ВАО, раиси ҶДММ «Оила»  Шарифи Ҳамдампур ба мо мактуб расида буд. Мо нусхаи Протоколи  маҷлиси муассисони Шӯроро аз Вазорати адлия дастрас кардем.

(Протокол ба ҳозирин қироат карда шуд).

Акобирова Шаҳло - раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома»:

- Ман фикр мекунам, ки бояд дар бораи одоби журналистӣ сӯҳбат кунем. Пешниҳод дорам, ки хуб мешуд, агар мо масъалаи роҳбариро баррасӣ накунем, ба Қироншоҳ вақт диҳем барои дуруст кардани ҳуҷҷатгузорӣ. Оинномаи электронӣ ба ҳамаи 65 нафар азъои Шӯро фиристода шавад, бо иловаю пешниҳодҳо Оинномаро қабул кунем.

Ҳамдампур Шариф – раиси ҶДММ «Оила»:

- Протоколе, ки қироат кардед, нодуруст аст. Ман аз кори Шӯро ҳам розӣ ва ҳам норозӣ ҳастам. Ман аз муассис будани худам бехабар будам. Баъд ин гапҳо пайдо шуданд. Ба маводи мо Вазорати фарҳанг мақолаи ҷавобӣ фиристод, мо он маводро чоп кардем. Баъдтар Вазорати фарҳанг ба Шӯро муроҷиат кардааст ва Шӯро моро маҳкум кардааст. Ман ин хабарро аз Прокуратура шунидам. Ин Шӯрои ҷамъиятӣ аст. Мо бо фаъолияти он ошно шудем. Нақши Шӯрои ВАО хеле муҳим аст. Шояд набудани маблағ ба кори Шӯро халал расонида истода бошад, ман пешниҳод дорам, ки дар кори он шаффофият бошад.

Ҷониев Рустам:

- Маводи Шуморо Шӯро маҳкум накардааст. Ман шахсан худам он маводро танқид карда будам, аммо ҷаласаи Шӯро дар вокуниши худ тарафи ҳафтаномаи шуморо гирифт.

Шарифзода Қироншоҳ:

- Мо 21 январи  соли 2013 муҳаррири газета Абдумудассир Аҳмадзодаро ба ҷаласа даъват карда будем. Он кас аз ин масъала хабардор ҳастанд.

 

Ҳамдампур Шариф:

- Агар мо муассис бошем, пас мукаллафияти ваколати мо аз чӣ иборат будааст?

 

Усмонов Иброҳим:

- Шумо муассис ҳастед. Агар дар хотир дошта бошед, он вақт ман Раиси Шӯро будам ва Шумо дар вақтҳои бемории ман раисӣ мекардед. Шумо аз ҳамаи ин масъала хабар доред.

 

Асозода Мӯсо :

- Дар масъалаи тағйирот ба Ойиннома ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки мо дар ҳайати кормандони Шӯро ба Олмон сафари корӣ доштем. Он вақт дар масъалаи кор ҷанҷол бисёр буд, ки шумо моро кор ёд медиҳед. Аммо дар ҳақиқат, мо ҳоло корро ёд нагирифтаем. Куҷост масъулияти мо? Агар пул диҳанд, мо ҷамъ мешавем, агар надиҳанд не. Ҳозир дар ин ҷо баҳс сари он меравад, ки САҲА кори дурусте намекунад, фаъолияташ шаффоф нест. Ман ҳам ҳисси миллӣ дорам, ҳисси миллии ман низ хеле баланд аст,  аммо ҳамин ҷамъомади имрӯзаро кӣ маблағгузорӣ кардааст? САҲА! Ман ин ҷо гуфтанӣ ҳастам,  гуфтан лозим нест, ки худамон аз ӯҳдаи ҳама кор мебароем. Мо ба дастгирии САҲА ниёз дорем. Худатон гӯед, бо як аъзоҳаққӣ чӣ қадар корро пеш бурдан мумкин аст? Ман пешниҳод дорам, ки камаш шаш моҳи дигар Шӯроро САҲА ё донорони дигар дастгирӣ кунанд.

 

Эвалд Орф:

- Здесь мы услышали конструктивные мнения, спасибо, благодарю вам за это. Я хочу внести ясность  в этот вопрос: в Германии 40% расходов Совета по СМИ охватывает государство. Вопрос независимости это другая статья. Совет СМИ в течение двух лет мог развивать своё деятельность.

 

Шарифзода Қироншоҳ:

- Пешниҳод мекунам, ки барои вориди тағйиру иловаҳо  Комиссия иборат аз ҳафт нафар таъсис дода шавад. Хоҳиш мекунам номзадҳоро пешбарӣ кунед:

(Аз ҷониби вакилон ин номзадҳо пешбарӣ шуданд):

  1. Шарифзода Қироншоҳ
  2. Усмонов Иброҳим
  3. Дӯстов Саймиддин
  4. Сатторов Акбаралӣ
  5. Ализода Ҳуринисо
  6. Акобирова Шаҳло
  7. Боқизода Саидмухтор

 

Акобирова Шаҳло:

- Ман як пешниҳод дорам: Вақте Ойиннома бо тағйиротҳо аз нав қабул шуд, он гоҳ сабти номи нав мешавад ва муассисон ҳам нав мешаванд. Бо ҳамин роҳ масъалаи баҳси муассис будани ин ё он нафари ё шахси ҳуқуқӣ ҳал мешавад.

 

Насриддинова Шаҳло:

- Ман дар ин ҷаласа иштирок карда, таассуроти аҷиб дорам, зеро ин ҷаласа ба ман фикрҳои аҷоибро нишон дод. Ба фикри ман устод Иброҳим Усмонов маслиҳати хуб доданд. Ба фикри ман мушкилоти сесоларо ин ҷо ҳал кардан шарт нест. Мо бояд мушкилоти имрӯзаро пурра дар ҳамин ҷо ҳал кунем, баъд аз ин маҷлисгоҳ баромада равем.

Шарифзода Қироншоҳ:

Масъала ба муҳокима  гузошта мешавад. Хоҳиш мекунам, овоз диҳед:

Муқобил: - 1 нафар

 

Қарор қабул шуд.

 

Ба Раёсати Шӯро ва аъзои Комиссия шакли электронии Ойинномаи  аслӣ ва шакли ислоҳшударо мефиристонем. Танҳо хоҳиш ҳамин аст, ки ба ин мактуб ҷавоб нависед, мо бояд аз тариқи интеренет ва почтаҳои электронӣ кор карданро омӯзем. Хоҳиш ҳамин аст, ки фикрҳоятонро ба шакли тезис нависед, сипас муайян кардан лозим аст, ки барои баррасӣ кай ҷамъ шавем.

 

Усмонов Иброҳим:

Ман пешниҳод дорам, ки Шарифзода Қироншоҳ - раиси Шӯрои ВАО, раиси Комиссияи мазкур интихоб шавад ва то 15 феврали соли 2014, аъзои комиссия тағйиру иловаҳои худро ба Шӯрои ВАО пешниҳод кунанд.

 

Шарифзода Қироншоҳ:

- Пешниҳод ба муҳокима гузошта мешавад.

Муқобил – нест

Бетараф – 1 нафар

Қарор қабул шуд.

 

Шарифзода Қироншоҳ:

- Масъалаи дигар - интихоби ҳайати нави Шӯро аст. Мувофиқи санадҳои меъёрии Шӯрои ВАО  ҳар сол се нафар аъзои Шӯро аз аъзогӣ мераванд ва се нафари нав интихоб мешаванд. Имсол мӯҳлати фаъолияти се нафар аъзои Шӯро ба охир мерасад:

  1. Сӯҳробшоҳи Фаррухшо
  2. Қурбони Аламшоҳ
  3. Рустами Ҷонӣ

 

Мувофиқи ҳуҷҷатҳо ғайр аз Қурбони Аламшоҳ, ду нафари дигар метавонанд номзадиашонро барои мӯҳлати дуюми интихоб шудан ба аъзои Шӯро гузоранд. Ҳозирини мӯхтарам, ҳоло мо бояд се нафари навро интихоб кунем ва хоҳиш мекунам, ки номзадҳоро пешбарӣ кунед.

 

Пешбарии номзадҳо оғоз шуд.

Шарифзода Қироншоҳ:

- Ин нафарон барои номзадӣ пешниҳод шуданд:

  1. Ҷониев Рустам
  2. Акобирова Шаҳло
  3. Насриддинова Шаҳло
  4. Сатторов Акбаралӣ
  5. Ниёзов Хуршедҷон
  6. Дӯстов Саймиддин
  7. Афзалшоев Шонаврӯз
  8. Қаршибоев Нуриддин
  9. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ

Ш. Акобирова, Ш.Насриддинова, А. Сатторов, Н.Қаршибоев ба сухан баромада номзадиашоро бозпас гирифтанд.

Усмонов Иброҳим:

- Ман ба онҳое, ки номзадиашонроо бозпас гирифтанӣ ҳастанд, муроҷиат карда гуфтанӣ ҳастам, ки оё қарори онҳо дуруст аст? Дар ҳоле, ки  Шӯрои ВАО дар ҳолати бӯҳрон қарор дорад, магар ин кори онҳо дуруст аст, ки ҳар касе кори худро баҳона пеш оварда, худро қафо мекашад?

 

(Се нафар номзадҳо  Акобирова Шаҳло, Сатторов Акбаралӣ ва Қаршибоев Нуриддин номзадии худро аз нав гузоштанд).

 

Шарифзода Қироншоҳ:

- Мо бояд барои ҳисоб кардани овози вакилон Комиссияи ҳисобро таъсис диҳем. Марҳамат, номзадҳоро пешбарӣ кунед.

 

Ба комиссияи ҳисоб се нафар пешниҳод шуданд:

  1. Султони Ҳамад
  2. Гулов Сангин
  3. Аламшоев Қурбон

Ҳоҳиш мекунам барои ин номзадҳо овоз диҳед.

Муқобил – нест

Бетараф – нест

 

Комиссияи ҳисоб дар ҳайати се нафар:

 

  1. Гулов Сангин - раис
  2. Аламшоев Қурбон - котиб
  3. Султони Ҳамад – аъзо

ба кори худ шурӯъ кард.

 

Натиҷаи кори комиссия:

Дар ҷаласа 48 нафар иштирок доштанд. Дар овоздиҳӣ ширкат доштанд: 36 нафар. 12 бюллетен беэътибор дониста шуд.

Натиҷаҳое, ки аз овоздиҳӣ ба даст омад, чунин аст:

 

  1. Ҷониев Рустам - 6
  2. Акобирова Шаҳло - 17
  3. Насриддинова Шаҳло -6
  4. Сатторов Акбаралӣ - 19
  5. Ниёзов Хуршедҷон - 16
  6. Дӯстов Саймиддин - 5
  7. Афзалшоев Шонаврӯз - 9
  8. Қаршибоев Нуриддин - 10
  9. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ - 9

 

Дар натиҷаи овоздиҳӣ се нафар –Сатторов Акбаралӣ, Акобирова Шаҳло ва Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атовулло) аъзои нави Шӯро интихоб гардиданд.

Сипас, аъзои Шуро барои интихоби Раиси нави Шӯро ба толори дигар рафтанд.

Тибқи овоздиҳии аъзои Шӯрои ВАО-и ҶТ Шарифзода Қироншоҳ аз нав Раиси Шӯро интихоб шуд.

 

Ҷаласаи солона қарор кард:

  1. Ҳисоботи Раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Қироншоҳ ба эътибор гирифта шуда, фаъолияти Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатбахш ҳисобида шавад.
  2. Барои вориди тағйиру иловаҳо  Комиссияи вориди тағйиру иловаҳо  иборат аз ҳафт нафар дар ҳайати зер таъсис дода шавад:

 

  1. Шарифзода Қироншоҳ – раиси Комиссия;
  2. Усмонов Иброҳим – узви Комиссия;
  3. Дӯстов Саймиддин– узви Комиссия;
  4. Сатторов Акбаралӣ– узви Комиссия;
  5. Ализода Ҳуринисо– узви Комиссия;
  6. Акобирова Шаҳло– узви Комиссия;
  7. Боқизода Саидмухтор– узви Комиссия.

 

  1. То 15 феврали соли 2014 аъзои комиссия тағйиру иловаҳои худро ба Шӯрои ВАО пешниҳод кунанд.
  2. Сатторов Акбаралӣ, Акобирова Шаҳло ва Ниёзов Хуршедҷон (Хуршеди Атовулло) тибқи овоздиҳии пӯшидаи вакилони Ҷаласаи солона, аъзои нави Шӯро ҳисобида шаванд.
  3. Шарифзода Қироншоҳ бо овоздиҳии кушодаи ҳамаи аъзои Шӯрои ВАО Раиси нави Шӯро ҳисобида шавад. (Қарори алоҳидаи №1 замима мегардад)

 

 

 

Раиси ҷаласа:                                                         Шарифзода Қироншоҳ

Котиб:                                                                  Қурбонова Майсара.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер