Роҳбарияти телевизиони “Сафина” Талабшоҳ Муқимов ва Таҳмина Раҷабова, ки барномаи солинавии ин шабака зери унвони “Пайки Сафед”-ро барандагӣ кардаанд, барои хандаҳои бемавқеъ ва зиёд танбеҳ додааст.

Карим Азизов, муовини аввали раиси телевизиони “Сафина”, имрӯз, 16-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ахиран аз тамошобинон шикоятҳо дар мавриди хандаҳои бемавқеи ин ду барандаи шинохта зиёд шудаанд: “Мо инро эътироф мекунем, ки дар барномаи “Пайки Сафед” камбудиҳо буд ва мо кӯшиш мекунем, ки онҳоро такрор накунем.” Азизов афзуд, ки аз Талабшоҳ Муқимов ва Таҳмина Раҷабова хостем, хандаҳои бемавқеашонро камтар кунанд. Муовини раиси “Сафина” афзуд, ки дар умум журналистҳои танбеҳгирифта муваффақ мебошанд ва ин барномаи шӯхиомез буд.

ozodagon.com

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер