Мактаби журналистикаи телевизионии Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои иштирок дар мактаби журналистикаи телевизионӣ озмуни тележурналистонро эълон кард.

Тавре ташкилоти мазкур иттилоъ дод, мактаби журналистикаи телевизионӣ яке аз бахшхои лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» буда, ба ҳалли масъалаи норасоии кадрҳо дар соҳаи ВАО-и ватанӣ равона гардидааст.

«Дар озмун метавонанд журналистони телевизионҳои мустақилу давлатӣ ва ҷавонони ба журналистикаи телевизионӣ ҳавасманд иштирок кунанд. «Таҳсил дар мактаб ҳаштмоҳа буда, аз ду давраи омӯзишии комил ва давраҳои омӯзишии фосилавӣ иборат аст. Як қисми машғулиятҳои назариявӣ ва ҳама машғулиятҳои амалӣ бо иштироки гурӯҳи наворбардорон ба тарзи муштарак мегузаранд. Барномаи мактаб нозукихои кор дар телевизион, ташкили кор ва истењсоли ахбор, банақшагирии ҷараёни наворбардорӣ, сохтани гузоришҳои иттилоотӣ, махсус ва ғ., санъати сухан, сохтан ва истифодабарии бойгонӣ, асосҳои одоби касбӣ ва дигар самтҳои муҳими соҳаи телевизионро дар бар мегирад», - иттилоъ дод манбаъ.

Зикр мегардад, ки дар доираи лоиҳа озмун барои маводи беҳтарини журналистони телевизионӣ низ гузаронида мешавад. Ғолибони озмунро сафари омӯзишӣ ба яке аз ширкатҳои телевизионии хориҷӣ интизор аст. Дар озмун хоҳишмандони аз 20 то 35 сола метаовнанд ширкат варзанд.

Суман Шаҳзода, Asia-Plus

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер